Субҳи Зорун чӣ сафое дорад,
Духтарон хонаву дар мерӯбанд.
Мӯсафеде масалан мегӯяд:
“Хӯҷа Аҳмад, бачаҳоят хубанд?”.
Остини пури гелоси Чаман
Рафта берун зи сари девораш.
Кӯдаке чинаду гӯяд ба дигар
Ҳарчи уфтод, ту мебардораш.
Роҳро шабнами субҳ об задаст,
Бӯйи хок аст, вале гарде нест.
Дили ҳар зарра яке хуршед аст,
Дар ҳама ҷо нигаҳи сарде нест...
Шеҳаи аспи Назар меояд
Аз сар теппаи сабзи Сурхун.
Мешавад шарфаи Сурхоб баланд,
Чӣ гапе ҳаст,
Худо хайраш кун.
(Рустами Ваҳҳоб)
Комментариев нет:
Отправить комментарий
Нигоҳи шумо!