Буҳрон чу мор печад дар ҷони одамият,
Ё Рабб, нигоҳ дор аз буҳрони одамият.
Эй, бубули саҳархез, ровии хоҷа Ҳофиз,
Ҳар субҳдам фурў хон Қуръони одамият.
Эй, нодиёни сарсахт, як лаҳза лаб набандед,
То як замон нахусбад виҷдони одамият.
Ҳар субҳ дар хиёбон аз бордони худрез
Резад замонаи дун хусрони одамият.
То кай чунин биборад аз бому дар ҳақорат,
Эй кошифони рози кайҳони одамият?!
Тайёра, тайр ин нест, ҷуз роҳи дайр ин нест,
Дар хатти сайр ин нест тайрони одамият.
Оли Имоми Аъзам! Соли Имоми Аъзам
Фурсат шумору нав кун имони одамият.
Бағдод дод ҷўяд дар хун тапад Фаластин,
Хезад зи хоки Афғон афғони одамият.
Ҳарфе зи одамият ифрот мешуморанд,
Гўё ба сар расида даврони одамият.
Аҳди азал ба ёд ор, байтулғазал ба ёд ор
Эй он ки баста будӣ паймони одамият.
Оё ки хушк гашта дарёи одамият,
Оё гуҳар намонда дар кони одамият.
Ҳарчанд ҳадди ман нест, ин аҷз садди ман нест,
То хешро бисозам қурбони одамият.
Ин тоҷикона сар, ки фармон намепазирад,
Тоҷаш бинеҳ ба торак фармони одамият.
Апрел-маи 2009 (Р.Ваххоб)
Комментариев нет:
Отправить комментарий
Нигоҳи шумо!