воскресенье, 28 февраля 2016 г.

Туҳфаи нав

"ДУРУСТ БИНАВИСЕМ" китоб шуд
Дар ин китоб шумори зиёди иштибоҳоте, ки ба такрор дар матбуот, таълифоти илмию бадеӣ ва гуфтори радиёву телевизион ба назар мерасад, баррасӣ гардидааст. Муаллиф шакли дуруст ва саҳеҳи калимаю ибораҳо, мавқеи корбурд ва тарзи баёни онҳоро тавзеҳ медиҳад. 
Ин китоб барои адибони ва хабарнигорони ҷавон ва умуман алоқамандони омӯзиши амалии забон судманд аст. Маводи он ҳамчунин бо салоҳдиди устодон метавонад дар дарсҳои амалии забоншиносӣ, услубшиносӣ ва матншиносӣ чун дастури таълимӣ ва василаи иловагии омӯзиш мавриди истифода қарор дода шавад

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!