четверг, 13 июня 2013 г.

Барои устод Мирзо Турсунзода






ДОВАРИ ШАРҚ
Барои устод Мирзо Турсунзода

Шод бодо равони марди бузург,
Ки дар ӯ даргирифт дарди бузург.
Кард парвоз сӯи Шарқи ғулом,
То диҳад даври офтоб давом.
То ба ҳинду намуда ҳиндуро,
Вонамояд ба ӯ худи ӯро.
То зи ҳоли вай иқтибос кунад,
Ҳоли моро аз ӯ қиёс кунад.
Гар набудаш ба дил ғами меҳан,
Шеъри шевош кай шудӣ шеван?
Ҳинд меҷусту хештан меёфт,
Дардҳои дили ватан меёфт.
Он ки бар дигарон ҳамегиряд
Баҳри худ дар ниҳон ҳамегиряд.
Он ки озодии ҷаҳон хоҳад хоҳад
На ки аз худ дар ин миён хоҳад?
Он ки бар Зиндарӯду Нилу ба Ганг
Ҳамчу бар об гуфт хоби Фаранг.
Дӯстонро зи душманон бишнохт,
Дӯст бинвохту душманон бигдохт.
Рафт берун зи чордевораш,
То биҷӯяд зи даҳр осораш.
Вусъати хоки худ таманно кард,
Ҳамгинонро ба ҳамгинон овард:
Чист дар худ хазидан ин миқдор,
Ҳалқа дар худ задан ба суннати мор?
То кай аз теғи зӯрҳо нимӣ?
На як иқлим, ки сад иқлимӣ?
 Гангу Варзобу Зиндарӯд астӣ,
«Ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ»,
Чоки захми қурун баҳам овар,
То
ҳамоварди мард бошӣ чу мард.
Он ки з-ӯ Осиё сухангӯ шуд,
Хоки афсурдааш тагорӯ шуд.
Наъра шуд нолаҳову савти ҳазин,
Зираҳи дасти банда чини ҷабин.
Он ки шеъраш кунад ба ҷон кора,
Байт-ш бар санги хок-ш ангора.
Чист ин санг, санги ҳиммати мост,
Арзаи сарнавишти миллати мост.

Гарчи дорад сурудаҳои латиф,
Сода ҳамчун равони марди шариф,
Нарм чун пахтаҳои Вахши накӯ,
Гарм чун иқлими Ҳисори ӯ,
Чун Душанбеи тифлпарвари ӯ
Бӯи модар шамӣ зи дафтари ӯ,
Шеъри размандааш дигаргун аст,
Он агар шир бошад, ин хун аст.
Ному номусу ору нанг дар ӯст,
Даъвии Шарқ бар Фаранг дар ӯст.

Шеър бояд, ки шӯр ангезад,
Мурдагонро зи гӯр ангезад,
Ки раҳи бахти халқ бинмояд,
Гираҳи бахти халқ бикшояд…
Сода – носода шеъри ӯ ин аст,
Зиндагонист – тахлу ширин аст.
Гашта аз содагии мо маъдум,
Шеъри ӯ сода нест,
эй мардум!

                                                 Соли 1987

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!