Светлана Суслова - шоираи русизабони
Қириғизистон ба адабиёти пурмояи форсии тоҷикӣ ишқу алоқаи хос дорад ва
ахиран дар заминаи интихоби Гулрухсор –
Шоири Халқии Тоҷикистон аз рубоиёти Умари Хайём китоби тарҷумаи русии
рубоиёти Хайёмро ба сурати муқобала бо тарҷумаҳои пешини ин рубоиёт
анҷом додаст. Ин тарҷумаҳо, ки ба асоси тарҷумаҳои таҳтуллафзи
адабиётшиноси тоҷик Азимҷон Аминов сурат гирифтааст, аз назари мутобиқат
бо асли рубоиёти Хайём нисбат ба тарҷумаҳои қаблӣ имтиёзи рушан дорад.
Ҳамчунин як мақолаи илмиву таҳқиқотии муфассал, ки ба унвони пешгуфтори
ин китоб аз сӯи ин шоираи муҳаққиқ ва пажуҳанда нигориш ёфтааст, баракси
муаррифиҳои қаблӣ Хайёмро ба хонандагони русизабон ҳамчун ҳаким, ва
донишманди мусулмон мешиносонад. Ин шефтаи адабиёти форсии тоҷикӣ, ки
худро ба зарофат «Духтари Хайём» номидааст, таҳти таъсири рубоиёти ин
шоири ҳаким, дафтари рубоиёти худро эҷод намуда ва пайванди маънавии
худро бо Хайём дар рубоии зайл бисёр шоирона ва зебо баён фармудааст:
Хайём, ки таслими қазо мефармуд,
Яъне-«тани мо хишти касон хоҳад буд»,
Рӯҳаш ба вуҷуди наслҳо сарсон аст,
Дар ҷони ман омад, аз лабонам бисуруд.
Ва инак чанд рубоии ин шоираи шефтаи Хайём, ки ба тоҷикӣ баргардон шудааст, пешкаши хонандагони мӯҳтарам мешавад.
Хоке, ки нишемани нишоту ғами мост,
Ин оламу захмҳои хунафшонаш,
Чархест, ки аз азал ба даври қамар аст,
То сарват ҳаст фақр ҳам хоҳад буд,
Маҳмези ҳавас фикандамон дар таку тоз,
Шояд ки шабеҳаи хиёлем ҳама,
Яздон бари ту маро фиристод бад-он,
Танг аст тафаккур, ар сухан тӯлонист,
Дар соя нишаста он ду дарвеш ба роз,
Яъне-«тани мо хишти касон хоҳад буд»,
Рӯҳаш ба вуҷуди наслҳо сарсон аст,
Дар ҷони ман омад, аз лабонам бисуруд.
Ва инак чанд рубоии ин шоираи шефтаи Хайём, ки ба тоҷикӣ баргардон шудааст, пешкаши хонандагони мӯҳтарам мешавад.
СВЕТЛАНА СУСЛОВА
МАРВОРИДҲОИ ПАРЕШИДА
(Илҳом аз Хайём)
Бар паллаи солиёни бисёр худо
Пошида гуҳарҳои дурахшони ҳудо.
Он як чинад, зи гавҳар анбор кунад,
В-он лағзаду дарфитад ба зиндони фано.
***
Баҳрест зи мардумӣ пур аз шодиву дард,
Амвоҷ ба соҳилаш бувад гарми набард.
Ду қатра дар ин баҳр:-равони ману ту,
З-ин ҷумла чи сон ҷудояшон битвон кард?!
Хоке, ки нишемани нишоту ғами мост,
Гаҳ бистари шодмонӣ, гаҳ мотами мост,
Гаҳ ишқ, гаҳе ҷунун дар он ҳамдами мост,
Он хонаи аҷдодии мо, олами мост.
Хайём, ки таслими қазо мефармуд,
Хайём, ки таслими қазо мефармуд,
Яъне-«тани мо хишти касон хоҳад буд»,
Рӯҳаш ба вуҷуди наслҳо сарсон аст,
Дар ҷони ман омад, аз лабонам бисуруд.
Ин оламу захмҳои хунафшонаш,
Сад бор хабар расид аз поёнаш.
Ин роз вале худой медонаду бас:-
Фардо ба чӣ ҷилвае бувад ҷавлонаш?!
Чархест, ки аз азал ба даври қамар аст,
Мардум пайи сарват аз аҷал бехабар аст.
В-он кас, ки ба ҷовидон ҳамеандешад,
Дар олами ин беҳунарон раҳгузар аст.
То сарват ҳаст фақр ҳам хоҳад буд,
Чун сояву нуру шабу рӯзу... лобуд,
Дурангии ин ҷаҳон ниқобест тамом,
Дар асл нигар - ба ишқу зебоии худ.
Маҳмези ҳавас фикандамон дар таку тоз,
Менашнавем аз ҳазордастон овоз.
Дар пои гул афтем, магар, то бинем
Ин ҷилваи навбаҳор, ин маҳшари ноз.
Шояд ки шабеҳаи хиёлем ҳама,
Гар сангу ситора в-ар суфолем ҳама,
Ё барқу шамимему шукуфта гули сурх-
Руъёи пас аз ҳазор солем ҳама.
Яздон бари ту маро фиристод бад-он,
То Ховару Бохтар шавад яктану ҷон.
Ишқи қонун- қонуни ишқ аст яқин
Сарчашмаи поки ҷумла адёни ҷаҳон.
Ҳарчанд гуноҳкор будам зи сиришт,
Ҳарчанд гуноҳкор будам зи сиришт,
В-ин гуна ҳаким васфи моро бинавишт.
Шайх арчи ҷаҳонро ҳама бад гӯяду зишт,
Вопас бари ман омадаӣ ту зи биҳишт.
Танг аст тафаккур, ар сухан тӯлонист,
Дунёи ману ту паҳнаи кайҳонист.
Андеша чу пар кашад ба сӯи афлок,
Зоди раҳ-ш ҷуз ду ҳарф дар анбон нест.
Дар соя нишаста он ду дарвеш ба роз,
Гӯянд зи ранҷи раҳу хуршеду гудоз,
Асрори илоҳиву муноҷоту ниёз,
Дарвеши савум манам - дарахте ба фароз.
Тарҷумаи Рустами Ваҳҳоб. 2005