среда, 24 февраля 2016 г.

Саҳар

Саҳар аз чашми ту оғоз дорад,
Уфуқҳо аз шукӯҳат ноз дорад.
Нишонандам чу оташ дар дили санг,
Хаёлат дар дилам парвоз дорад.
Машав ҳайрон зи оҳи пайҳами ман,
Қазо сад тири беовоз дорад.
Дило, ғофил марав аз тарфи ин боғ,
Ҳамон себе, ки хурдӣ, ғоз дорад.
Кӣ дар гесуи ту ранги ҳано дид?
Ки аз хуни дилам пардоз дорад.
Ҳанӯзаш модари гетӣ назода,
Касе к-ӯ аз ту моро боз дорад

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!