среда, 11 марта 2015 г.

ШОГУНИ НАВРӮЗ


ШОГУНИ НАВРӮЗ
Охирин ҳарфи зимистон,
Охирин барфи зимистонро
Худованд орд кард,
Ҳамчунон шогуни наврӯзӣ
Рехт рӯи суфраи Модар,
Бар қади сабзи санавбар,
Коҷро орост мисли Сарви Кишмар.
Субҳ, пеш аз бомдодон
Рехт рӯи гунбаду гулдастаи масҷид
Ранги якрангӣ,
Ояти тавҳид.
Чун ҳарири захмбанд
Густард пеши дасти Сино.
Ҳамчунон як сафҳаи покизае бо имтидоди бениҳоят
Рӯи мизи Рӯдакӣ бинҳод,
Дархури он «сездаҳ раҳ сад ҳазор»
Байти ғарро, шеъри нотакрор.
Ҷомаи сардӯшии устод Айниро табаррук кард,
Рехт рӯи шонаҳои Пири Фирдавсӣ,
Он нигаҳбони шукӯҳи Ҷам,
Шаҳпари Симурғро афшонд
Бар чакоди Ковиён парчам.
Охирин барф
Рехт рӯи ёли он шерони бедоре, ки пеши пои Исмоил
Ёд доранд он нидои ошноро,
Сӯи Ҷӯи Мӯлиён,
Сӯи сайронгоҳи наврӯзӣ,
То Гули Сурхи Бухоро…
Осмон барҷост!
Ин сапедӣ шоҳиди гӯёст.
Шарфаи ин барф
Ҳарф, ҳарфи Ҳуст,
Поку беоҳуст.
Хокро магзор танҳо як нафас, як лаҳза, ё Ҳодӣ,
Хокро аз хок бардор,
Чеҳраи тифлонаашро пок соз,
Ашки хунолудаашро покшӯӣ кун ба оби раҳмати хеш,
Рӯдҳоро ҳам таҳорат деҳ,
Роҳҳоро рост кун, испед гардон,
Роҳ ҳаройина сӯи Туст.
Охирин ҳарфи зимистон,
Охирин барфи зимистон,
Аввалин шогуни Наврӯз,
Ҳуҷҷати Яздон.
9 марти 2013

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!