четверг, 13 июня 2013 г.

ГУЛИ ХУРШЕДЁ




Эҳдо ба Шоири миллии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ





Дамида аз ҷигари кӯҳсор Гулрухсор,

Шукуфта аз шафақи интизор Гулрухсор.



Нишоти боз шуданҳои боли ғунчаи гул,

Садои раъди гулӯи баҳор Гулрухсор.



Баёзи ҳасраташ аз хуни лолаҳо рангин,

Сапед оҳӯе дар лолазор Гулрухсор.



Ба рӯйи минбари санге гули ҳамешабаҳор,

Ба санг дода шукӯҳу виқор Гулрухсор.



Ситора резад, агар гесӯйи шаб афшонад,

Чу осмони ситоранисор Гулрухсор.



Зи рӯйи ӯ битавон дид сӯйи меҳвари меҳр,

Намунаи гули хуршедёр Гулрухсор.



Рабуда ҷон зи гаравгоҳи нобакор замон,

Супурда ҳастии худро ба кор Гулрухсор.



Нишаста бар лаби дарёи дардҳои Ватан,

Кашида домани худро зи хор Гулрухсор.



Ба рағми деви кудурат фишонад аз дили хеш

Қасидаҳои адолатмадор Гулрухсор.



Аҷаб надорам агар сабзу гулфишон созад

Дарахти дӯстӣ аз чӯби дор Гулрухсор.



Варо бидидаму гуфтам ки

ӯйи райҳон ку?

Биё, ҳавои Ватанро биёр Гулрухсор.



Ба лутф гуфт:

- Надонам радифи шеъри ту кист.

- Туӣ, ягона ба сад эътибор Гулрухсор!



Соли 2003

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!