понедельник, 14 апреля 2014 г.

ҒАЛАТ НАНАВИСЕМ


АЗБАСКИ, БАСКИ, АЗ БАС
– ЧУН, БА САБАБИ ОН КИ, АЗ БОИСИ ОН КИ
Ибораи «аз баски», «аз бас» ва калимаи «баски» дар забони имрӯзи мо маъмултарин таъбири баёнкунандаи вобастагии сабабии ҷузъҳои як ҷумла ва ба истилоҳ пайвандаки тобеъкунандаи ҷумлаи пайрави сабаб мебошад. Дар ҷумлаҳое аз қабили: «Аз бас ки ман ин китобро нахондаам, аз мазмунаш огоҳ нестам» ба кор бурда мешавад. Муродифҳои дигари мазкурро низ дар ҳамин ҷумла метавонем дар назар бигирем. Он чи мавриди суол ва баҳс аст, ин аст, ки ин таъбирҳо сабабияти (иллияти) одиро ифода намекунанд, то корбурдашон дар чунин ҷумлаҳо саҳеҳ шумурда шавад, балки дар зимни худ маънои «бисёр»-ро доранд ва маънои аслии калимаи «бас» (басе, басо) низ ҳамон «бисёр» мебошад ва маънии машҳури дигараш «кофӣ» бо он рабт дорад:
Бас габр, ки аз карам мусулмон кардӣ,
Як габри дигар кунӣ мусулмон, чи шавад?
(Абӯсаъиди Абулхайр)
Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махӯр, зинҳор,
Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
(Устод Рӯдакӣ)
Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод,
Чашми худ барбасту чашми мо кушод.
(Иқбол)
Дар байтҳои боло ин калима танҳо ба маънои «бисёр» ва бидуни тобиши сабаб оварда шудаст. Аммо дар он мавридҳое, низ ки бо сабаб ҳамроҳ аст, албатта маънои аслии худ «бисёр»-ро дар зимн ҳифз менамояд ва он сабаби мазкур ҳатман хислати бисёр (батакрор) буданро дорад:
Баски мо – озодагонро аз тааллуқ ваҳшат аст,
Акси мо чун об донад қаъри чоҳ ойинаро.
(Бедил)
Яъне ваҳшати мо аз тааллуқ (вобастагӣ) хеле зиёд аст ва ҳамин зиёдии ваҳшат сабаб шуда, ки акси мо монанди об барои худ ойинаро қаъри чоҳ медонад.
Дар ин байт пайванди маънои бисёрӣ, пурӣ бо сабаб зоҳири равшантаре дорад.
Баски метарсонад аз занҷиру пандам медиҳад,
Оқили бисёргӯ девона мегардонадам.
(Хоҷу)
Азбаски:
Аз бас ки сарҳо хок шуд, дилҳо ҳам андар кӯйи ӯ,
Набвад аҷаб, гар аз замин дил рӯяду ё сар дамад.
(Амир Хусрав)
Бинобар ин, дар ҷумлаҳое аз қабили «Азбаски имсол барфи бисёр (зиёд) борид, дар роҳҳо хатари тарма ба вуҷуд омадааст», маънои «бисёр» ду бор ва дар сурати «бисёр зиёд» се бор такрор мешавад. Ё дар ҷумлаҳое мисли: «Азбаски автобус каме дертар омад, мо таъхир кардем» пайвандак бо мазмуни ҷумла (каме) муносибати мутазод пайдо мекунад. Дар ҳоле, ки маънои аслӣ ва комили «азбаски» то ҷое аз ёдҳо рафтааст, ва дар чунин ҷумлаҳо табиист нависанда ва хонанда танҳо бо «азбаски» иктифо карда наметавонанд, беҳтар аст шаклҳои дигари ҳамин пайвандак «чун» (ки мӯҷазу асилу зебост ва бояд дар навишти имрӯзӣ бештар ба кор бурда шавад), «ба он сабаб ки» (на «аз он сабаб ки»), «аз боиси он ки», «зеро» (бо дар аввал овардани сарҷумла) ва ғайра ба кор бурда шавад. Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба таркибҳои гуногуни ин пайвандак ва зарурати равшан будани маънои калимаи «бас», беҳтар аст он ба сурати ҷузъҳои ҷудо, вале бидуни вергул «аз бас ки» навишта шавад. Зимнан, шояд заминаи пайдоиши ин ғалати омро шабоҳати ин пайвандак бо «аз боиси он ки» муҳайё карда бошад, ки иллияти (сабаби) одӣ ва бидуни муболиғаро ҳамроҳ дорад.

2 комментария:

  1. ҲАМӮ – ҲАМ Ӯ
    Равшан аст, ки ин калима аз ду ҷузъ – ҳиссаи таъкидии «ҳам» ва замири (ҷонишини) «ӯ» иборат аст. Дақиқан мисли «ҳамон» ва «ҳамин», ки аз «ҳам» ва «он», «ҳам» ва «ин» иборат мебошанд. Аммо баракси «ҳамон» дар навиштори имрӯзӣ ҳамеша ба сурати ҷузъҳои ҷудо (ҳам ӯ) навишта мешавад ва танҳо дар мавридҳои хос, ки ҷанбаи таъкидии «ҳам» зиёд ва махсус аст, ба кор бурда мешавад. Масалан, «Ҳам шумо ва ҳам ӯ ин китобро хондаед». Дар матнҳои классикӣ, хусусан назм, ин таркиб мисли «ҳамон» зиёд ба назар мерасад ва ғолибан яклухт (яклахт) (همو)навишта мешавад:
    Ҳамӯ тоҷу тахту баландӣ диҳад,
    Ҳамӯ тирагиву нажандӣ диҳад.
    (Фирдавсӣ)
    Якҷо навиштани «ҳамӯ» дар мутуни қадим таъкиди хоссе бар талаффузи пайҳами ҷузъҳои он мебошад, зеро маъмулан дар матни классикӣ ба ғайр аз мавридҳои маҳдуд ҳолати баракс роиҷ аст, ки ҷузъҳои калима баъзан ҷудо навишта, вале якҷо хонда мешаванд. Масалан «табиӣ аст» навишта ва «табиист» хонда мешавад.
    Ин аз қабили мавридҳоест, ки дар забони зиндаи мардум таркиби классикӣ бар сурати аслӣ боқӣ монда, ба таври густурда ба кор меравад. Яъне дар муоширати мардум ҳар қадар, ки «ҳамон» ва «ҳамин» корбурд дошта бошанд, мушобеҳи онҳо – «ҳамӯ» ба ҳамон мизон пуристифода аст.
    Имрӯз беҳтар аст, ки аз як сӯ ин калимаи куҳан (ҳамӯ) дар навиштор мавриди корбурди бештар қарор бигирад ва аз сӯи дигар дар таҳияи матнҳои классикӣ сурати навиштории он, ки бо асли овоияш мутаносиб аст, риоят шавад. Дар акси ҳол, агарчи арӯз имкони васли калимаҳоро дар қироат медиҳад, навишти ҷудои ҷузъҳои ин калима метавонад, боиси сактаи қироат гардад. Масалан, ду байти зерини ҳаким Фирдавсӣ бояд ба ин сурат навишта ва хонда шавад:
    Чунин буд то гоҳи Нӯшинравон
    Ҳамӯ буд шоҳу ҳамӯ паҳлавон.
    Ҳамӯ буд ҷангиву мӯбад ҳамӯ,
    Сипаҳбад ҳамӯ буду бихрад ҳамӯ.
    Дар чунин шакли навишт ҷанбаи таъкид низ он қадар, ки дар «ҳамон» ҷой дорад маҳфуз боқӣ мемонад. Барои итминони бештар ҳосил кардан, метавон дар ин пораи назм ба ҷойи «ҳамӯ» калимаи «ҳамон»-ро озмоиш кард, вале тобиши маъноии дигар мегирад.

    РАНГРАЗ - РАНГРЕЗ
    Шарҳи калимаи «ранграз» дар фарҳангҳо чунин омадааст: «Саббоғ – касе, ки кораш ранг кардани порча ва ғайри он аст ва мураккаб аст аз лафзи «ранг» ва «раз» аз масдари «разидан», яъне ранг кардан».
    Ин калимаи мӯҷазу зебои куҳан, ки дар забони имрӯзи мо муродифи маълуму машҳуре надорад, хусусан дар саноат қобили истифода мебошад ва эҳёи он кори шоистаест.
    Масъала ин аст, ки ин калимаро дар навиштори имрӯзӣ ба сурати «рангрез» ба кор мебаранд, ки албатта саҳеҳ нест ва ба хусус замоне, ки матн манзум бошад, бо хароб шудани вазн ин иштибоҳ барҷаста мегардад. Аз ҷумла дар мусаммати машҳури хазонияи Манучеҳрии Домғонӣ байти зайл дар аксари китобҳо, (китобҳои дарсӣ низ) бо ҳамин иштибоҳ омадааст:
    Он барги разон аст, ки бар шохи разон аст,
    Гӯӣ ба масал пираҳани рангрезон аст
    ва сактаи вазн ин иштибоҳро маълум месозад.
    Дар ҳар яке аз байтҳои зерин низ танҳо вожаи «ранграз» метавонад муносиби вазн бошад:
    Андар дили ман рангрази саббоғ аст,
    К-андар пари ҳар зоғ аз ӯ сад доғ аст.
    (Мавлавӣ)
    Аз сониъони растаи бозори ҳусни ту
    Як ранграз маҳ асту яке заргар офтоб.
    (Сайфи Фарғонӣ)
    Ранграз шав, то ки дар хум ҳаст ранг,
    Барқ шав, фурсат намедонад даранг.
    (Парвини Эътисомӣ)
    Зоҳиран, баъзеҳо «ранграз»-ро мухаффафи «рангрез» тасаввур кардаанд ва ба ин шакл дар навиштор истифода намудаанд, аммо тавре ки пештар дида шуд, ин калимаҳо «раз» (разидан) ва «рез» (рехтан) ҳамреша нестанд. Рехтан ба маънои «ранг кардан» мисли «ранг додан» ва «ранг задан» намечаспад, зеро ба чунон амали дақиқу бозарофате, ки рангразист, муносиб намеояд.
    Калимаҳои мухаффаф дар шеър кам нестанд ва агар берун аз қолаби назм ё ба сурати дархури вазн шакли аслии онҳо оварда шавад, равост. Аз ҷумлаи чунон калимаҳо яке калимаи зерин мебошад:

    ОтветитьУдалить
  2. ТАРКАШ – ТИРКАШ
    Тавре ки дар фарҳангҳо омадааст таркаш ҷаъба ё кисаҳоест, ки дар он тирҳои камонро ҷой медоданд ва ба паҳлу меовехтанд. Тиркаш, тирдон. Яъне ин маврид бо «ранграз» фарқ дорад ва агар ҷое, тиркаш ба маънои таркаш навишта шавад, иштибоҳ нахоҳад буд. Аммо дар аксарияти кулли мавридҳо чи дар назм ва чи дар наср ин калима ба сурати «таркаш» ба кор рафтааст. Дар муқобили даҳҳо маврид ва мисоли дигар (ки таркаш аст), танҳо як маврид дар шеър ин калима ба сурати «тиркаш» ба назар расид:
    Камон бифканду болин тиркаш кард,
    Дили нохуш ба марги хеш хуш кард.
    (Аттор)
    Дар намунаҳои зер, ки муште аз хирвор мебошанд, дар сурати тиркаш навиштан (баргардон кардан) вазни шеър хароб мешавад:
    Ғамӣ буд, дилаш сози нахчир кард,
    Камар басту таркаш пур аз тир кард.
    (Фирдавсӣ)
    Кинасозӣ аламе нест, ки зоил гардад,
    Рӯзу шаб сина пур аз тир бувад таркашро.
    (Бедил)
    Дар миёни корзори куфру дин
    Таркаши моро хаданги охирин.
    (Иқбол)

    Таркашро шағо, шако ва кеш ҳам гуфтаанд:
    Ҳанӯзам дар камоне метавон ронд,
    Зи кеши миллате уфтода тирам
    (Иқбол)
    Хулоса, ин калима дар аксари мутлақи мавридҳо ба сурати «таркаш» омада, ба шакли «тиркаш» низ саҳеҳ аст. Аммо дар матнҳои манзум бояд таваҷҷуҳ кард, ки вазн хароб нашавад, ҳамчунин таҷниси лафзие бо калимаи «таркаш» (тарки ӯ) манзури шоир набошад.
    Ин калимаи мӯҷазу зебо ва куҳан низ шоиста аст имрӯз дар баробари муродифи нисбатан наваш – «қаторвазна» истифода шавад ва муносиби ҳол дар истилоҳоти низомӣ низ ҷойгузини дигар калимаҳои бегона гардад.

    ДАРС ГИРИФТАН – ТАДРИС ГИРИФТАН
    Дарс гирифтан, дарс додан, дарс гуфтан, дарс омӯхтан ибораҳои саҳеҳ ва маълум мебошанд, ки аз дер боз дар навиштор ва гуфтори мо роиҷанд:
    Абрӯи мавҷ дарси ишорат аз ӯ гирифт,
    Чашми ҳубоб дар гарави интизор аз ӯст.
    (Соиб)
    Аммо «тадрис» гарчи дар матнҳои куҳан зиёд истифода шуда, дар навиштори имрӯзӣ нисбатан дертар роиҷ гардидааст. Бино бар ин баъзан дар истифодаи он иштибоҳ роҳ меёбад. Масалан, дар ҷумлаҳое чун: «Ӯ чандин сол дар ин мактаб тадрис гирифт».
    Асли маънои «тадрис» дарс додан мебошад ва «тадрис кардан» маъмул ва саҳеҳ аст, аммо «тадрис гирифтан» дар дохили худ таноқуз (зиддият) дорад. Ин ибора дар матни адабиёти классикӣ ҳамеша бо феъли ёвари «кард» омадааст:
    Дар мадрасе, ки Идрис як умр кард тадрис,
    Шогирд шав, ки худро устод карда бошӣ.
    (Ҳоҷиби Шерозӣ)
    Ҳамчунин бидуни феъли феъли ёвар истифодаи ин масдар ҷоиз дониста шудааст. Масалан: «Ӯ ба тадрису таълим машғул буд».

    «Адабиёт ва санъат» 10 апрели 2014

    ОтветитьУдалить

Нигоҳи шумо!