понедельник, 12 января 2015 г.

Искандари Хатлонӣ


САДОИ ШАРҚ – 2014,№10,
Искандари ХАТЛОНӢ
Ба зодрӯзи шоири боистеъдоди тоҷик Искандари Хатлонӣ 60 сол пур шуд. Дареғ, ки паймонаи умри ӯ хеле пештар аз ин пур гардид. Искандар дар фазои назми муосир мисли ахтаре тоза шукуфту зуд ғунуд. Ашъори камшумори вай, ки ба забони нобу  диди тозаи шоирона эҷод шуда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои ҳамзабон ҳаводорони худро пайдо намуд. Рӯҳиёт ва эҳсосоти инсондӯстона ва ватанпарастона зевари аслии ашъори ӯро ташкил медиҳад.
ҲАЗОР ХУРОСОН 
Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст, 
Меҳру ситези Рустами Дастон нуҳуфтааст. 
Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам 
Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфтааст. 
Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст? 
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст. 
Хоки маро ҷазираи хушке гумон мабар, 
Дарёи беканору хурӯшон нуҳуфтааст. 
Холӣ дили маро ту зи тобу тавон мадон, 
Шери жаён миёни найистон нуҳуфтааст.

БОЗИ ДАВЛАТ 
Мезанад пар, 
Меравад болотар аз рӯи замин, 
Бози давлат, 
Бингарад бар зер аз чархи барин, 
То бубинад кист ҳомии замин- 
Ӯ хирадманд аст оё? 
Ӯ ватанхоҳ аст оё? 
Ӯ худованди амонӣ ҳаст ё не?... 
Бози давлат 
Менишинад бар сари шоистаи халқ, 
Бар сари халқи хирадманд, 
Бар сари халқи ватанхоҳ, 
Бар сари халқе, ки халқи дигареро 
Бо худаш донад баробар, 
Бо худаш хонад бародар, 
Бо худаш хонад бародар.

ДУШАНБЕ 
Ту яктоӣ ба мисли халқи тоҷик, 
Ту яктоӣ ба мисли Тоҷикистон. 
Ту яктоӣ: дигар шояд чу ту шаҳре надорем. 
Душанбе-пойтахти шодиву ғамҳои ширинам, 
Душанбе-маркази ҳарфу ҳиҷои ман, садои ман, 
Ту медонӣ, ки ман ҳам бе ту ҳеҷам, 
Ту медонӣ, ки ман ҳам бо туам обод дар олам. 
Ману ту дар ҳама аҳвол, 
Забони якдигарро нағз меёбем, 
Ва ҳоли якдигарро нағз мефаҳмем.
Дар оғӯши ту аз ҳар кӯю ҳар барзан 
Забони модарам ояд ба гӯши ман, 
Ва шукри он, ки номи ту-нахустин рӯзи ҳар як ҳафтаи тоҷик,- 
Пур аз кашфу пур аз заҳмат, 
Пур аз ранҷу пур аз ганҷ аст.

МОДАР 
Маҳтоб дар лаби бом 
Як коса шири гарм аст. 
Овози модари ман 
Чун бӯйи шир нарм аст.

Дар гӯшаҳои чашмаш 
Пайдост чину ожанг, 
Гӯё ки дастаи гул 
Хушкида дар сари санг.

Омӯзгори мактаб, 
Ҷон дар ниҳоди хона, 
Донам, ки месарояд 
Бо сӯзи дил тарона; 
«Хуршеди ховар ояд, 
Як даста кафтар ояд, 
Нури ду чашми модар 
Искандар аз дар ояд...»

Маҳтоб дар лаби бом 
Як коса шири гарм аст. 
Овози модари ман 
Чун бӯйи шир нарм аст.

ВАСИЯТИ ДЕҲҚОНИ ПИР 
Ман бо тамоми ҳастии худ дидам 
Он гунаҳои сӯхта аз хуршед, 
Он дастҳои содаи тобовар, 
Он чашмҳои зиндаи пуруммед...

Вақте ки бо ду чашми хаёлолуд 
Он марди хоксор назар мекард, 
Ҳарфи насими бегаҳиро мемонд, 
К-аз рӯи пахтазор гузар мекард.

Аз гуфтугӯи хастаи оби ҷӯй 
Омад садо, ки гӯш фаро доред! 
-Бо гунаҳои сӯхта аз хуршед, 
Чун абри раҳматам ба сахо боред!

Аз вошавии ғӯза садо омад: 
-Дар ман ғунуда буд азоби ӯ, 
Ҳини шукуфтан асту лабони ман 
Гӯянд пеши халқ ҷавоби ӯ- 
«Ман умри хеш сарфи шумо кардам, 
Эй одамони серу баобу тоб.
Назди шумо ниёзи ман ин бошад,- 
Афзун кунед қадри замину об

Ин водиҳои кишвари тиллоӣ, 
Ин рӯдҳои масту хурӯшонаш 
Монам бароятону маро кофист 
Як мушт хоки поки пурэҳсонаш.

Гар гуфтаҳои ман барабас бошанд, 
Гар ҷои ман тиҳӣ ба қурун монад, 
Ман баъди марг ҳам нашавам ором, 
Дастам зи хоки гӯр бурун монад!»

ФАРРОШ 
Метаровад ширмаҳтоб,
Мебарад аз чашми ман хоб, 
Бар фарози кӯчаҳо, 
Ҳамчу бар дарёи шир, 
Мезанад фаррош ҷорӯбро 
Чу килки Монии пир, 
Тозагиро мекунад тасвир. 
Ӯ зани зебои маҳрӯст, 
Шаҳр имшаб дар канори ӯст.
Бистаре аз партави маҳтоб 
Интизори ӯст, 
Шаҳр ҳар шаб дар канори ӯст...

ҲАВАСҲО 
Кош ҳар шеъраки ман як кафи гандум бошад, 
Пошад онро ба заминҳо деҳқон. 
Майсаҳо сар занад аз тухми сухан, 
Ҳама ҷо сабз шавад дашту даман. 
Кош ҳар шеъраки ман як бағали пахта шавад, 
Резад аз домани гулдухтараки рустоӣ, 
Хирмане пур шавад аз пунбаи шеър. 
Кош ҳар шеъраки ман 
Ламъае нур шавад, партави маҳтоб шавад, 
Ба сари он ки шаби тираву тор 
Ҳама шаб дар сафар аст 
Якка аз пайраҳаи кӯҳистон. 
Кош ҳар шеъраки ман ҷӯй шавад, 
Равад аз боғ ба роғ, 
Равад аз роғ ба боғ. 
Кош ҳар мисраи ман об шавад, 
Кош ҳар мисраи ман партави маҳтоб шавад…

ХУНИ СИЁВУШ 
Маро кушта дасте ки боло набуд, 
Худованди фардои дунё набуд. 
Куҷо хок аз хуни ман сер шуд, 
Кай аз хуни ман сер шамшер шуд?! 
Ҷигарбанди Эрону Тӯрон манам! 
Шаҳиди пурармони майдон манам! 
Набудам паи молу ҷоҳу ҷалол, 
Ки бас буд як пора нони ҳалол. 
Маро дасти кӯтоҳи хунсард кушт, 
Маро ҷаҳли беному номард кушт! 
Сарам аз падар бепадар бод, бод! 
Ки пайванди худро ба душман бидод!... 
...Кай аз хуни ман сер шамшер шуд?! 
Куҷо хок аз хуни ман сер шуд?!...

БАРОЯМ ГИРЯ КУН... 
Бароям гиря кун имшаб, 
Ки танҳо имшабам бе ту. 
Бароям гиря кун умре, 
Ки ҷони бар лабам бе ту... 
Дар ин шабҳои танҳоӣ 
Дарамро бод мекӯбад. 
Уфуқ маҳтобро хӯрдаст... 
Диламро 
Мушти як фарёд мекӯбад. 
Дар ин шабҳои танҳоӣ 
Ман аз танҳоӣ дилгирам, 
Агар пайдо шавӣ ин дам, 
Дар оғӯши ту мемирам... 
Бароям гиря кун имшаб, 
Ки танҳо имшабам бе ту. 
Бароям гиря кун ҳар шаб, 
Ки бе хоби шабам бе ту.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!