четверг, 25 февраля 2016 г.

ЯҚИН ДАР МАҶОЗ

ЯҚИН ДАР МАҶОЗ
Ман дар ин маҳшари пиндор туро меҷӯям,
Аз яқин соғари саршор, туро меҷӯям.
Мекашам хор ба дандон зи таҳи нохуни ёд,
Аз дили лаззати озор туро меҷӯям.
Бишканам садди забонҳои чу оташ печон,
Чу Сиёваш зи дили нор туро меҷӯям.
Эй кабӯтар, ту куҷо, шохаи зайтуни ту ку,
Пас аз ин кинаву пайкор туро меҷӯям.
То намонад зи дарат дур сари гардонам,
Ҳама ҷо, нуқтаи паргор, туро меҷӯям.
Дар дилам дастфишон рақс куниву чӣ аҷаб!

Ман зи Фарғонаву Тотор туро меҷӯям.1
******
1.Нимем зи Туркистон,нимем зи Фарғона. Мавлоно

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!