среда, 9 марта 2016 г.

КИТОБИ НАВ

Китоби навини шоир Рустами Ваххоб бо номи "САЛОМ" дар худуди 255 сахифа бо тирожи 1000 дар интишороти "Адиб" ба нашр расид. Ашъори шоир бо фаслхои "Манзумахо", "Шеъри нав", "Газалиёт" "Шеъри кутох ва китъахо" манзури махзари завки хонандагон карор гирифт. Дар фасли манзумахо асосан ашъори ватандустона, ашъоре, ки маъниву мадрачащ оини ватандори. чавонмардиву футувват, дар хифзи нангу ном ва марзу буми ватан буданро фаро гирифтааст. Ин мавзуъи мухим, ки иршоди дилхо суи он матлаби мукаддасро шоир рисолати худ карор додааст, агар дар рафтору кирдору пиндори мардум амал бикунад вахдату ободии ватан, маърифати олии милли, огохии сиёсию давлати натичааш хохад буд. Дар ин фасл андешахои хакимона, хушдор додан аз хатархо, андарз ва дарси ватандори омухтани шоир ба чилва меояд. Мазомини мазбут дар ин фасли китоб канори бадеъияти латифи хунари нотакрори шоири , тозагии чашмасорона соф матлаби мухимтарин барои хар шахс канори хам омадааст:
Истода ту дар мукобили туфон,
Як дехаи муштипар дар огушат,

Эй пири муроди банда Лозуркух,
Хошо, ки даме кунам фаромушат.

Селоб ба руи синаат канда,
Аз карн ба карн даррахои жарф.

Гах чомаи сабзи хусравон дори,
Гах хиркаи суфи суфиён аз барф.

То ин дам вожаи "бахор"--ро ё ибораи "бахори ватан"-ро бо таркиби ширину таъсиргузори "чомаи сабзи хусравон" дучор наомада будам. Ё худ зимистони ватанро бо "хиркаи суфи суфиён" ташбех кардан мутаносибу шоирона аст. Идомаи шеър боз хам латифтару бадеъ аст:
Гулбонги азони бомдодонро,
Ту харф ба харф мекуни такрор.

Хар чо ки будам, тамоми умри худ,
Ман мешудам аз хамин садо бедор.

Гулбонги азони бомдодони ватанро дар вакту фазо ва замону макони берун аз ватан хам бо худ доштани шоир ба ин садо бедории хамеша доштани ишки ватан сутудани ва фарзи пайравист.
Ашъори ватандустонаи Рустами Ваххобро ман аз ашъори шоирони дигар , ки дар ин мавзуъ бахшида шудааст бо он тарчех медихам, ки хеле гарму хассос аст ва бо чону дил суруда шудааст. Ашъори ватандустонаро мутаассифона хушку шиори сурудани шуаро беш ба назар мерасад.Ин гуна ашъор бештар назм яъне каломи муназзам аст на шеър. Шеър бо оли будани мазмун ва мучаллову чозиб будани бадеъият аз хамаи шаклхои адаби тарчех дорад. Шеър бидуни бадеъияту мантику фалсафааи андеша, инкилоби ишку эхсос каломи муназзам асту бас, ки хар гуянда ба гуфтанаш кодир аст. Хушбахтона ашъори механпарастонаи Рустами Ваххоб мазмуни созандаро дар канори бадеъияти забарчадиву зарнисор карор додааст, ки хонанда шеърро бо ишку иродат хонда андеша ва дилро бо неруи эхсоси созанда бархурдор мекунад. Дар шеъри "Лозуркух", ки бо ин шеър китоб ифтитох мешавад, тозагии баён, зебоии забон, парвози андеша бадеъяту латофати нозук шеърро сазовори дуст доштани мо кардааст.

Мисли хати сарнавишти бетахрир,
Ин хат ба нигохи ман мучассам буд,

Тумори мукаддаси балогардон,
Чун хатти васияте зи Одам буд.
Бигзор, ки хар хате шавад ботил,
Зинхор на ин нишонаи такдир,

Бигзор ки дар гуруби хунинаш,
Бар гардани ман биёяд ин шамшер.

Рустами Ваххоб ватани азизу мукаддас ва ягонаро чун хати сарнавишти бетахрир, тумори мукаддаси балогардон, хати васияти Одам, нишонаи такдир, шоми ид, махзари рухи бешикаст мактабхо, сахнаи театр, боги наботу Шохи набот, бенихояту беогоз, тархи навини роххо, рохкушо, бурчи порсо, Албурзи шукухи хештандорй, чангули ошуб, ситоиш кардаву дуст доштааст. Шоир хатто нешхои садзабони ахли зулматро ба хотири ватани азиз ва бо ватан будан тахаммул мекунад:
Харчанд, ки неши садзабон хурдам,
Озори касе начустам аз озарм.
Яъне шоир дар ин шохбайт хадафи дигаре дорад, ки ватандоронро ба адаб ва маданият, хирад вахдату ватандори даъват мекунад ва парешониву пархошро маслихат намедихад. Яъне танхо сулху вахдат саодати ватану ватандорон аст. Роххои ободу озода, ки дар хар рох ба чор суи Точикистон ишку мехр тамаддуну ободи сафар мекунад шоирро шод мекунад ва инкори ин хама ободиро ки дар назари мо рузафзун аст намешавад кабул кард.
Эй рохкушо, туро сано хонам,
Хайре ба чахон чу рахкушои нест.

Сад гуна нисор мекунад мардум,
Аммо ба савоби ин Худои нест.

Дар манзумаи зебо бо номи Лозуркух бовархои мардуми низ чо гирифтааст:
Бигдохта оташи дилат лозур,
Чорист зи чашмат оби оина.

Хар кас ки бидод руи худ дар он
Дар у нагирифт сехри бадкина.

Дар байни точикон зиёрати чойхои мукаддасу таърихи одат аст, ва санге ё хоке аз он чо бо худ гирифтан низ, ки гуё одамро аз бадии бадкорон начот медихад. Дар шеъри "Оинаи якруи"андешаи жарф дар канори бадеъияти шигарф карор дорад.
Эй толиби Сосони, эй вориси Сомони,
Кас домани ин давлат нагрифт ба осони.

Ободии механро имруз хамебояд,
Бозуи Каюмарси, тадбири Сулаймони.

Дар ин шеъри мамлуи мазомини тоза ва лаёни аз бадеъият хадафи шоир даъват ба вахдату сулх ва якандеши аст, накухиши махалгарои, канорагири аз ифтихори пуч, масъулиятшиноси ва ибтикорро хидмати ифтихори ватандори овардан, гузаштагони каёни худро фаромуш накардан,парешони ва парешонандеширо завол додан, таъсир напазируфтан аз бадхохони ватан,хиради сиёси доштани хар сохибватан аст.
Хама дасти бегона бусанду бас
Зи худ нашмаранд хеч касро ба кас.

Зи дехе барояд яке шермард,
Дигар дех нишинад ба андуху дард.

Дар ин сухани кам ин кадар дарди бузург мисли доруи хурде шифои дарди беинтихо бошад. Шоир ин чо бегонапарасти махалгарои, ки шуълае аз он ватансуз аст мазаммат кардааст.
Муганни бизан пардаи рохи рост,
В-агар дар сари рохи рост аждахост.
Чу аз Соми якзахм ёд овари,
Ба як захма сад аждахо бишкари.
Дил аз качравони равонкач гирифт,
Най овар, ки аз чангам ояд шигифт.



Натобид як бехуди аз худи,
Зи бегона бархост дасти бади.
Ба подоши лагзиш ба соле хазор,
Хама магзи сар дод бар хурди мор.
Муганни кучои ки мори дигар,
Зи андешаи мо бароварда сар
Мору аждар тимослест, ки шоир дар ботини он афродеро дар назар дорад, ки ватанро ба китъа китъа, пора - пора, чудо кардан мехоханд ва миллати ба шумор кам ба таъриху тамаддуни фарханг бузургро ба завол мекашанд.
Дар ин китоб беш аз бист манзумаи оли бо мадрачи ватандустона омадааст, ки тафсиру шархи онро ба баъд мегузорем ва холо абёти аълову дилпазир дар ин мавзуро хидмати хонандагон бидуни тавзех меорем:
Точикистон захми носури дилам,
Точикистон ранги макдури дила  
******
Эй бародар, дусти ё душмани,
Ин замон бо мо ба як пирохани.
Бемасал пирохани мо механ аст,
Беш аз ин чону тани мо механ аст.
Чашми бино бе Ватан кур аст кур,
Оби хайваон бе Ватан шур аст шур.
******
То набошад халки моро иттиход,
Ин ватандорист хамчун абру бод.
Боги вахдат аз ватан пуё шавад,
Куштаи гурбат зи нав эхё шавад.
Тушаи марди сафар ёди Ватан,
Хотири чамъаш дили шоди Ватан.
                                               ******
Чист миллат? Вахдати дунёи мост,

Души мо имрузи мо фардои мост.

                                              ******
Вахдати миллат бакои миллат аст,

Устувор аз муддаои миллат аст..
Адибаи Мирзо.

БА МО САЛОМ МАКУН

Ба мо салом макун, то саломро накушанд,
Кабӯтари ҳарами эҳтиромро накушанд.
Ба дашти ваҳшати мо пайки меҳрубон мафирист,
Ки он ғазоли ғазалхони ромро накушанд.
Матин дилам ба сафи ҳар намоз меларзад:
Ба рағми банда, худоро, имомро накушанд.
Куноми хеш нагиранд хайли хаффошон,
Магар ба теғи шафақ мурғи шомро накушанд.
Дигар на ҷанги ситора, набарди устура-ст,
Наёраманд, магар эҳтишомро накушанд.
Бигӯ ба бонии он кулбаи муҳаққари мо,
Ҳилоли соҷиди он гӯшабомро накушанд.
Ба чанги чангизиён шишапора мерахшад,
Ба ҳӯш бош, ки он Пири Ҷомро накушанд.
Ба боли нур гузар аз сарам, фариштаи меҳр,
Ба хоки мо начамӣ, ки хиромро накушанд.
Рустами Ваҳҳоб

ҒАМҲОИ ТУ




Ҳар шабам ғамҳои ту дар хуни дил тар мекунад,
Орзуи нолае дорам, ки маҳшар мекунад.


Ғайри ман дар арсаи ишқи ту даъвогар намонд,
Зиндагонӣ ҷои ҳар касро муқаррар мекунад.


Ҳар гаҳе аз ноумедӣ тан ба мурдан медиҳем,
Ишқ ногаҳ мерасад, моро музаффар мекунад.


Ҷисми худро мекунад сангар сари роҳи адӯ,
Ҳар касе андешае аз хоки модар мекунад.


Кист он устози мумтозе, ки бо зӯри ҳунар,
Аз парешон хоки мо таъмири пайкар мекунад?


Сад шуҷоат мешавад дар пушти сангар бенишон,
Гар хиёнат он яке аз пушти минбар мекунад.


Эй басо кас, ки чу ҷон андар бараш мепарварӣ,
Чун ба садрат менишинад, кори барбар мекунад.


Шоиро, андар дуроҳи интихоб уфтодаӣ,
Мекунад теғи забон коре, ки ханҷар мекунад?


Ҳар киро дар дил бувад дардеву дар хотир ғаме,
Шеъри моро, в-ар на за бар кард, бовар мекунад.

воскресенье, 6 марта 2016 г.

МОДАР

 Марав бар ҳар даре, эй тифлаки ман,
Ки пушти ҳар даре ҳамдам наёбӣ.
Даме, ки доғи ман сӯзад дилатро
Басе ҷӯӣ, вале марҳам наёбӣ.
Марав бар ҳар даре, эй тифлаки ман.
Туро ин кулбаи хокии ман бас,
Ки ин ҷо оламе меҳру сафо ҳаст.
Падар беҳтар зи ҷонат дӯст дорад,
Канорат модари мушилкушо ҳаст.
Туро ин кулбаи хокии ман бас.
Булӯре бо дурахши дилфиребаш
Туро бар хонаи ҳамсоя хонад.
Равӣ аз пушти ҳамсоя чу соя,
Туро дар пушти дар чун соя монад.
Булӯру он дурахши дилфиребаш!
Машав ғамгин, биё, баргард, ҷонам,
Булӯри чашмаконатро ба ман ор.
Мабодо бишканад нури ҳаёшон,
Булӯри чашмҳоятро нигаҳ дор.
Худоро,
тифлаки ман, тифлаки ман,
Булӯри чашмҳоятро нигаҳ дор!
(Рустами Ваҳҳоб)

Модар


Зани тоҷик моми Буъалӣ буд
Ва ё монанди Робиъа валӣ буд.
Нахуст аз мактаби Модар гузашта
Ба ҳар ҷо тоҷики соҳибдиле буд.

Занонро гар зи дониш зеваре хаст,
Умеди рузгори бехтаре хаст.
Агарчи аз занон пайгамбаре нест,
Хама пайгамбаронро модаре хаст. 

 (Рустами Ваххоб)

вторник, 1 марта 2016 г.

Махфили Ширу шакар


НАВРӮЗГОҲ

"АДАБИЁТ ВА САНЪАТ" Ба истиқболи ҲАМОЙИШИ АДИБОНИ ҲАВЗАИ НАВРӮЗ. 25 феврали 2016
РУСТАМИ ВАҲҲОБ


Ало Наврӯзи тақвими Ҷалолӣ, 
Биё, бо он фару фархундафолӣ,
Дигаргун соз аҳволи башарро,
Бишӯй аз рӯйи гетӣ гарди шарро.
Ба бӯйи хок Одамро даво кун,
Дили моро ба раҳмат ошно кун.
Ба назме к-андар ӯ ҳаргиз халал нест,
Туро дар кори ин олам бадал нест.
Шукӯҳи Ҷоми Ҷам дар синаи туст,
Ҷабини офтоб ойинаи туст.
Майи боқӣ ту дар паймона дорӣ,
Зи фавҷи ахтарон парвона дорӣ,
Ки чун дар оташи поки ту сӯзанд,
Ба сӯзи нав ҷаҳонро барфурӯзанд.
2
Ҳамегӯянд он рӯзӣ, ки Ҷамшед
Баромад бар фарози тахт чун шед,
Аз Эрон, сӯйи Бобул раҳсипар шуд, 
Ҷаҳон саршор аз тобанда фар шуд.
Ҳумоюн давлати ӯ эзадӣ буд,
В-аз ӯ кӯтоҳ дасти ҳар бадӣ буд.
Кунун он шавкати Бобул куҷо шуд?
Дареғ, он бурҷ чоҳи пурбало шуд.
Зи Ҳорутону Морутони хокӣ,
Зи хунхора сипоҳи Аждаҳокӣ,
На Бобул монд ободу на Бағдод,
Ки бо Нӯшинравон буд хонаи дод.
Гуле рӯяд агар, аз захму хун аст,
Лабе хандон агар ҳаст, аз ҷунун аст.
Гули дасти падар тифлест парпар,
Ҳинои наварӯсон хуни ҳамсар.
Агар боре гули сурӣ бибӯям,
Ғами Сурия бифшорад гулӯям.
Гиристам, чун ятимаш хонадарпушт
Ба дарё шуд панаҳ, дарё варо кушт.
На дарё, балки инсони ҷаҳонхор,
На инсон, балки аждар, гург, кафтор.
Яман гӯям, куҷо лаъли ямонист,
“Баҳор”-ашро рухи зарди хазонист.
Аз ин гар пеш дар дунёи ислом
Фаластин буд танҳо дар дами дом,
Кунун ҳар ҷо, ки нақше дорад аз дин,
Зи дасти кинаварзон шуд Фаластин.
Аз он сон фитна, ки бар Миср борад,
Наҳанг аз Нил сар берун наёрад.
Магар Фиръавни нав бо амри «қонун»
Кашад Фиръавнро аз дахма берун,
Ки бар сармояи худ барфизояд,
Ба Яздон аз дигар зӯр озмояд?
Ҳама сар карда дар зери гилеме,
Асое куву ку дасти Калиме?
Басо шуд панҷаи зулм аз татовул
Расида то Ҳариву Балху Кобул.
Басо шуд миллати озодаву род
Надорад соате осудаву шод.
Халилиро ба Наврӯз оварам ёд,
Сӯйи Наврӯз ӯ мекард фарёд:
Ба хоки мо наё, Наврӯз, имсол,
Ки хоки поки мо гаштаст помол.
Гули оташ ба дашту дар шукуфта,
Ба ҷони мо гули озар шукуфта.
Равонат шод, эй фарзона устод,
Ки ҳар Наврӯз нав гардад туро ёд.
Халилуллоҳ дар оташ ту будӣ,
Барои Меҳанат Ораш ту будӣ.
Сурӯши шеъри ту парвоз дорад,
Сухан бо номи ту эъҷоз дорад.
Бимирад оташи Намруд ночор,
Бимонад аз Халил он нуру он нор.
Чу "мушки суда бар Кобул" биборад, 
Саҳар аз офтобаш гул биборад.
Биёяд боз Наврӯзи навойин,
Ки хуни чанд наслаш буд кобин.
Биёяд ҷангро ронад аз он хок,
Бишӯяд доғи ӯ з-он хиттаи пок. 
3
Ало Наврӯзи тақвими Ҷалолӣ,
Ки пайки адлу рамзи эътидолӣ,
Сару сомони Сомонӣ ту дорӣ,
Зиҳӣ давлат, ҷаҳонбонӣ ту дорӣ.
Нишоти ҳикмати Хайём бо туст,
Ҳазор оғози хушфарҷом бо туст.
Сиёвушон зи домонат бирӯяд,
Шамимаш ҳикмати Сино бигӯяд.
Насимат сабз созад турбати Бурх,
Фурӯзад лолазорони Гули Сурх.
Гули Сурхе, ки Айнӣ ибтидо кард,
Душанберо Бухороошно кард.
Заминҳову замонҳо бо ҳам ояд,
Чу булбул паҳлавонӣ месарояд.
Ба ҳар ҷойе забони паҳлавонист, 
Сухан аз ҳамдилӣ, аз ҳамравонист.
Чи беҳтар метавон гуфтан зи Устод?
Ки тоза паҳлавиро кард бунёд:
Дар ин дунё навои шодмонӣ,
Бувад дидор бо ёрони ҷонӣ. 
Бар ин хоке, ки сад олам биарзад,
Дилам чун қатраи шабнам биларзад.
Худовандо, нигаҳ дор ин Ватанро,
Паноҳи андлалебони чаманро.
Нигаҳ дораш садаф дурри дариро,
Нигаҳ дораш фурӯғи ховариро.
Нигаҳ дораш чу савганди нахустин,
Нигаҳ дораш чу рамзи пок ойин.
Ватан имрӯз чун Наврӯзгоҳ аст,
Қабои сабзаш аз меҳригиёҳ аст.
****
*Тақвими Ҷалолӣ тақвимест, ки ҳаким Умари Хайём сохта буд ва дақиқтарин тақвим шумурда мешавад.
* Бобул давлатшаҳри бузурги куҳанест, ки осори он дар ҳудуди Ироқи имрӯзӣ боқист.
* Ишора ба суруди “Мушки суда меборад шаб ба домани Кобул...”
*Паҳлавонӣ – тоҷикӣ, форсӣ.
* Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон Бартар аз дидори рӯйи дӯстон. Устод Рӯдакӣ

نوروزگاه

الا نوروز تقویم جلالی
بیا با آن فر و فرخنده‌فالی
دگرگون ساز احوال بشر را
زدای از روی گیتی گرد شر را
به بوی خاک آدم را دوا کن
دل ما را به رحمت آشنا کن
به نظمی که در او هرگز خلل نیست
تورا در کار این عالم بدل نیست
شکوه جام جم در سینۀ توست
جبین آفتاب آیینۀ توست
می باقی تو در پیمانه داری
ز فوج اختران پروانه داری
که چون در آتش پاک تو سوزند
به سوز نو جهان را برفروزند
2
همی گویند آن روزی که جمشید
برامد بر فراز تخت چون شید
از ایران سوی بابل رهسپر شد
جهان سرشار از تابنده فر شد
همایون دولت او ایزدی بود
وز او کوتاه دست هر بدی بود
کنون آن شوکت بابل کجا شد؟
دریغ آن برج، چاه پربلا شد.
ز هاروتان و ماروتان خاکی
ز خون خواره سپاه اژدهاکی
نه بابل ماند آباد و نه بغداد
که با نوشینروان بُد خانۀ داد
گلی روید اگر از زخم و خون است
لبی گر هست خندان از جنون است
گل دست پدر طفلیست پرپر
حنای نو عروسان خون همسر
اگر باری گل سوری ببویم
غم سوریه بفشارد گلویم
گرستم چون یتیمش خانه بر پشت
به دریا شد پنه، دریا ورا کشت
نه دریا بلکه انسان جهانخوار
نه انسان بلکه اژدر، گرگ، کفتار
یمن گویم کجا لعل یمانیست
بهارش را رخ زرد خزانیست
از این گر پیش در دنیای اسلام
فلسطین بود تنها در دمٍ دام
کنون هر جا که نقشی دارد از دین
ز دست کینه ورزان شد فلسطین
از آن سان فتنه که بر مصر بارد
نهنگ از نیل سر بیرون نیارد
مگر فرعون نو با امر "قانون" 
کشد فرعون را از دخمه بیرون
که بر سرمایۀ خود برفزاید
به یزدان از دگر زور آزماید؟
همه سر کرده در زیر گلیمی
عصایی کو و کو دست کلیمی؟
بسا شد پنجۀ ظلم از تطاول
رسیده تا هری و بلخ و کابل
بسا شد ملت آزاده و راد
ندارد ساعتی آسوده و شاد
خلیلی را به نوروز آورم یاد
سوی نوروز او می کرد فریاد:
به خاک ما نیا نوروز امسال
که خاک پاک ما گشتست پامال
گل آتش به دشت و در شکفته
به جان ما گل آذر شکفته
روانت شاد ای فرزانه استاد
که هر نوروز، نو گردد تورا یاد
خلیل الله در آتش تو بودی
برای میهنت آرش تو بودی
سروش شعر تو پرواز دارد
سخن با نام تو اعجاز دارد
بمیرد آتش نمرود ناچار
بماند از خلیل آن نور و آن نار
چو مشک سوده بر کابل ببارد
سحر از آفتابش گل ببارد
بیاید باز نوروز نو آیین
که خون چند نسلش بود کابین
بیاید، جنگ را رانَد از آن خاک
بشوید داغ او زان خطۀ پاک
3


الا نورز تقویم جلالی
که پیک عدل و رمز اعتدالی
سر و سامان سامانی تو داری
زهی دولت، جهانبانی تو داری
نشاط حکمت خیام با توست
هزار آغاز خوش‌فرجام با توست
سیاووشان ز دامانت بروید
شمیمت حکمت سینا بگوید
نسیمت سبز سازت تربت بُرخ 
فروزد لاله‌ زاران گل سرخ 
گل سرخی که عینی ابتدا کرد
دوشنبه را بخارا آشنا کرد
زمین‌ها و زمان‌ها با هم آید
چو بلبل پهلوانی می‌سراید
به هر جایی زبان پهلوانیست
سخن از همدلی و همروانیست
چه بهتر می توان گفتن ز استاد
که تازه پهلوی را کرد بنیاد
در این دنیا نوای شادمانی
بود دیدار با یاران جانی 
بر این خاکی که صد عالم بیرزد
دلم چون قطرۀ شبنم بلرزد
خداوندا نگه دار این وطن را
پناه عندلیبان چمن را
نگه دارش صدف دُر دری را
نگه دارش فروغ خاوری را
وطن امروز چون نوروزگاه است
قبای سبزش از مهرگیاه است.
*****
* بُرخ سرمست ولی، یکی از عرفا که در تاجیکستان مدفون می‌باشد
*گل سرخ، نام جشنی در بخارا که نوروز با آن آغاز می‌شود
* صدرالدین عینی، پایه‌گذار ادبیات معاصر تاجیک
* اشاره به بیت استاد رودکی: هیچ شادی نیست اندر این جهان برتراز دیدار روی دوستان



воскресенье, 28 февраля 2016 г.

Туҳфаи нав

"ДУРУСТ БИНАВИСЕМ" китоб шуд
Дар ин китоб шумори зиёди иштибоҳоте, ки ба такрор дар матбуот, таълифоти илмию бадеӣ ва гуфтори радиёву телевизион ба назар мерасад, баррасӣ гардидааст. Муаллиф шакли дуруст ва саҳеҳи калимаю ибораҳо, мавқеи корбурд ва тарзи баёни онҳоро тавзеҳ медиҳад. 
Ин китоб барои адибони ва хабарнигорони ҷавон ва умуман алоқамандони омӯзиши амалии забон судманд аст. Маводи он ҳамчунин бо салоҳдиди устодон метавонад дар дарсҳои амалии забоншиносӣ, услубшиносӣ ва матншиносӣ чун дастури таълимӣ ва василаи иловагии омӯзиш мавриди истифода қарор дода шавад

ЗУҲУРИ ОФТОБ

Шеъри устод Гулрухсор такдим ба Рустам Ваҳҳоб ва Сиёвуш
Шеър исён аст, дард аст, 
Дарди дарди бедаво. 
Шеър дуди оҳи сард аст, 
Дар нафасҳо аз қафасҳо. 
Шеър раҳгумии хун аст, 
Дар найи шарёни ҳастӣ. 
Мӯҳри меҳри ошиқон аст, 
Дар лаби сӯзони ҳастӣ. 
Шеър ранги ҳаштуми рангинкамонҳост, 
Дар гулистони хазону пажмурида. 
Шеър дарёбад сари обилаҳоро, 
Аз хурӯши набзи сайди сарбурида. 
Шеър бемаргии рӯҳ аст, 
Дар фазои пастии аъмоли инсонҳо. 
Шеър покиву сафои шабнам аст, 
Дар булӯри барг, дар гулафшонҳо. 
Шеър ҷони зиндагиро, 
Дар вуҷуди хастаи дилмурдагон бахшад сурур, 
Шеър пайғоми шарор аст, 
Аз гули хокистари нур. 
Шеър хуни сарди набзи бардаҳоро
Сӯз бахшад, пуршарар созад. 
Бо дили шоир зибаски кор дорад, 
Бо сари шоир бибозад. 
Шеър ашку хуни нангу орҳост, 
Шеър нақши ёдгори ёдҳост, 
Шеър фарёди ҳама бедорҳост, 
Шеър Мансури азизи дорҳост! 
Шеър хуни инқилоб аст, 
Шеър шарҳи офтоб аст! 
Москва. 1996

четверг, 25 февраля 2016 г.

ЯҚИН ДАР МАҶОЗ

ЯҚИН ДАР МАҶОЗ
Ман дар ин маҳшари пиндор туро меҷӯям,
Аз яқин соғари саршор, туро меҷӯям.
Мекашам хор ба дандон зи таҳи нохуни ёд,
Аз дили лаззати озор туро меҷӯям.
Бишканам садди забонҳои чу оташ печон,
Чу Сиёваш зи дили нор туро меҷӯям.
Эй кабӯтар, ту куҷо, шохаи зайтуни ту ку,
Пас аз ин кинаву пайкор туро меҷӯям.
То намонад зи дарат дур сари гардонам,
Ҳама ҷо, нуқтаи паргор, туро меҷӯям.
Дар дилам дастфишон рақс куниву чӣ аҷаб!

Ман зи Фарғонаву Тотор туро меҷӯям.1
******
1.Нимем зи Туркистон,нимем зи Фарғона. Мавлоно
БУДГОР БУД

Буд набуд, Будгор буд, ҷоми тараб саршор буд,
Он чи буд бемор танҳо чашми масти ёр буд.
Сидқ буду меҳр буду завқ буду шӯр буд,
Ишқ буду шавқ буду ҳиммату исор буд.
Дил наҳанге буд дар туфони дарёи муҳит,
В-ар ҷаҳон оташ гирифтӣ, мурғи оташхор буд.
Вақт, гарчи тундсайр, оҳуи дастомӯз буд,
Маъманам ҷанноти таҷрӣ таҳтиҳал анҳор буд.
Тоҷи заррин доштам аз хӯшаи Парвин ба сар,
Қасри лотасхири ман бар қуллаи куҳсор буд.
Нуқтаи ҷамъияти хотир сувайдои дилам,
Ҳафт хатти амн даврам гардиши паргор буд.
Буд набуд,Будгор буд...


بدگار بود
بُد نبُد بُدگار بُد جام طرب سرشار بود
آنچه بد بیمار تنها جشم مست یار بود
صدق بود ومهر بود و ذوق بود وشور بود
عشق بود وشوق بود وهمت و ایثار بود
دل نهنگی بود در توفان دریای محیط
ور جهان آتش گرفتی مرغ آتشخوار بود
وقت گرچه تند سیر آهوی دستاموز بود
مامنم جنات تجری تحتها الانهار بود
تاج زرین داشتم از خوشۀ پروین به سر
قصر لاتسخیر من بر قلۀ کُهسار بود
نقطۀ جمعیت خاطر سویدای دلم
هفت خط امن دورم گردش پرگار بود
...بُد نبُد بُدگار بُد
_______________________________
بُد نبُد بُدگار بُد - مقدمۀ عرفی افسانه های تاجیکی مثل یکی بود ویکی نبود غیر خدا هیچ که نبود *

Бар ин хоке, ки сад олам биарзад,
Дилам чун қатраи шабнам биларзад.
Худовандо, нигаҳ дораш зи офот,
Нахоҳам аз ҷаҳон дигар мукофот.
Мавлоно! кори ту ҳама эъҷоз аст,
Ту хомушу олам аз ту пуровоза-ст.
Искандари Рум рафту Эрон дар баст
В-он дар, ки ту бар Рум кушодӣ, боз аст.


مولانا! کار تو همه اعجاز است
تو خاموش و دهر از تو پرآوازست
اسکندرِ روم رفت وایران در بست
وان در که به روم توگشودی باز است.

Маҳфили шеъри шоири









      Рузи 19-уми феврал, дар Хонаи адибони ба номи устод Мирзо Турсунзода маҳфили шеъри шоири маъруфи кишвар Рустами Ваҳҳоб, сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ», баргузор гардид, ки дар он Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Амриддин Кабиров, овозхони хушсадо Ҷаъфари Ҷалол ва дигарон ширкат варзиданд. Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳусни матлаъ бахшид. Ин маҳфил дар доираи чорабиниҳое сурат гирифт, ки масъулини адабиёт ва фарҳанги кишвар ба хотири бузургдошти Наврӯзи ҷаҳонӣ таҳия ва амалӣ карда истодаанд. Дар ҳамин чаҳорчӯба аз 19 то 24-уми марти 2016 ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои қаламрави Наврӯз баргузор мешавад. Маҳфили шеъри Рустами Ваҳҳоб оғозбахши силсилаи маҳофилест, ки шуъарои кишвар, аз ҷумла Гулназар, Меҳринисо, Раънои Мубориз, Зулфия, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Озар, Озарахш, Раҳмат Назрӣ, Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа, Низом Қосим, Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат то 19-уми март доир хоҳанд кард.

ЛОЗУРКӮҲ

ЛОЗУРКӮҲ
Истода ту дар муқобили тӯфон
Як деҳаи муштипар дар оғӯшат.
Эй Пири муроди банда, Лозуркӯҳ,
Ҳошо, ки даме кунам фаромӯшат.
Селоб ба рӯи синаат канда
Аз қарн ба қарн дарраҳои жарф.
Гаҳ ҷомаи сабзи хусравон дорӣ,
Гаҳ хирқаи сӯфи сӯфиён аз барф.
Саҷҷодаи туст осмони шаб,
Тасбеҳи ситораҳо дар ангуштат.
Дарёи шароби нур мерезад
Дар косаи сангҳо зи чархуштат.
Гулбонги азони бомдодонро
Ту ҳарф ба ҳарф мекунӣ такрор.
Ҳар ҷо ки будам тамоми умри худ
Ман мешудам аз ҳамин садо бедор.
Ду даст кушодаву уфуқҳоро
Ҳамчун хати марз кардаӣ таъйин.
Ҳамчун хати ҳушдор бар девор,
Ҳамчун хати марзи суннату ойин.
Мисли хати сарнавишти бетаҳрир
Ин хат ба нигоҳи ман муҷассам буд.
Тӯмори муқаддаси балогардон,
Чун хатти васияте зи Одам буд.
Бигзор ки ҳар хате шавад ботил,
Зинҳор, на ин нишонаи тақдир.
Бигзор ки дар ғуруби хунинаш
Бар гардани ман биёяд ин шамшер.
Истода агар наӣ сари ин марз
Дар селрави замони беарзиш,
Арвоҳи гузаштагон ба шоми ид
Пайдо накунанд хонаҳои хеш.
Умре ба шаҳомати ту менозам,
Эй мазҳари рӯҳи бешикасти ман.
Аз шохаи килки ту қалам кардам,
Ангушти Масеҳ шуд ба дасти ман.
Занбӯри ту лона дар дилам дорад,
Чун дар ҷигари камолҳои нарм.
Ҳарчанд ки неши садзабон хурдам,
Озори касе наҷустам аз озарм.
Бо санги қаноати ту бишкастам
Сар нозада гардани ҳавасҳоро.
Омӯхтам аз ҳилоли лоли ту
Афсуни раҳоӣ аз қафасҳоро.
Аржанги ман аст ҷумла осорат,
Зелолу чабарғу фарку гулхорат.
Ҳам боғи наботи ман ба домонат,
Ҳам шохи наботи ман ба дасторат…
Як умр ба як қарор истодан
Дар паҳнаи ин ҷаҳони беистод
Дарсест варои ҷумла мактабҳо,
Ғайри ту надонамаш дигар устод.
II
Бо суръати чархи саҳнаи театр
Ҳар лаҳза ҷаҳони мо дигар гардад.
Ҳар қадр ниқоб тоза орояд,
Дар дидаи ман ғарибтар гардад.
Ночор ғарибтар шавам ман ҳам,
Чун ҷумлаи бениҳояту оғоз.
Чун тарма дилам ба доманат кӯчад,
То сар биниҳад ба пои ту, устоз.
Худ аз пайи дил ҳамешитобам боз,
Пайваста ба лаб ҳамин дуъо дорам:
«Эй кош, туро ба ҷои худ ёбам,
Ё Раб, машикан ту хатти паргорам.
Бигзор, ки раҳ чу кошии чинӣ
Ҳамвор бувад, фароху бопаҳно.
Бигзор, ки пул ба пояи пӯлод
Нозанда бувад ба шонаи дарё.
Бигзор ҳазор нақшаи дигар
Дар тарҳи навини роҳҳо бошад,
Аммо ту ба ҷои хештан бошқ,
Саҳми ту зи тарҳҳо ҷудо бошад…
Эй роҳкушо, туро сано хонам,
Хайре ба ҷаҳон чу раҳкушоӣ нест.
Сад гуна нисор мекунад мардум,
Аммо ба савоби ин худоӣ нест.
Он пинаи дасти ту гули шодист,
Ангушти ту худ калиди ободист,
Чашми ту чароғи роҳи озодист,
Ҳаққо, ки ҳамосаи ту фарҳодист.
Танҳо зи ту илтимоси ман ин аст
Аз ёд мабар шукӯҳи кӯҳҳоро.
Магзор, ки об аз осиё афтад,
Аз решаи ҷон ҷудо шавад дарё.
Лозуркӯҳ!
Бурҷи порсои ман
Албурзи шукӯҳи хештандорӣ.
Дар раг-раги рудҳост хуни ту
Дар пайкари дашту боғҳо ҷорӣ.
Ойини ту карда ойинабандат,
Он кист, ки бишканад туро ойин?
Он кист, ки аз ҷунун гиребонат
Хоҳад бидарад ба панҷаи хунин?
Ҳайфо, ҷигари ту об мегардад,
Дар оташи ҳирсу ози оламхор.
Сӯи ту ҳамехазад зи ҳар кӯе
Оташнафас аждаҳои истеъмор.
Ҳар дуд, ки аз манораҳои оз ,
Мепечад сӯи гунбади гардун,
Чун ҳалқа ба гардани ту меафтад,
Гӯё ки ту вомдорӣ аз ҳар дун».
III
Ин гуна дилам ба чангали ошӯб,
Ногоҳ зи дур мешавад пайдо.
Он қуллаи меҳри ҷовидони ман
Он пайкари пуршаҳомати воло.
Як пораи абри шӯх кӯдаквор
Бо бозии хеш карда машғулаш,
В-он хоҳари меҳрубони ӯ – Маҳрӯд
Мешӯяд пойҳои шахшӯлаш.
ӯ низ маро зи дур мебинад,
Месурфаду рост мекунад қомат:
«Обоо,
ку биё,
чи дер меоӣ,
На хатти ту мерасад, на пайғомат».
Эй Пир, дуруд, ҷовидон бошӣ,
Бе ёди ту як нафас намегирам.
Сад шукр, ки боз дидамат барҷой,
Бе ту камтар зи нақши тасвирам.
Бурҳони вуҷуди ман вуҷуди туст,
Бе устуни қомати ту вожунам.
Ҳар кабки канори туст ҳамхонам,
Ҳар лолаи сурхи туст ҳамхунам.
То ҳаст паноҳи ту Ҳумохуна,
То боли ҳумой бар сарам бошад.
Бе афсару тахту ганҷ султонам,
Ин бол чу дасти модарам бошад.
Медонам як-як арчаҳоятро,
Ҳар бор шуморашон ҳамегирам.
Ҳар кас, ки камон кашад ба нахчират,
Гӯё, ки ба дил нишонад ӯ тирам.
Бигдохта оташи дилат лозур,
Ҷорист зи чашмат оби ойина.
Ҳар кас, ки бидид рӯи худ дар он
Дар ӯ нагирифт сеҳри бадкина.
Як тахтаи лозури ту фарзандон
Дар оташи назъ рӯйи дил монанд.
Аз ҷӯйи яхат насибаи охир
Дар мазраъи оташини худ ронанд.
Дарсе, ки гирифтам аз дабистонат
Фармоядам аз ҳазор як кардан:
Қулзум ба даруни сина парвардан,
Як чашмаи сода бар лаб овардан.
Як чашмаи содае, к-аз он хуршед
Бо найлаби нур об менӯшад.
Худ оинаи камоли берангист,
Сад ранг гул аз канори он ҷӯшад.
Бар «қуллаи оҷ»-и шеъри номавзун
Аз лолаи сурхи ту ливо дорам.
Пеши ту ки ҳамчу тифли нодонам,
Аз мӯи сафеди худ ҳаё дорам.
IV
Ҳоло,
хуш бош, Достони ман,
Умри ту фузун зи Достон бодо.
То қуллаи ту нишеми Симурғ аст,
Ин фарру шукӯҳ ҷовидон бодо.
Он гуна, ки по ба доманат мондам,
Як рӯз ба домани ту сар монам.
Сад шукри вуҷуди ту, ки то ҳастӣ,
Бо лаъли дили ту ҳамгуҳар монам…
В-онгоҳ ки осмон чу ойина
Бар фарқи сари ту пора мегардад,
Онгоҳ ки мармари сапеди ту
Хокистари як шарора мегардад,

Онгаҳ ки забони оташафшонҳо
Сар мекашад аз замири ту берун,
Онгоҳ ки ошкор мегардад -
Дар синаи туст як дили пурхун,
Онгоҳ ки кӯҳ чу «иҳни манфуш» аст ,
Ман хилвати тоати ту меҷӯям,
Аз домани сабзи ту ҳамехезам,
Тавфиқи шафоати ту меҷӯям…
V
То мерасад он замонаи мавъуд,
Он қисмати бехатои лутфу қаҳр,
Мебояд табли огаҳиро кӯфт,
Мебояд хост доди ту аз даҳр.
Эй зодаи чор гавҳари ҳастӣ,
Аз гавҳари оташ ин фузунхоҳӣ
Берун бикашад турову гардонад
Дар тобаи тобдода чун моҳӣ.
Бодо, ки чаҳор рукни бунёдат
Аз адл шавад чу нури биноӣ.
Магзор каҳе зи кӯҳи ту коҳад,
То бо ту бувад тавони дарёӣ.
Дастони ситорарези дарёҳо
Сад чархаи нурро бигардонад
Он қадр,
ки деви зулмати инкор
Дар пойи шаҳомати ту сар монад.

Июл- сентябри 2009

ШАРҲ

(Дар давоми соли гузаштаву имсол батакрор аз банда шарҳи ин байтро хостаанд ва паёпай паём фиристода натиҷаи дархости худро пурсидаанд. Лозим дониста шуд як мусоҳибаи чанд сол пеши худро дар ин хусус бо хабарнигори ҳафтаномаи донишгоҳии “Ба қуллаҳои дониш” ин ҷо манзур гардонам.)
ШАРҲ
Мурдаи садсола дар тобути мижгон бӯ гирифт,
Мурдашуи ҳусн ку, то зинда дар гӯраш кунад…


Ин байти машҳур дар саҳифаи «Сайри маънӣ» (дар шумораи № 3 аз 19-уми феврали соли 2011) аз ҷониби мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, дотсент Мирзо Солеҳов ва баъдтар аз ҷониби Муҳаммад Муродов, собиқ муҳаррири тоҷикии маҷаллаи «Паёми ДМТ» (дар шумораи № 5 аз 17-уми марти соли 2011) шарҳ ёфта буд. Идораи ҳафтанома дар ин хусус бо шоир ва адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб ҳам мусоҳиба кард ва инак нуқтаи назари ӯро пешниҳоди хонандаи гиромиқадр мегардонем.
Пеш аз он ки ба шарҳи бевоситаи ин байт шурӯъ кунем, бояд як муқаддимаро ёдоварӣ кунем, ки аз асри 17 то остонаи асри 20 дар адабиёти мо як ҷараёни вижае таъсис ёфт, ки инро метавон шеъри маҳфилӣ ё ин ки маҷлисӣ гуфт. Дар ин давра ин навъ шеърҳо хеле зиёд шуданд. Шеърҳое, ки гунаи наздик ба муаммо доштанд. Кашфи маънии шеър бисёр аҳаммият пайдо кард ва дар ин кор муболиға мекарданд. Дар ҳамин замина як силсила абёт ва қитъаҳое пайдо шуд, ки байни шеър ва муаммо ҳастанд. Бо вуҷуди он ки муаммогӯӣ ба сари худ як ҷараёни махсусе шуд, ҳамчунин як силсила шеърҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо ҳама ҳиммати шоир рӯйи печондани ҳарчи бештари маъно ба кор гирифта шудааст, яъне шоир ба наҳве сухан мегӯяд, ки барои кашфи сухани ӯ хонанда диққати махсус бояд харҷ диҳаду ҷустуҷӯ кунад. Ин иборат буд аз зарофатҳои маъноӣ, зарофатҳои лафзӣ, тӯли силсилаи ҳалқаи хаёл, риштаи хаёл, яъне аз ҳар тариқе ин корро анҷом медоданд. Аз ин қабил, масалан, шеърҳои машҳури
Ҷабри гул бар сари парвона зи занбӯри асал,
Боғбонро гӯй бори дигараш роҳ надиҳад.
Ё:
Кафи шоҳ Маҳмуди олитабор,
Нӯҳ андар нӯҳ омад се андар чаҳор.
Ин байтро (дувумро) ба номи Ҳаким Фирдавсӣ рабт медиҳанд, агарчи дар нусхаҳои аслии «Шоҳнома» нисбат ба асолати ин байт изҳори тардид мешавад. Ҳамин қабил шеърҳои зиёди муаммогуна ҳастанд, ки ағлаб инҳо аз шоирони бузург нестанд, зеро шоирони бузург маъноҳои равшанро намепечонанд, балки баракс маъноҳои печида ва борикро равшан мекунанд, вале албатта ба таври шоирона.
Аз ҷумлаи абёти муаммогуна яке ҳамин байт аст, ки дар ин ҷо ба баррасӣ гузошта шудааст:
Мурдаи садсола дар тобути мижгон бӯ гирифт,
Мурдашӯи ҳусн ку, то зинда дар гӯраш кунад.
Ин аз ҳамон навъи сабку салиқаву таркиби вожагониву баёни шеъри асри 17-19-и ҳавзаи адабиёти Ҳинду Мовароуннаҳр буда, маҷлисӣ ва ё маҳфилӣ мебошад. Ин ҷо ҷустуҷӯ кардани маънии хосе ва маҳдуду мушаххасе, ки бар асли ҳикмате ё устурае ё воқеаи хосе бошад, як кори фиребост, ки метавонад моро ба бунбаст бубарад. Ин ҷо як маънии машҳуре ҳаст, ки дар ҳама шеърҳои шоироне, ки бахусус ғазали ошиқона ва орифона гуфтаанд ва ҳуснро васф кардаанд вуҷуд дорад: нисбат ба шуҳуд, яъне наззора кардан ба мазҳари зебоӣ ва зебоии маънавӣ, ба таври табиӣ ихлосманд будан ва эътиқод доштан, ки ин чиз боиси биноии чашм мешавад. Чунки ҳадиси Расулуллоҳ (с) ҳаст, ки се чиз биноии чашмро меафзояд, дидани рӯйи хуш, оби равон ва сабзазорон ва боз дар ҷои дигар мегӯянд дидори падару модар ва наздикон. Дар маҷмӯъ, ин чиз дар адабиёт бисёр машҳур буд, ки чашм бар асари дидани манзараи зебо, хоҳ чеҳраи инсон бошад, ё манзарае аз табиат бошад, нерӯ мегирад ва биноиаш афзун мешавад. Муҳаммад Иқбол ҳам ҳамин нуктаро ба назм кашидааст ва мегӯяд:
Чашмро биноӣ афзояд се чиз,
Сабзаву оби равону рӯйи хуш.
Колбудро фарбеҳӣ меоварад,
Ҷомаи қаз, ҷони беғам, бӯйи хуш.
Байти дувум ҳам айнан ба ҳамин маъно ҳадиси шарифи дигар аст. Муносибати ин ду маъно дар ду ҳадис (рӯйи хуш, ё ҳусн ва бӯй), ки дар байти мавриди таҳлили мо дар баробари ҳам омадаанд, нишон медиҳад, ки шоири гӯяндаи он байти машҳур ҳам метавонист таносуби ин ду ҳадисро дар назар дошта бошад.
Ибораи «сад сол» албатта муболиғаи шоирона аст ва шоир ё як нафар дар гуфтугӯи одӣ ҳам ҳақ дорад ин гуна муболиғаҳоро ба кор бибарад. Масалан, сад сол аст касе рӯйи маҳбуби худро надидааст, мисли он ки чашми Яъқуб аз дидори Юсуф маҳрум буд, сад сол аст, ки чашми ӯ ба рӯшноии ҷамоли маҳбуб ё хостаниаш нарасидааст.
Мисли мурда тасвир мекунад ин чашмро, ки дар тобут аст ва аз диди тасвирӣ он чизе, ки мо онро ба тобут ташбеҳ медиҳем, дар ноҳияи чашм, муносибтаринаш ҳамон мижгон аст. Чунки масалан, навдаҳои дарахтро ба ёд меоварад, тобут аз навдаҳои дарахт, аз чӯб мешавад. Ва агар чизеро дар ноҳияи чашм мо ба тобут бихоҳем, ки ташбеҳ бидиҳем, ҳамин мижгон аст.
Шоир аз ҳамин ваҷҳ истифода мекунад ва мегӯяд, ки мурдаи садсола, яъне ҳамон чашми бечорае, ки шояд 5 сол аст, 10 сол аст, ё ӯ метавонад бигӯяд, ки 1000 сол аст рӯйи хостании худро надидааст, яъне мурдаи ҳазорсола. Дар тобути мижгон ҳамин чашмро (ё ҳатто нигоҳро) дар назар дорад, ки гӯё бӯ гирифт, яъне ба ниҳояти харобӣ расид ва мурдашӯи ҳусн куҷост, ки то зинда дар гӯраш кунад. Яъне ҳусн боз ҳамон мазҳари зебоист ва шустан ин ҷо ба маънои наззора кардан, нигоҳ кардан то ин ки ӯро пок кунад, покиза кунад, нерӯ бахшад ва эҳёгарӣ кунад. Он гоҳ медонем, ки масалан, бо об додан, бо ғусл додан баъзан эҳёгарӣ мекарданд. Масалан, Исои Масеҳ, ки бо ғусли таъмид додан ҳам эҳёгарии ҷисмонӣ ва ҳам имонӣ мекард. Ва баъзан инро ба ашк нисбат медиҳанд, ғусл ба воситаи ашк, вале ин ҷо ҳамон манзури аслӣ ҳамон об доштан аст. Боз як чизи дигар ин аст, ки дар сабки ҳиндӣ дучор меояд, ба хусус он маъниҳоие, ки дар таркиби луғавии калима, дар фонди семантикии ҳамон калима вуҷуд доранд, баъзан ба баёни бевосита намеоянд вале дар занҷираи таносуб ба зеҳн мерасанд. Масалан, як нафарро мегӯянд, ки чеҳрааш об гирифт ё ки чеҳрааш об дорад. Ин об доштан ба маънои зебоист. Ҳамин ваҷҳи об доштанро дар зебоӣ, дар ҳусн воситае медонанд, ки дар ин байт дар зери пардаи тахайюл ба баён омадааст, ки ба воситаи ин наззора метавон бо оби ҳусн он мурдаро шустушӯи зиндагибахш дод.
Ин ҷо бештари кори шоирона дар ҳамон ҷумлаи охир – «зинда дар гӯраш кунад» аст. Мо бештар ин таъбирро ба маъное ба кор мебарем, ки касеро зинда дар гӯр кунанд. Масалан аъроби даврони ҷоҳилият (пеш аз ислом) духтарони навзоди худро зинда дар гӯр мекарданд. Дар зеҳни донандагони ин забон зинда дар гӯр кардан бештар ба маънои зинда ба зинда касеро гӯр кардан аст. Манзури шоир дар ин шеър баръакс аст, то ин ки он мурдашӯйи ҳусн бо оби ҷамоли худаш ин мурдаи садсоларо дар гӯри худаш, ки косахонаи чашм аст, зинда кунад, ҳаёт бубахшад. Ҳамин тафовут миёни дониши қаблии мо аз ибораи «зинда дар гӯр ё зиндадаргӯр» худаш завқбахш ва шеързост. Ин байт бо ҳама ҷамолу камоли маънавияш дар ҳамин гуфтаҳо хулоса мешавад.
Заминаи аслӣ ва асосии ин навъ назари зебошиносӣ, ки тамоми фарҳанги суннатии моро фаро мегирифт, боз ҳамон ҳадиси маъруфи «Инналлоҳу ҷамилун юҳиббул ҷамол» (Худованд зебост ва баростӣ зебоиро дӯст дорад) мебошад. Бояд дар назар дошт, ки ин зебоӣ хориҷ аз ҳудуди амри худовандӣ нест, ин зебоии худописандона ва баҳраварии худописандона аст. Зеро амалан хости Худо наметавонад дар айни ҳол ғайри хостаи Ӯ бошад.
Ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъниҳои зиёдеро ба ин байт бастан, албатта, гирифтор шудан ба ҷилваҳои иҳоми шоирона аст, ки метавонад шуморо ба бунбаст кашад.