воскресенье, 28 февраля 2016 г.

ЗУҲУРИ ОФТОБ

Шеъри устод Гулрухсор такдим ба Рустам Ваҳҳоб ва Сиёвуш
Шеър исён аст, дард аст, 
Дарди дарди бедаво. 
Шеър дуди оҳи сард аст, 
Дар нафасҳо аз қафасҳо. 
Шеър раҳгумии хун аст, 
Дар найи шарёни ҳастӣ. 
Мӯҳри меҳри ошиқон аст, 
Дар лаби сӯзони ҳастӣ. 
Шеър ранги ҳаштуми рангинкамонҳост, 
Дар гулистони хазону пажмурида. 
Шеър дарёбад сари обилаҳоро, 
Аз хурӯши набзи сайди сарбурида. 
Шеър бемаргии рӯҳ аст, 
Дар фазои пастии аъмоли инсонҳо. 
Шеър покиву сафои шабнам аст, 
Дар булӯри барг, дар гулафшонҳо. 
Шеър ҷони зиндагиро, 
Дар вуҷуди хастаи дилмурдагон бахшад сурур, 
Шеър пайғоми шарор аст, 
Аз гули хокистари нур. 
Шеър хуни сарди набзи бардаҳоро
Сӯз бахшад, пуршарар созад. 
Бо дили шоир зибаски кор дорад, 
Бо сари шоир бибозад. 
Шеър ашку хуни нангу орҳост, 
Шеър нақши ёдгори ёдҳост, 
Шеър фарёди ҳама бедорҳост, 
Шеър Мансури азизи дорҳост! 
Шеър хуни инқилоб аст, 
Шеър шарҳи офтоб аст! 
Москва. 1996

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!