среда, 24 февраля 2016 г.

МУҲАММАДҶОН МИРЗОШОЕВ


МУҲАММАДҶОН МИРЗОШОЕВ –
рӯзноманигор ва нависандаи шинохтаи тоҷик рӯзи 15 декабри 2015 даргузашт. Солҳои охир аз бемории тавонфарсо ранҷ мебурд, аммо даст аз таълиф барнамедошт. Ду рӯз қабл мақолаи пурмуҳтавоеро барои чоп овард. Онро ба хушӣ пазируфтем. Рӯзи дигар, ки барфи борономехта меборид бо заҳмат ва оҳиста қадам монда, дар идора ҳозир шуд. Ҳамчунон бо садои паст ҳарф мезад, ба ҳадде ки базӯр суханаш шунида мешуд. Борон китфони ҷомаашро тар карда буд ва дар даст чатри қабзашудае дошт. Вақте пурсидам,ки чаро аз чатр истифода накардааст, бо лабханди хастаҳолона гуфт: “Кори зиёд дорад”. Эҳсос кардам, ки мадору ҳавсалаи чатрро кашидан надорад. Бо ин ҳол барои он омада буд, то хабар диҳад, ки он мақолаи овардаашро як ҳафтаномаи дигар чоп кардааст ва мабодо мо онро чоп бикунем ва эрод бигиранд, ки дар ду ҷо айни як чизро ба чоп додааст. Дар ҳоле, ки он ҳафтанома ташкилотӣ буд ва дар маҳдудаи хоссе нашр мешуд.
Қабл аз навиштани ин матлаб барои пайдо кардани сурате аз марҳум зиёд ҷустуҷӯ кардам. Танҳо як сурати ишонро дар китоби "Адибони Тоҷикистон" пайдо намудам, ки сурати солҳои ҷавонии ӯст. Ҳоло ин суратро бо шарҳи ҳоле, ки дар ин китоб аст, манзур мегардонам. Худованд раҳмат ва мағфираташ кунад.


МУҲАММАДҶОН МИРЗОШОЕВ 21 феврали соли 1948 дар деҳаи Кӯли ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод (собиқ Қалъаи Лаби Об)-и вилояти Ғарм (Рашти ҳозира) ба ҷаҳон омадааст. Дар мактаби ибтидоии зодгоҳаш таҳсил карда, сипас мактаби миёнаи №1 ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Тоҷикободро хатм кардааст. Солҳои 1964-1966 даҳмарда будааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1967-1969, дар Омӯ¬зишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1969-1977 дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба сифати китобдор, ҳамзамон, дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба сифати мусаҳҳеҳ кор кардааст.
Яке аз аввалин офаридаҳои илмӣ-оммавии ӯ очерки «Лутфулло Бузургзода» мебошад, ки қисман дар рӯзномаи «Қаротегини Советӣ» (1970) чоп шудааст. Соли 1970 «Раҳнамои хонанда» ном дастуре таълиф намудааст, ки ба масъалаи эҳтирому истифодаи босамари китоб бахшида шудааст. Чанд очерки ӯ ба тасвири кору пайкор ва рӯзгори муҳоҷирони водии Вахш, ҳифзи табиати зебову гуворои Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Солҳои 1971-1977 донишҷӯи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва узви Шӯрои илмии факултаи номбурда, солҳои 1985-1991 ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», солҳои 1986-1990 узви Шӯрои этика ва ҳуқуқи Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ будааст.
Солҳои 1989-1991 аввал дар Мактаби олии ҳизбӣ, сипас Институти сиёсатшиносии шаҳри Тошканд таҳсил кардааст. Аз соли 1991 то ҳол сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» аст. Як силсила мақолаву очерки ӯ ба тасвири ҳаёт ва фаъолияти олимони тоҷик Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Баҳодур Искандаров, Мансур Бобохонов, Темур Муҳиддинов ва диг. бахшида шудааст, ки дар рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.
Китобҳои ӯ «Баҳодури Бағалак» (1984, ба забони русӣ), «Лолаҳои аз хун дамида» (1987), «Дилпора» (1989), «Аз санг нола хезад» (1992), «Фарзонамард» (1998), «Зинаҳои қуллаҳо» (2001), «Сипаҳсолори кошифони асрори ниҳон» (2004), «Манзар-о-о-о, Манзар!» (2004) ва ғ. аз офаридаҳои ӯстанд.
Намунаҳои эҷодаш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Бархе аз очеркҳои проблемавии В. Распутин (Русия), А. Шугай (Украина), Э. Генри (Олмон)-ро тарҷума ва чоп кардааст.
Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!