понедельник, 12 января 2015 г.

ТАНҲО ДИЛСӮЗӢ ВА ИҚДОМ ЛОЗИМ АСТ

ТАНҲО ДИЛСӮЗӢ ВА ИҚДОМ ЛОЗИМ АСТ
Шикоят аз камтаваҷҷуҳии мардум ба маънавият ва моддаи аслии он - китоб собиқаи дерин дорад, баробари собиқаи худи китоб ва китобнависӣ. Ҳофиз, ки худ шоҳиди ҳамагир шудани шеъраш буд ва менозид, ки “Ин тифли якшаба раҳи садсола меравад”, ҷояш меояду боз мегӯяд: “Маърифат нест дар ин қавм, Худоро, мададе, То барам гавҳари худро ба харидори дигар”. Мо аз китобхониҳои саросари даврони шӯравӣ масал мезанем, аммо агар дар ин масъала ҳам дақиқ биандешем, ба ёд меояд, ки беҳтарин китоби он даврони мо “Фарҳанги забони тоҷикӣ” - ро нусхае 2 - сӯмӣ қимат гузошта буданд, то ба дасти ҳама бирасад ва бо ҳамон ҳол ҳам то дергоҳе дар рафҳои китобфурӯшиҳо буд. Пештар аз онро ба ёд биёрем, гилаҳои талхи устод Айнӣ дар оғози қарн ба гӯш мерасад, ки ягона номгӯи матбуоти тоҷик дар Бухорову Самарқанд муштарӣ надорад ва хатари қатъи нашри ин матбуот дар пеш аст, дар ҳоле ки чандин номгӯй аз матбуоти узбакзабон беш аз ҳадди ниёзашон муштарӣ дорад.
Аммо ин суханон ба хотири тасалло аз вазъи имрӯз нест. Ба хотири таъкид бар ин воқеият аст, ки маънавияту фарҳанги ростин дар ҳама давру замон ҳимоят ва тадбир мехоҳад. Хусусан имрӯз, ки фарҳанги омиёна ва камзарф ба садҳо василаҳои нави фаннӣ дунёро пур кардааст, ки ағлаб бар саманди ҳамаҷопаймои ин “фарҳанг” таблиғи фурӯши колоҳои гуногун (ва аксар ҳам аз назари моддӣ ё маънавӣ зарарнок) ва беш аз он таблиғи бефарҳангӣ, пучӣ, ахлоқситезӣ, беҳувиятӣ ва ғайра савор аст. Агар аз мазмунаш ҳам бигзарем, ин сели иттилоотӣ мардумро то гулу сер мекунад ва ҷое барои ҳарфи дигар боқӣ намемонад. Ба ин сел илова мешавад, бофтаҳои нотофтае ба номи “китоб”, ки ба воситаи даҳҳо нашрияҳову чопхонаҳо ҳамарӯза ба табъ мерасанду интишор меёбанд, ки муаллифи хеле аз ин навъ китобҳо шояд худашон дар умрашон 10 - 12 китоб нахондаанд:
Ҳама донишиянд, донанда нест,
Ҳама менависанд, хонанда нест.
Албатта, танҳо бо зикри ин аҳвол вазъ ислоҳ намешавад. Ислоҳи вазъ тадбир мехоҳад ва намунаҳое аз ин навъ фаъолиятҳо нишон медиҳад, ки ин корҳо бесамар нестанд. Аз ҷумла чанд навбат “Корвони китоб” тибқи шаҳодати ширкаткунандагонаш натиҷаҳои хуб дошт. Барномаҳои адабии “Радиои Тоҷикистон” ва хусусан радиои “Фарҳанг” ва баъзе барномаҳои телевизионӣ дар ҷазби мардум ба китоби асил ва китобхонӣ таъсири босазое доштаанд. Дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хусусан кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ аз ибтидои таъсиси он дар баробари адабиёти илмӣ феҳристи китобҳои бадеие ба донишҷӯён пешниҳод мегардад, ки хондани онҳо ҳатмист ва донишҷӯён дар ҳузури устодон аз мазмуну муҳтавои ин китобҳо гузориш мекунанд. Ин таҷрибаро дар мактабҳои таҳсилоти миёна ҳам бояд ҷорӣ кард, ки натиҷаи беҳтар хоҳад дошт. Аз ҷумла мутолиаи маҷаллаи “Садои Шарқ”, ки муҳимтарин ва бособиқатарин маҷаллаи адабии кишвар аст, чун пештар метавонад дар ин феҳрист ҷой дошта бошад.
Баъзан нуфузи интернет ва барномаҳои ҳушрабои телевизиониро яке аз омилҳои асосии аз китобхонӣ бозмондани ҷавонон мешуморанд. Аммо ин айни ҳамон мавридест, ки метавон нуқтаи заъфро ба нуқтаи қувват табдил кард. Имрӯз ба забонҳои муҳими дунё, аз ҷумла ба забони форсӣ (ба ҳуруфи форсӣ) ва ба забони русию англисию олмонӣ ва ғайра метавон тақрибан ҳамаи асарҳои камобеш машҳури адабиро аз фазои интернет пайдо карду хонд ва нусхабардорӣ кард. Аммо ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфи роиҷи имрӯзии он мавод ниҳоят кам аст. Ба ҳадди наздик ба сифр. Дар ҳоле ки дар ин фазо фавҷ - фавҷ ҷавонони толиби адабиёт ва маънавияти асили тоҷикӣ ширкат доранд ва ба ҷои чунин мавод ба онҳо иттилооти пуршумори беҳуда ва ағлаб гумроҳкунанда пешкаш мешавад.
Ташкили телевизиони омӯзишӣ (Телевизион – мактаб - донишгоҳ) (на танҳо барнома) бо истифода аз таҷрибаҳои муваффақи Русия, Эрон ва кишварҳои дигари дунё имрӯз барои Тоҷикистон муҳим аст. Чанд барномаи ин телевизиони алоҳидаи омӯзишии давлатиро метавон барои қироат ва шарҳу тафсири китобҳои гуногун ҳамроҳ бо шеваҳои намоишӣ махсус кард. Фавқулода муҳим будани ин иқдом дар Тоҷикистон боз ба ин хотир аст, ки дар бештари мактабҳои кишвар баъзе фанҳои омӯзишӣ муаллим надоранд ё муаллимони ғайримутахассис дарс медиҳанд. Барномаҳои ин телевизион ҳатто метавонанд, тавре танзим шаванд, шогирдони ин мактабҳо дар соати муайян аз мутахассиси варзида дар дарсхонаи махсуси муҷаҳҳаз ба воситаи телевизор дарс бигиранд. Дар маҷмӯъ ин телевизион метавонад ба як Донишгоҳи миллии дигар табдил шавад. Барои иҷрои ин аҳдоф метавон радиои алоҳидае низ ташкил кард.
Ҳатто бояд аз фазои нақлиёти умумии шаҳрӣ ва минтақавӣ ба ин манзур истифода кард. Имрӯз яке аз мушкилоти умдаи маънавии мо ҳукмронии фазои бефарҳангӣ, хушунат ва дағалию беодобӣ, аз ҷумла пахши мусиқиҳо ва наворҳои савтию садоии гӯшхарош дар нақлиёти шаҳрӣ ва хориҷ аз он аст. Дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони тоҷик садҳо километр наворҳои садоиву тасвирии маърифатбахш ҳалқа зада хобидааст. Онҳоро ба сурати диск ва василаҳои электронӣ (флеш диск) оварда, дар байни ронандагони ин нақлиёт бояд паҳн кард ва ба онҳо дастур дода шавад, ки дар масир танҳо аз онҳо истифода шавад. Масалан, чи ғанимати бузургест, агар мусофир (ва худи ронанда низ) то манзили мақсуд ақаллан ду ҳикояти дилнишин ва пандомӯзро аз “Гулистон” - и Саъдӣ бишнавад ё порае аз “Ёддоштҳо” - и устод Айниро ё достоне аз “Шоҳнома”-и безаволро, ки ба шевотарин баён қироат шудаанд, ё ақаллан суруду мусиқии муътадили миллиро гӯш кунад. Он радиое низ ки манзур аст, метавонад як ё чанд барномаи худро махсуси фазои нақлиёт кунад ва дар ин ҷо ҷойи барномаҳои радиоии ҳарзагӯи мавҷудро бигирад. Имрӯз, хушбахтона, мо ҳама чизро дар ихтиёр дорем, танҳо аз он бояд оқилона ва ботадбирона истифода кард. Албатта, роҳу василаҳои ҷазби мардум ба китоб ва фарҳанги асили миллӣ фаровон аст. Танҳо дилсӯзӣ ва иқдом мебояд.
“ҶУМҲУРИЯТ” 09.01.2015

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!