четверг, 25 февраля 2016 г.

Маҳфили шеъри шоири









      Рузи 19-уми феврал, дар Хонаи адибони ба номи устод Мирзо Турсунзода маҳфили шеъри шоири маъруфи кишвар Рустами Ваҳҳоб, сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ», баргузор гардид, ки дар он Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Амриддин Кабиров, овозхони хушсадо Ҷаъфари Ҷалол ва дигарон ширкат варзиданд. Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳусни матлаъ бахшид. Ин маҳфил дар доираи чорабиниҳое сурат гирифт, ки масъулини адабиёт ва фарҳанги кишвар ба хотири бузургдошти Наврӯзи ҷаҳонӣ таҳия ва амалӣ карда истодаанд. Дар ҳамин чаҳорчӯба аз 19 то 24-уми марти 2016 ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои қаламрави Наврӯз баргузор мешавад. Маҳфили шеъри Рустами Ваҳҳоб оғозбахши силсилаи маҳофилест, ки шуъарои кишвар, аз ҷумла Гулназар, Меҳринисо, Раънои Мубориз, Зулфия, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Озар, Озарахш, Раҳмат Назрӣ, Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа, Низом Қосим, Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат то 19-уми март доир хоҳанд кард.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!