воскресенье, 14 июня 2015 г.

БА МУНОСИБАТИ ҲАМОИШИ ОБ ЛОЗУРКӮҲ

Имрӯз башар воқеан дар рӯёрӯйӣ бо ду хатари азим қарор дорад, ки яке табиъист ва дигаре маънавӣ. Табиъӣ он аст, ки бо номи «гармои ҷаҳонӣ» аз чандин сол қабл шинохта шудааст ва атрофи он ҳангомаҳо барпост, вале зоҳиран наметавон аз он пешгирӣ кард. Маънавӣ он аст, ки башар дар сабқати пешдастӣ бар якдигар даст ба исрофоте моддию маънавӣ мезанад, ки ин равандро суръат мебахшад ва ҳеч ҳозир нест, аз ин сабқатҳои ҷунуномез даст бикашад. Дар ин миён «лозур» (пиряхҳо) рамзи захираҳои оби ҳаёти сайёра ҳастанд, ки бо исроф ба нобудӣ кашонда мешаванд. Дар айни ҳол шабеҳи лозурҳои дерсол бар қуллаҳои омонбӯси кӯҳистон ҳамчунон захираҳои маънавӣ ва арзишҳои суннатии башарӣ ва миллӣ ҳастанд, ки бо муҳофизакорӣ дар лифофаи урфу одатҳо ва анъанаҳои неки суннатии мардумӣ нигоҳ дошта шудаанд, вале дар ин сабқатҳои бартариҷӯйӣ онҳо низ гудохта ва аз миён бурда мешаванд. Табиъат ва одамийят ҳарду дар як хатти бӯҳрон қарор гирифтааст. Нобудии яке нобудии дигар ва наҷоти яке наҷоти дигарест.

Истода ту дар муқобили тӯфон
Як деҳаи муштипар дар оғӯшат.
Эй Пири муроди банда, Лозуркӯҳ,
Ҳошо, ки даме кунам фаромӯшат.
Селоб ба рӯи синаат канда
Аз қарн ба қарн дарраҳои жарф.
Гаҳ ҷомаи сабзи хусравон дорӣ,
Гаҳ хирқаи сӯфи сӯфиён аз барф.
Саҷҷодаи туст осмони шаб,
Тасбеҳи ситораҳо дар ангуштат.
Дарёи шароби нур мерезад
Дар косаи сангҳо зи чархуштат.
Гулбонги азони бомдодонро
Ту ҳарф ба ҳарф мекунӣ такрор.
Ҳар ҷо ки будам тамоми умри худ
Ман мешудам аз ҳамин садо бедор.
Ду даст кушодаву уфуқҳоро
Ҳамчун хати марз кардаӣ таъйин.
Ҳамчун хати ҳушдор бар девор,
Ҳамчун хати марзи суннату ойин.
Мисли хати сарнавишти бетаҳрир 
Ин хат ба нигоҳи ман муҷассам буд.
Тӯмори муқаддаси балогардон,
Чун хатти васийяте зи Одам буд.
Бигзор ки ҳар хате шавад ботил,
Зинҳор, на ин нишонаи тақдир.
Бигзор ки дар ғуруби хунинаш
Бар гардани ман биёяд ин шамшер.
Истода агар наӣ сари ин марз
Дар селрави замонаи бекеш,
Арвоҳи гузаштагон ба шоми ид
Пайдо накунанд хонаҳои хеш.
Умре ба шаҳомати ту менозам,
Эй мазҳари рӯҳи бешикасти ман. 
Аз шохаи килки ту қалам кардам,
Ангушти Масеҳ шуд ба дасти ман.
Занбӯри ту лона дар дилам дорад,
Чун дар ҷигари камолҳои нарм.
Ҳарчанд ки неши садзабон хурдам,
Озори касе наҷустам аз озарм.
Бо санги қаноати ту бишкастам
Сар нозада гардани ҳавасҳоро.
Омӯхтам аз ҳилоли лоли ту
Афсуни раҳоӣ аз қафасҳоро.
Аржанги ман аст ҷумла осорат,
Зелолу чабарғу фарку гулхорат.
Ҳам боғи наботи ман ба домонат,
Ҳам шохи наботи ман ба дасторат…
Як умр ба як қарор истодан
Дар паҳнаи ин ҷаҳони беистод
Дарсест варои ҷумла мактабҳо,
Ғайри ту надонамаш дигар устод.
II
Бо суръати чархи саҳнаи театр
Ҳар лаҳза ҷаҳони мо дигар гардад.
Ҳар қадр ниқоб тоза орояд,
Дар дидаи ман ғарибтар гардад.
Ночор ғарибтар шавам ман ҳам,
Чун ҷумлаи бениҳояту оғоз.
Чун тарма дилам ба доманат кӯчад,
То сар биниҳад ба пои ту, устоз.
Худ аз пайи дил ҳамешитобам боз,
Пайваста ба лаб ҳамин дуъо дорам:
«Эй кош, туро ба ҷои худ ёбам,
Ё Раб, машикан ту хатти паргорам.
Бигзор, ки раҳ чу кошии чинӣ
Ҳамвор бувад, фароху бопаҳно.
Бигзор, ки пул ба пояи пӯлод
Нозанда бувад ба шонаи дарё.
Бигзор ҳазор нақшаи дигар
Дар тарҳи навини роҳҳо бошад,
Аммо ту ба ҷои хештан бошӣ,
Саҳми ту зи тарҳҳо ҷудо бошад…
Эй роҳкушо, туро сано хонам,
Хайре ба ҷаҳон чу раҳкушоӣ нест.
Сад гуна нисор мекунад мардум,
Аммо ба савоби ин худоӣ нест.
Он пинаи дасти ту гули шодист,
Ангушти ту худ калиди ободист,
Чашми ту чароғи роҳи озодист,
Ҳаққо, ки ҳамосаи ту фарҳодист.
Танҳо зи ту илтимоси ман ин аст
Аз ёд мабар шукӯҳи куҳҳоро.
Магзор, ки об аз осиё афтад,
Аз решаи ҷон ҷудо шавад дарё.
Лозуркӯҳ!
Бурҷи порсои ман
Албурзи шукӯҳи хештандорӣ.
Дар раг-раги рӯдҳост хуни ту
Дар пайкари дашту боғҳо ҷорӣ.
Ойини ту карда ойинабандат,
Он кист, ки бишканад туро ойин?
Он кист, ки аз ҷунун гиребонат
Хоҳад бидарад ба панҷаи хунин?
Ҳайфо, ҷигари ту об мегардад,
Дар оташи ҳирсу ози оламхор.
Сӯи ту ҳамехазад зи ҳар кӯе
Оташнафас аждаҳои истеъмор.
Ҳар дуд, ки аз манораҳои оз,
Мепечад сӯйи гунбади гардун,
Чун ҳалқа ба гардани ту меафтад,
Гӯё ки ту вомдорӣ аз ҳар дун».
III
Ин гуна дилам ба чангали ошӯб,
Ногоҳ зи дур мешавад пайдо
Он қуллаи меҳри ҷовидони ман
Он пайкари пуршаҳомати воло.
Як пораи абри шӯх кӯдаквор
Бо бозии хеш карда машғулаш,
В-он хоҳари меҳрубони ӯ – Маҳрӯд 
Мешӯяд пойҳои шахшӯлаш.
Ӯ низ маро зи дур мебинад,
Месурфаду рост мекунад қомат:
«Обоо, 
ку биё,
чи дер меоӣ,
На хатти ту мерасад, на пайғомат».
Эй Пир, дуруд, ҷовидон бошӣ,
Бе ёди ту як нафас намегирам.
Сад шукр, ки боз дидамат барҷой,
Бе ту камтар зи нақши тасвирам.
Бурҳони вуҷуди ман вуҷуди туст,
Бе устуни қомати ту вожунам.
Ҳар кабки канори туст ҳамхонам,
Ҳар лолаи сурхи туст ҳамхунам.
То ҳаст паноҳи ту Ҳумохуна,
То боли ҳумой бар сарам бошад.
Бе афсару тахту ганҷ султонам,
Ин бол чу дасти модарам бошад.
Медонам як-як арчаҳоятро,
Ҳар бор шуморашон ҳамегирам.
Ҳар кас, ки камон кашад ба нахчират,
Гӯё, ки ба дил нишонад ӯ тирам.
Бигдохта оташи дилат лозур,
Ҷорист зи чашмат оби ойина. 
Ҳар кас, ки бидид рӯи худ дар он
Дар ӯ нагирифт сеҳри бадкина.
Як тахтаи лозури ту фарзандон
Дар оташи назъ рӯйи дил монанд.
Аз ҷӯйи яхат насибаи охир
Дар мазраъи оташини худ ронанд.
Дарсе, ки гирифтам аз дабистонат
Фармоядам аз ҳазор як кардан:
Қулзум ба даруни сина парвардан,
Як чашмаи сода бар лаб овардан.
Як чашмаи содае, к-аз он хуршед
Бо найлаби нур об менӯшад.
Худ оинаи камоли берангист,
Сад ранг гул аз канори он ҷӯшад.
Бар «қуллаи оҷ»-и шеъри номавзун
Аз лолаи сурхи ту ливо дорам.
Пеши ту ки ҳамчу тифли нодонам,
Аз мӯи сафеди худ ҳаё дорам.
IV
Ҳоло, 
хуш бош, Достони ман,
Умри ту фузун зи Достон бодо.
То қуллаи ту нишеми Симурғ аст,
Ин фарру шукӯҳ ҷовидон бодо.
Он гуна, ки по ба доманат мондам,
Як рӯз ба домани ту сар монам.
Сад шукри вуҷуди ту, ки то ҳастӣ,
Бо лаъли дили ту ҳамгуҳар монам…
В-онгоҳ ки осмон чу ойина
Бар фарқи сари ту пора мегардад,
Он гоҳ ки мармари сапеди ту
Хокистари як шарора мегардад,
Он гаҳ ки забони оташафшонҳо
Сар мекашад аз замири ту берун,
Он гоҳ ки ошкор мегардад - 
Дар синаи туст як дили пурхун,
Он гоҳ ки куҳ чу «иҳни манфуш» аст,
Ман хилвати тоати ту меҷӯям,
Аз домани сабзи ту ҳамехезам,
Тавфиқи шафоати ту меҷӯям…
V
То мерасад он замонаи мавъуд,
Он қисмати бехатои лутфу қаҳр,
Мебояд табли огаҳиро кӯфт,
Мебояд хост доди ту аз даҳр.
Эй зодаи чор гавҳар – эй Инсон!
Аз гавҳари оташ ин фузунхоҳӣ
Берун бикашад турову гардонад
Дар тобаи тобдода чун моҳӣ.
Бодо, ки чаҳор рукни бунёдат
Аз адл шавад чу нури биноӣ.
Магзор каҳе зи кӯҳи ту коҳад,
То бо ту бувад тавони дарёӣ.
Дастони ситорарези дарёҳо
Сад чархаи нурро бигардонад
Он қадр, 
ки деви зулмати инкор
Дар пойи шаҳомати ту сар монад.
Июл- сентябри 2009
Тавзеҳот
1.Лозуркӯҳ кӯҳест дараҳояш анбошта аз лозур (пирях) дар мунтаҳои шарқи Тоҷикистон.
2.Дар домани Лозуркӯҳ дараест бо номи дараи килкҳо (найқалам).
3.Кабки ҳилол, ки хушхон нест.
4.Боғи набот – боғи ботаникӣ.
5.Манзур бухорҳои саноъатии ҷаҳонӣ.
6.Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман. – Бедил.
7.Номи дарае дар пои Лозуркўҳ, ки ошёни мурғони ҳумо аст.
8.Ишора ба ояти 5 сураи муборакаи «Такосур» (Ва кўҳҳо аз ҳайбати он ҳамчун пашми паҳида пароканда гарданд.)

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!