Ба мо салом макун, то саломро накушанд,
Кабӯтари ҳарами эҳтиромро накушанд.
Ба дашти ваҳшати мо пайки меҳрубон мафирист,
Ки он ғазоли ғазалхони ромро накушанд.
Матин дилам ба сафи ҳар намоз меларзад:
Ба рағми банда, худоро, имомро накушанд.
Куноми хеш нагиранд хайли хаффошон,
Магар ба теғи шафақ мурғи шомро накушанд.
Дигар на ҷанги ситора, набарди устура-ст,
Наёраманд, магар эҳтишомро накушанд.
Бигӯ ба бонии он кулбаи муҳаққари мо,
Ҳилоли соҷиди он гӯшабомро накушанд.
Ба чанги чангизиён шишапора мерахшад,
Ба ҳӯш бош, ки он Пири Ҷомро накушанд.
Ба боли нур гузар аз сарам, фариштаи меҳр,
Ба хоки мо начамӣ, ки хиромро накушанд.
Рустами Ваҳҳоб
Комментариев нет:
Отправить комментарий
Нигоҳи шумо!