пятница, 1 апреля 2016 г.

نغمه‌ای تاجیکی برای همه فارسی‌زبانان

شناسه خبر: 880779 سرویس: فرهنگی


رستم وهاب‌نیا

رستم وهاب‌نیا جدیدترین سروده خود را به ضرورت همدلی بیشتر میان فارسی‌زبانان اختصاص داده است.

به گزارش خبرنگار فرهنگی خبرگزاری تسنیم، رستم وهاب‌نیا، از شاعران اهل تاجیکستان است که از او تاکنون آثار متعددی در حوزه شعر و نقد ادبی منتشر و روانه بازار کتاب شده است. او در جدیدترین سروده خود به موضوع «زبان فارسی» و «کشورهای فارسی‌زبان» اشاره کرده و وحدت میان این اقوام را دست‌مایه جدیدترین شعر خود قرار داده است.

سروده جدید او که با عنوان «کبک دری» منتشر شده به این شرح است:
تو را از دشت‌ها بر کوه راندند
ز کُه در در کام صد دامت کشاندند
کلاغ و کرکس و کلمرغ و کلخاد
همه گشتند با تو دشمن هاد
نوایت در گلو پیچید و خون گشت
و خونت چون سیاوش ریخت در تشت
چه تشتی که چو در خاکش نشاندند
ز لاله بر جهان آتش فشاندند
الا کبک دری فریاد داری؟
زبان مادری را یاد داری؟
چو ساقی چشم مستِ مست داری
دو ابروی بهم پیوست داری
حنای پای تو دارد شهادت
شفق بودست سرخیل نژادت
سحرخیزان به تو اخلاص دارند
به یادت کوه‌ها را پاس دارند
تو و آهوی کوهی هم‌تبارید
دو سرگردان ز یاران یادگارید
الا کبک دری فریاد داری؟
زبان مادری را یاد داری؟
به فیض‌آباد و دشت کبک‌ریزش
ببینی ریزش کبک و گریزش
به یاد آید تو را پهنای تاریخ
همایون اختری و نحس مریخ
گذر سازی به دشت جانورسوز
به یاد آید نواهای جگرسوز
به هر وادیست از تو یادگاری
چو سالک در طریقت استواری
الا کبک دری فریاد داری؟
زبان مادری را یاد داری؟
نشانی از بُت فرخار داری
چو آهوی بخاری یار داری
تورا در کوه سُرخان دیده بودم
ز احوال دلت پرسیده بودم
تو با الحان فرغانی سرودی
بدانستم همان هستی که بودی
بسی بگذشت بر آن روزگاران
به تندی مثل تیر جان شکاران
الا کبک دری فریاد داری؟
زبان مادری را یاد داری؟
تو از سنگ بدخشان رنگ بردی
بسا که جای گندم سنگ خوردی
ز بلخ بامیان آمد پیامت
که گردون تیر می‌بارد به بامت
تو را بیم عقاب تیز پر نیست
ز تیغ عصر کیهانت سپر نیست
نوایت لخت خون گردد عجب نی
که غم صد کوه و یک برگ طرب نی
الا کبک دری فریاد داری؟
زبان مادری را یاد داری؟
تورا در خون خود آغُشت خوهند
تو جان پاک و از تو گوشت خواهند
درای روزگاران ققبۀ توست
رهِ این کاروان از اقبۀ توست
چو یاد آرم ز «کبکان بی‌آزار»
منوچهری پدید آید به گفتار
تو در شعر دری نقش نگینی
به صورت هم به معنی دلنشینی
الا کبک دری فریاد داری؟
زبان مادری را یاد داری؟
اگرچه پارسا و گوشه‌گیری
اگرچه ساده و روشن‌ضمیری
زبان تو زبان آشنایی‌ست
نوای تو به لحن آریایی‌ست
اگرچه چون برادر با کبوتر
شدستی صلح را پیک و پیمبر
ولی همواره چرخ جنگ‌انداز
تو را بر جنگ وادارد به انباز
الا کبک دری فریاد داری؟
زبان مادری را یاد داری؟
چو بشنیدند کبکان این خطابم
صدا کردند از هر کو جوابم
ز بلخ و کابل و تبریز و کشمیر
کوهستان همالیا و پامیر
هرات و زابلستان و سیستان
ز هند و کاشغر، پهنای آلان
ز وخش و از حصار و از بدخشان
ز سغد و از قراتیگین و ختلان
بخارا و سمرقند و ز خوارزم...
فزون‌تر زان چه می آید در این نظم
که ما در پاس وحدت استواریم
امانت را همیشه پاس داریم
زهی کبک دری فریاد داری!
زبان مادری را یاد داری!
انتهای پیام/
http://www.tasnimnews.com/fa/news/1394/07/14/880779

نوروز و شاعران تاجیک (۵): رستم وهاب

http://www.bbc.com/persian/tvandradio/2014/03/140325_l26_tajik_poets_5?SThisFB
25 مارس 2014 - 05 فروردین 1393 به روز شده در 11:33 گرينويچ
Image captionرستم وهاب، استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
یکی از مجموعه های نوروزی بی‌بی‌سی فارسی که سیزده بخش است و در طول سیزده روز نوروز پخش می شود، برنامه ای است از سرزمین تاجیکستان.در هر یک از این برنامه ها ، زیورشاه محمد پای صحبت یک شاعر یا ترانه سرای تاجیک می نشیند.
پنجمین مهمان این مجموعه برنامه رستم وهاب، استاد دانشگاه ملی تاجیکستان و مسئول مجله ادبی صدای شرق است.این برنامه روز سه‌شنبه پنجم فروردین از چشم انداز بامدادی رادیوی فارسی بی‌بی‌سی پخش شده است.

вторник, 29 марта 2016 г.

FАЗАЛ

{амон осори Мансур аст ин дафтар, намесузад,
Мазан оташ ба хокистар, ки хокистар намесузад.
Бубинам гарr дар нори шафак фавxи кабутарро,
Ситеuи ку[  месузад, пари кафтар намесузад.
Шаби ялдои инсон аз фуругаш субхи давлат шуд,
Чароuе дар xа[он мисли дили модар намесузад.
Агарчи як Бухоро дафтару девон бар оташ рафт,
Якин омад гумон месузаду бовар намесузад.
Мабар, эй мурuи мину xои дигар ошён з-ин бог,
Гули боuе, ки шабнам дорад аз Кавсар намесузад.
Пайи [ар мури шабтобе дар оташ мезадам худро,
Дилам, то зиндаам бар холи худ дигар намесузад.
Аз ин оташ, ки дарди механам дар xони ман афрухт,
Аxаб бошад агар бар хоки ман мармар намесузад.(Р.Ваххоб)

Рубои

Зинхор, савоби кас гунох нашморанд,
Неки бикуни, туро наку медоранд.
Дар хидмати мардумон гар аз пой уфти,
Чун резаи нонат аз замин бардоранд.

З-онон нашави, ки ранг мепардозанд,
Ойина шикаста санг мепардозанд.
Ду байт накарда шеър ё назми дуруст,

Бо назми чахон ба чанг мепардозанд. (Р. Ваххоб)

воскресенье, 27 марта 2016 г.

СУННАТҲОИ АДАБӢ ҶОВИДОНААНД

(Нуктае аз омӯзаҳои Ҳамойиш)
Ҳамойиши адибони ҳавзаи Наврӯз ба поён расид. Дар давоми чанд рӯз дар фазоҳои гуногуни ҳама идона шеъри тоҷикӣ форсӣ дарӣ садо дод. Эҳсос мешуд, ки мардум беш аз суруду мусиқӣ ба шеър таваҷҷуҳ доранд. Дар хусуси натиҷаҳо ва овардаҳову бардоштҳое, ки аз ин Ҳамойиш ҳосил шуда, ҳоло то дергоҳе сухан хоҳанд гуфт. Дар ҳама кишварҳои ширкаткунанда. Агарчи ин бор нисбат ба Симпозиуми байналмилалии шеъри форсӣ дар масоили назарии шеър ва хусусан “шеъри нав” баҳсу баррасии камтаре сурат гирифт ва ҷойи он ба Симпозиуми илмӣ дар бораи Наврӯз дода шуд, ҳаройина ин фурсат комилан фароҳам шуда буд, ки мо асосҳои назарии шеъри навини тоҷикӣ форсӣ дариро амалан бишиносем. Натиҷаи аслӣ ин аст, ки:
АСОС ВА ҶАВҲАРИ ШЕЪРИ МУОСИРРО ДАР ҲАМАИ КИШВАРҲОИ ШИРКАТКУНАНДА СУННАТҲОИ АДАБӢ ТАШКИЛ МЕДИҲАД. ҲАМ ДАР ЖАНРУ ҚОЛАБҲОИ ШЕЪРӢ ВА ҲАМ ДАР СИСТЕМАИ СУВАРИ ХАЁЛУ АСОТИРИ АДАБӢ ВА ҲАМ АРЗИШҲОИ МАЪНАВИЮ АДАБӢ ВА ҲАТТО МАВЗӮЪӢ.
МУҲИМТАРИН ДАЛЕЛ ИН АСТ, КИ НА КАМТАР АЗ 90 ДАРСАДИ АШЪОРИ ДАР ИН ҲАМОЙИШ ИНТИШОРШУДА ВА ҚИРОАТШУДА ДАР ЖАНРУ ҚОЛАБҲОИ СУННАТӢ, ХУСУСАН ҒАЗАЛ, ҚАСИДА, МАСНАВӢ ВА ШОЯД 10 ДАРСАД ШЕЪРИ НАВИ БА ИСТИЛОҲ НИМОӢ БУД. ВА ИН ҲАМА, АЛБАТТА, БО ДАРУНМОЯИ НАВ ВА НИГОҲИ НАВИ ШОИРОНА.
Ба иборати дигар, метавон бо итминон гуфт, ки мо нозири амалӣ шудани ҳадафҳои Симпозиуми 50 сол пеш будем. Чӣ тавр? Агарчи бисёриҳои гумон доранд, ки Симпозиуми 1967 танҳо ва маҳз барои ташвиқи “шеъри нав” буд, бо мутолиаи муфассал дар маводди он маълум мегардад, ки ҳадафи аслии илмию назарии он дифоъ аз суннатҳои адабӣ дар баробари мавҷи баъзе навовариҳои бемаҳору бемеъёр будааст. Ба ин тартиб, ки барои навовариҳо меъёру қолабе шинохта шавад ва имкон дода нашавад, ки зери истилоҳи “шеъри нав” ҳар навъ сохтаҳои мавҳум ва беарзишу бемазмун чун моли адабиёт арза гардад ва аз тарафи дигар дар қолаби жанрҳои суннатии шеър ба сабку шеваи нав ва дарунмояву нигоҳи нави шоирона сухан гуфта шавад. Тоҷикистон то он замон ин таҷрибаро бо адабиёти навини худ дошт ва ба ҳамин хотир буд, ки мизбони он Симпозиум шуд.
Дар ин ҳамоиш мо ғазали нав, қасидаи нав, маснавии нав, таркиббанди нав, рубоиву дубайтии нав ва шеъри нави бомеъёру пазируфтаниро шунидем.

ТАСБЕҲИ РӮЗГОР


ДАСТИ ПАДАР
(Нақли падарам)

Бача будем, ки падарамон гузаштанд. 8-сола ё 9-сола будем. Аммаам бисёр вақтҳо бо мо буд. Ӯ одат дошт, ки тамоми рӯз зарфҳоро бо рег дар лаби ҷӯйи калони ҳавлӣ мешусту ба гуфти худаш «қатрон» мекард. Яъне об мегардонд.
Ман бемор будам. Таби баланд доштам. Аз фарти таб шабҳо то субҳ хобҳои ваҳшатнок медидам. Ҳатто рӯзона аз хоб метарсидам. Дар рӯи суфаи пеши хона хобида будам. Тобистон буд ва дар лаби ҷӯйи калони пеши хона аммаам мисли ҳамеша зарфҳоро мешусту қатрон мекард. Ман бо исрор аз ӯ мехостам, ки обам бидиҳад. Вале аммаам ба ман об намедод. Мегуфт таб дорӣ, зиёнат мекунад. Ман аз исрори зиёди бенатиҷа навмед шудам ва дар ҳоли яъс оҳиста-оҳиста садои баҳам хӯрдани зарфҳои чиниву мисӣ бо садои об омехта аз ман дуртару дуртар мерафт. Хобам бурд.
Дар хоб дидам, ки падарам бо ҳамон ҳайате, ки дар ёдам барои ҳамеша нақш бастааст: болобаланд, қавиҳайкал, бо риши баланди аз ду сӯ сафед ва миёна сиёҳ, домани ҷомааш бод гирифта ва ба ду сӯ баргашта, ба шаст аз дарвозаи ҳавлӣ ворид шуд. Фарёд кардам:
- Аво, об!
Падарам рост ба сӯйи ман омад, бо диққат ба рӯям нигоҳ кард ва сатилеро, ки дар канори суфа, дар танаи тут овезон буд гирифт ва ба сӯйи ҷӯйи калони канори ҳавлӣ равон шуд, то бароям об биёрад. Ин лаҳза аммаам, ки ҳамоно дар лаби ҷӯй буд аз ҷой хест ва гуфт:
- Абдулваҳҳоб! Сатилро чӣ кор мекунӣ? Ана ин косаро бигир, – ва ба сӯяш косаи дуғовиро дароз кард. Падарам бо ҳамон шаст баргашту сатилро дар мехи танаи тут овезон кард ва косаро аз дасти аммаам гирифту ба оби ҷӯй зад ва лабрез ба сӯйи ман овардаш.
Ман аз ҷогаҳ нимхез шуда, дастҳоямро аз ду сӯйи коса рӯйи дастҳои падарам гузошта, ҳарисона оби сарди гувороро дам мекашидам. На об тамом мешуд на ташнагии ман. Дар ҳамин ҳол бедор шудам. Нимхез будам ва дастҳоям ба пеш дароз. Ангор, ки ҳанӯз рӯйи косаи об ва дастҳои падарам. Якбора баргаштаму ба танаи тут нигоҳ кардам. Сатил дар ҷояш овезон буд ва гӯё меларзид.
Аз бемории ман ҳеч нишоне намонда буд.
Аммаам ҳанӯз дар лаби ҷӯй зарфҳоро қатрон мекард.

четверг, 24 марта 2016 г.

ДУХТАРИ ХАЙЁМ

Светлана Суслова - шоираи русизабони Қириғизистон ба адабиёти пурмояи форсии тоҷикӣ ишқу алоқаи хос дорад ва ахиран дар заминаи интихоби Гулрухсор – Шоири Халқии Тоҷикистон аз рубоиёти Умари Хайём китоби тарҷумаи русии рубоиёти Хайёмро ба сурати муқобала бо тарҷумаҳои пешини ин рубоиёт анҷом додаст. Ин тарҷумаҳо, ки ба асоси тарҷумаҳои таҳтуллафзи адабиётшиноси тоҷик Азимҷон Аминов сурат гирифтааст, аз назари мутобиқат бо асли рубоиёти Хайём нисбат ба тарҷумаҳои қаблӣ имтиёзи рушан дорад. Ҳамчунин як мақолаи илмиву таҳқиқотии муфассал, ки ба унвони пешгуфтори ин китоб аз сӯи ин шоираи муҳаққиқ ва пажуҳанда нигориш ёфтааст, баракси муаррифиҳои қаблӣ Хайёмро ба хонандагони русизабон ҳамчун ҳаким, ва донишманди мусулмон мешиносонад. Ин шефтаи адабиёти форсии тоҷикӣ, ки худро ба зарофат «Духтари Хайём» номидааст, таҳти таъсири рубоиёти ин шоири ҳаким, дафтари рубоиёти худро эҷод намуда ва пайванди маънавии худро бо Хайём дар рубоии зайл бисёр шоирона ва зебо баён фармудааст:
Хайём, ки таслими қазо мефармуд,
Яъне-«тани мо хишти касон хоҳад буд»,
Рӯҳаш ба вуҷуди наслҳо сарсон аст,
Дар ҷони ман омад, аз лабонам бисуруд.

Ва инак чанд рубоии ин шоираи шефтаи Хайём, ки ба тоҷикӣ баргардон шудааст, пешкаши хонандагони мӯҳтарам мешавад.
СВЕТЛАНА СУСЛОВА
МАРВОРИДҲОИ ПАРЕШИДА
(Илҳом аз Хайём)
Бар паллаи солиёни бисёр худо
Пошида гуҳарҳои дурахшони ҳудо.

Он як чинад, зи гавҳар анбор кунад,

В-он лағзаду дарфитад ба зиндони фано.
***
Баҳрест зи мардумӣ пур аз шодиву дард,
Амвоҷ ба соҳилаш бувад гарми набард.

Ду қатра дар ин баҳр:-равони ману ту,

З-ин ҷумла чи сон ҷудояшон битвон кард?!

Хоке, ки нишемани нишоту ғами мост,

Гаҳ бистари шодмонӣ, гаҳ мотами мост,

Гаҳ ишқ, гаҳе ҷунун дар он ҳамдами мост,
Он хонаи аҷдодии мо, олами мост.

Хайём, ки таслими қазо мефармуд,

Яъне-«тани мо хишти касон хоҳад буд»,

Рӯҳаш ба вуҷуди наслҳо сарсон аст,
Дар ҷони ман омад, аз лабонам бисуруд.


Ин оламу захмҳои хунафшонаш,

Сад бор хабар расид аз поёнаш.

Ин роз вале худой медонаду бас:-
Фардо ба чӣ ҷилвае бувад ҷавлонаш?!


Чархест, ки аз азал ба даври қамар аст,

Мардум пайи сарват аз аҷал бехабар аст.

В-он кас, ки ба ҷовидон ҳамеандешад,
Дар олами ин беҳунарон раҳгузар аст.


То сарват ҳаст фақр ҳам хоҳад буд,

Чун сояву нуру шабу рӯзу... лобуд,

Дурангии ин ҷаҳон ниқобест тамом,
Дар асл нигар - ба ишқу зебоии худ.


Маҳмези ҳавас фикандамон дар таку тоз,

Менашнавем аз ҳазордастон овоз.

Дар пои гул афтем, магар, то бинем
Ин ҷилваи навбаҳор, ин маҳшари ноз.


Шояд ки шабеҳаи хиёлем ҳама,

Гар сангу ситора в-ар суфолем ҳама,

Ё барқу шамимему шукуфта гули сурх-
Руъёи пас аз ҳазор солем ҳама.


Яздон бари ту маро фиристод бад-он,

То Ховару Бохтар шавад яктану ҷон.

Ишқи қонун- қонуни ишқ аст яқин
Сарчашмаи поки ҷумла адёни ҷаҳон.

Ҳарчанд гуноҳкор будам зи сиришт,

В-ин гуна ҳаким васфи моро бинавишт.

Шайх арчи ҷаҳонро ҳама бад гӯяду зишт,
Вопас бари ман омадаӣ ту зи биҳишт.


Танг аст тафаккур, ар сухан тӯлонист,

Дунёи ману ту паҳнаи кайҳонист.

Андеша чу пар кашад ба сӯи афлок,
Зоди раҳ-ш ҷуз ду ҳарф дар анбон нест.


Дар соя нишаста он ду дарвеш ба роз,

Гӯянд зи ранҷи раҳу хуршеду гудоз,

Асрори илоҳиву муноҷоту ниёз,
Дарвеши савум манам - дарахте ба фароз.

Тарҷумаи Рустами Ваҳҳоб. 2005

СУБҲИ ЗОРУН

Субҳи Зорун чӣ сафое дорад,

Духтарон хонаву дар мерӯбанд.
Мӯсафеде масалан мегӯяд:
“Хӯҷа Аҳмад, бачаҳоят хубанд?”.

Остини пури гелоси Чаман
Рафта берун зи сари девораш.

Кӯдаке чинаду гӯяд ба дигар
Ҳарчи уфтод, ту мебардораш.

Роҳро шабнами субҳ об задаст,
Бӯйи хок аст, вале гарде нест.

Дили ҳар зарра яке хуршед аст,
Дар ҳама ҷо нигаҳи сарде нест...

Шеҳаи аспи Назар меояд
Аз сар теппаи сабзи Сурхун.

Мешавад шарфаи Сурхоб баланд,
Чӣ гапе ҳаст,
Худо хайраш кун.

(Рустами Ваҳҳоб)

понедельник, 14 марта 2016 г.

БУЛБУЛ

Чӣ мехонӣ, ту эй булбул? Ҳама такрор мехонӣ,
Ҳамон як достонро ҳар саҳар сад бор мехонӣ.
Агар ман як сухан такрор гӯям, хурда мегиранд,

Касе бо ту намегӯяд, ки аз перор мехонӣ.
Найистонро майистон мекунӣ аз мавҷи овозат,
Расули «Мантиқуттайрӣ»-ю аз Аттор мехонӣ.
Навои Борбадро ҳеч кас чун ту намедонад,
Ҳазорон сол танҳо ту ҳамон адвор мехонӣ.
Ҳама дору дарахт аз нашъаи ту ранг мебандад,
Ту чун Мансур ҳар гаҳ бар фарози дор мехонӣ.
Паре аз каҷкулаҳ ҷаста, сафи мижгон ба ҳам
баста,
Саре бар осмон боло, қаландарвор мехонӣ.
Кӣ медонад, ки оёти Сулаймон аст, ё Довуд?
Кӣ мегӯяд, ки Ясно, ё ки Гоҳанбор мехонӣ?

Ту як мушти парӣ, охир, наметарсӣ, ки дар гирӣ?
Забони шуъла дар минқори оташбор мехонӣ.

Ҳамон донад, ки мушти хоки ту бо хуни ишқ
омехт,
Кадомин роз мегӯӣ, кадом асрор мехонӣ.
Феврали 2010
بلبل
چه می خوانی تو اي بلبل؟ همه تكرار می خوانی
همان يك داستان را هر سحر صد بار می خوانی
اگر من يك سخن تكرار گويم خرده می گيرند
كسی با تو نمي گويد كه از پيرار می خوانی
نيستان را ميستان می كنی از موج آوازت
رسول منطق الطيری و از عطار می خوانی
همه دارو درخت از نشأی تو رنگ می بندد
تو چون منصور هر گه بر فراز دار می خوانی
نوای باربد را هيچ كس چون تو نمي داند
هزاران سال تنها تو همان ادوار مي خوانی
که می داند که آیات سلیمان است یا داوود
که می گوید که یسنا یا که گاهنبار می خوانی
پری از كج كله جسته صف مژگان به هم بسته
سری بر آسمان بالا قلندروار مي خواني
تو يك مشت پری آخر نمی ترسی كه در گيری 
زبان شعله در منقار آتشبار می خوانی
همان داند كه مشت خاك تو با خون عشق آميخت 
كدامين راز می گوی كدام اسرار مي خوانی.
Р.Ваххоб

НАВРӮЗ


(дар ҳошияи тақвим)
Наврӯз рӯзи хилқати Инсон аст,
Рӯзи кушудани дари кайҳон аст.
Рӯзи шукуфтани гули Хуршед аст,
Рӯзи таваллуди маҳи Обон аст.
Наврӯз рӯзи тантанаи уммед,
Наврӯз рӯзи рӯйиши имон аст.
Рӯзи фуруд омадани фарвар,
Рӯзи фароз омадани Ҷон аст.
Наврӯз рӯзу соати мисоқ аст,
Ёдовари нахустин паймон аст.
Наврӯз рӯзи шустани лавҳи дил
Аз нақшҳои ботили шайтон аст.
Донӣ, чаро ба суфраи наврӯзӣ
Ойина дар баробари Қуръон аст?
То ки ба рӯйи хеш назар созӣ,
Рӯйи ту низ Мусҳафи Яздон аст.
Рӯзи фурӯғи ҷоми ҷаҳонбин аст,
Пайдоии нигини Сулаймон аст.
Шерозбанди маърифати Тӯрон,
Ойинаи тамаддуни Эрон аст.
Наврӯз рӯзи бастани Заҳҳок аст,
Рӯзи фирори галлаи девон аст.
Рӯзе, ки бод роиҳаи минуст,
Ҳар шоха хушку тар ҳама райҳон
аст.
Рӯзе, ки бо сухан натавон нозид,
Рӯзе, ки обу хок ғазалхон аст.
Рӯзе, ки баршумурдани авродаш
Дилсӯзтар зи чомаи Ҳассон аст.
Гар кор бандӣ, ин ҳама тадбир аст
В-ар ноз ҷӯйӣ, он ҳама афсонаст.
Наврӯз рӯзи адлу сахову ҷуд,
Наврӯз ҳамсиришти мусулмон аст.
Ҳар чиз ки Худо написандад, нест,
Маҷмӯаи худойписандон аст.
Наврӯз рамзи давлати Сомонист,
Кори ҷаҳон аз он чу ба сомон аст.
Рӯзе, ки ҳар куҳан бишавад тоза,
Дар бостон таровати бустон аст.
Боғи Нишоти хуррами Кашмир аст
Ҳар ҷой, ки шикаста биёбон аст…
***
Бозой, эй фариштаи фаррухпай,
Бозой, эй ки дар қадамат ҷон аст.
Бозой, ки ситода ба сад уммед
Дар остонаи ту кӯҳистон аст.
Минои субҳу он шафақ и рангин
Дар обгина лаъли Бадахшон аст.
Бозо ба даштҳои ҳазороняшт
Аз сабза сад саҳифаву девон аст. 
Бозову хуш хиром ба лоластон,
Ҳар лола як пиёлаи паймонаст.
Ранги дигар маҷӯй аз ин лола,
Якранг чун шаҳодати Нӯъмон аст.
Ҷони ҷаҳон ба домани ту бастаст,
Имрӯз, ки ҷаҳонт ба фармон аст.
Милоди ту валодати фарҳанг аст,
Оғози ту муқаддами Зарвон аст. 
Рӯзи заволи салтанати зулмат,
Рӯзи ҷалоли Оли Хуросон аст.

Феврали 2011
Рустами Ваххоб

среда, 9 марта 2016 г.

ОДАМИЯТ


Буҳрон чу мор печад дар ҷони одамият,
Ё Рабб, нигоҳ дор аз буҳрони одамият.
Эй, бубули саҳархез, ровии хоҷа Ҳофиз,
Ҳар субҳдам фурў хон Қуръони одамият.
Эй, нодиёни сарсахт, як лаҳза лаб набандед,
То як замон нахусбад виҷдони одамият.
Ҳар субҳ дар хиёбон аз бордони худрез 
Резад замонаи дун хусрони одамият.
То кай чунин биборад аз бому дар ҳақорат,
Эй кошифони рози кайҳони одамият?!
Тайёра, тайр ин нест, ҷуз роҳи дайр ин нест,
Дар хатти сайр ин нест тайрони одамият.
Оли Имоми Аъзам! Соли Имоми Аъзам
Фурсат шумору нав кун имони одамият.
Бағдод дод ҷўяд дар хун тапад Фаластин,
Хезад зи хоки Афғон афғони одамият.
Ҳарфе зи одамият ифрот мешуморанд,
Гўё ба сар расида даврони одамият.
Аҳди азал ба ёд ор, байтулғазал ба ёд ор 
Эй он ки баста будӣ паймони одамият.
Оё ки хушк гашта дарёи одамият,
Оё гуҳар намонда дар кони одамият.
Ҳарчанд ҳадди ман нест, ин аҷз садди ман нест,
То хешро бисозам қурбони одамият.
Ин тоҷикона сар, ки фармон намепазирад,
Тоҷаш бинеҳ ба торак фармони одамият.
Апрел-маи 2009 (Р.Ваххоб)

КИТОБИ НАВ

Китоби навини шоир Рустами Ваххоб бо номи "САЛОМ" дар худуди 255 сахифа бо тирожи 1000 дар интишороти "Адиб" ба нашр расид. Ашъори шоир бо фаслхои "Манзумахо", "Шеъри нав", "Газалиёт" "Шеъри кутох ва китъахо" манзури махзари завки хонандагон карор гирифт. Дар фасли манзумахо асосан ашъори ватандустона, ашъоре, ки маъниву мадрачащ оини ватандори. чавонмардиву футувват, дар хифзи нангу ном ва марзу буми ватан буданро фаро гирифтааст. Ин мавзуъи мухим, ки иршоди дилхо суи он матлаби мукаддасро шоир рисолати худ карор додааст, агар дар рафтору кирдору пиндори мардум амал бикунад вахдату ободии ватан, маърифати олии милли, огохии сиёсию давлати натичааш хохад буд. Дар ин фасл андешахои хакимона, хушдор додан аз хатархо, андарз ва дарси ватандори омухтани шоир ба чилва меояд. Мазомини мазбут дар ин фасли китоб канори бадеъияти латифи хунари нотакрори шоири , тозагии чашмасорона соф матлаби мухимтарин барои хар шахс канори хам омадааст:
Истода ту дар мукобили туфон,
Як дехаи муштипар дар огушат,

Эй пири муроди банда Лозуркух,
Хошо, ки даме кунам фаромушат.

Селоб ба руи синаат канда,
Аз карн ба карн даррахои жарф.

Гах чомаи сабзи хусравон дори,
Гах хиркаи суфи суфиён аз барф.

То ин дам вожаи "бахор"--ро ё ибораи "бахори ватан"-ро бо таркиби ширину таъсиргузори "чомаи сабзи хусравон" дучор наомада будам. Ё худ зимистони ватанро бо "хиркаи суфи суфиён" ташбех кардан мутаносибу шоирона аст. Идомаи шеър боз хам латифтару бадеъ аст:
Гулбонги азони бомдодонро,
Ту харф ба харф мекуни такрор.

Хар чо ки будам, тамоми умри худ,
Ман мешудам аз хамин садо бедор.

Гулбонги азони бомдодони ватанро дар вакту фазо ва замону макони берун аз ватан хам бо худ доштани шоир ба ин садо бедории хамеша доштани ишки ватан сутудани ва фарзи пайравист.
Ашъори ватандустонаи Рустами Ваххобро ман аз ашъори шоирони дигар , ки дар ин мавзуъ бахшида шудааст бо он тарчех медихам, ки хеле гарму хассос аст ва бо чону дил суруда шудааст. Ашъори ватандустонаро мутаассифона хушку шиори сурудани шуаро беш ба назар мерасад.Ин гуна ашъор бештар назм яъне каломи муназзам аст на шеър. Шеър бо оли будани мазмун ва мучаллову чозиб будани бадеъият аз хамаи шаклхои адаби тарчех дорад. Шеър бидуни бадеъияту мантику фалсафааи андеша, инкилоби ишку эхсос каломи муназзам асту бас, ки хар гуянда ба гуфтанаш кодир аст. Хушбахтона ашъори механпарастонаи Рустами Ваххоб мазмуни созандаро дар канори бадеъияти забарчадиву зарнисор карор додааст, ки хонанда шеърро бо ишку иродат хонда андеша ва дилро бо неруи эхсоси созанда бархурдор мекунад. Дар шеъри "Лозуркух", ки бо ин шеър китоб ифтитох мешавад, тозагии баён, зебоии забон, парвози андеша бадеъяту латофати нозук шеърро сазовори дуст доштани мо кардааст.

Мисли хати сарнавишти бетахрир,
Ин хат ба нигохи ман мучассам буд,

Тумори мукаддаси балогардон,
Чун хатти васияте зи Одам буд.
Бигзор, ки хар хате шавад ботил,
Зинхор на ин нишонаи такдир,

Бигзор ки дар гуруби хунинаш,
Бар гардани ман биёяд ин шамшер.

Рустами Ваххоб ватани азизу мукаддас ва ягонаро чун хати сарнавишти бетахрир, тумори мукаддаси балогардон, хати васияти Одам, нишонаи такдир, шоми ид, махзари рухи бешикаст мактабхо, сахнаи театр, боги наботу Шохи набот, бенихояту беогоз, тархи навини роххо, рохкушо, бурчи порсо, Албурзи шукухи хештандорй, чангули ошуб, ситоиш кардаву дуст доштааст. Шоир хатто нешхои садзабони ахли зулматро ба хотири ватани азиз ва бо ватан будан тахаммул мекунад:
Харчанд, ки неши садзабон хурдам,
Озори касе начустам аз озарм.
Яъне шоир дар ин шохбайт хадафи дигаре дорад, ки ватандоронро ба адаб ва маданият, хирад вахдату ватандори даъват мекунад ва парешониву пархошро маслихат намедихад. Яъне танхо сулху вахдат саодати ватану ватандорон аст. Роххои ободу озода, ки дар хар рох ба чор суи Точикистон ишку мехр тамаддуну ободи сафар мекунад шоирро шод мекунад ва инкори ин хама ободиро ки дар назари мо рузафзун аст намешавад кабул кард.
Эй рохкушо, туро сано хонам,
Хайре ба чахон чу рахкушои нест.

Сад гуна нисор мекунад мардум,
Аммо ба савоби ин Худои нест.

Дар манзумаи зебо бо номи Лозуркух бовархои мардуми низ чо гирифтааст:
Бигдохта оташи дилат лозур,
Чорист зи чашмат оби оина.

Хар кас ки бидод руи худ дар он
Дар у нагирифт сехри бадкина.

Дар байни точикон зиёрати чойхои мукаддасу таърихи одат аст, ва санге ё хоке аз он чо бо худ гирифтан низ, ки гуё одамро аз бадии бадкорон начот медихад. Дар шеъри "Оинаи якруи"андешаи жарф дар канори бадеъияти шигарф карор дорад.
Эй толиби Сосони, эй вориси Сомони,
Кас домани ин давлат нагрифт ба осони.

Ободии механро имруз хамебояд,
Бозуи Каюмарси, тадбири Сулаймони.

Дар ин шеъри мамлуи мазомини тоза ва лаёни аз бадеъият хадафи шоир даъват ба вахдату сулх ва якандеши аст, накухиши махалгарои, канорагири аз ифтихори пуч, масъулиятшиноси ва ибтикорро хидмати ифтихори ватандори овардан, гузаштагони каёни худро фаромуш накардан,парешони ва парешонандеширо завол додан, таъсир напазируфтан аз бадхохони ватан,хиради сиёси доштани хар сохибватан аст.
Хама дасти бегона бусанду бас
Зи худ нашмаранд хеч касро ба кас.

Зи дехе барояд яке шермард,
Дигар дех нишинад ба андуху дард.

Дар ин сухани кам ин кадар дарди бузург мисли доруи хурде шифои дарди беинтихо бошад. Шоир ин чо бегонапарасти махалгарои, ки шуълае аз он ватансуз аст мазаммат кардааст.
Муганни бизан пардаи рохи рост,
В-агар дар сари рохи рост аждахост.
Чу аз Соми якзахм ёд овари,
Ба як захма сад аждахо бишкари.
Дил аз качравони равонкач гирифт,
Най овар, ки аз чангам ояд шигифт.



Натобид як бехуди аз худи,
Зи бегона бархост дасти бади.
Ба подоши лагзиш ба соле хазор,
Хама магзи сар дод бар хурди мор.
Муганни кучои ки мори дигар,
Зи андешаи мо бароварда сар
Мору аждар тимослест, ки шоир дар ботини он афродеро дар назар дорад, ки ватанро ба китъа китъа, пора - пора, чудо кардан мехоханд ва миллати ба шумор кам ба таъриху тамаддуни фарханг бузургро ба завол мекашанд.
Дар ин китоб беш аз бист манзумаи оли бо мадрачи ватандустона омадааст, ки тафсиру шархи онро ба баъд мегузорем ва холо абёти аълову дилпазир дар ин мавзуро хидмати хонандагон бидуни тавзех меорем:
Точикистон захми носури дилам,
Точикистон ранги макдури дила  
******
Эй бародар, дусти ё душмани,
Ин замон бо мо ба як пирохани.
Бемасал пирохани мо механ аст,
Беш аз ин чону тани мо механ аст.
Чашми бино бе Ватан кур аст кур,
Оби хайваон бе Ватан шур аст шур.
******
То набошад халки моро иттиход,
Ин ватандорист хамчун абру бод.
Боги вахдат аз ватан пуё шавад,
Куштаи гурбат зи нав эхё шавад.
Тушаи марди сафар ёди Ватан,
Хотири чамъаш дили шоди Ватан.
                                               ******
Чист миллат? Вахдати дунёи мост,

Души мо имрузи мо фардои мост.

                                              ******
Вахдати миллат бакои миллат аст,

Устувор аз муддаои миллат аст..
Адибаи Мирзо.

БА МО САЛОМ МАКУН

Ба мо салом макун, то саломро накушанд,
Кабӯтари ҳарами эҳтиромро накушанд.
Ба дашти ваҳшати мо пайки меҳрубон мафирист,
Ки он ғазоли ғазалхони ромро накушанд.
Матин дилам ба сафи ҳар намоз меларзад:
Ба рағми банда, худоро, имомро накушанд.
Куноми хеш нагиранд хайли хаффошон,
Магар ба теғи шафақ мурғи шомро накушанд.
Дигар на ҷанги ситора, набарди устура-ст,
Наёраманд, магар эҳтишомро накушанд.
Бигӯ ба бонии он кулбаи муҳаққари мо,
Ҳилоли соҷиди он гӯшабомро накушанд.
Ба чанги чангизиён шишапора мерахшад,
Ба ҳӯш бош, ки он Пири Ҷомро накушанд.
Ба боли нур гузар аз сарам, фариштаи меҳр,
Ба хоки мо начамӣ, ки хиромро накушанд.
Рустами Ваҳҳоб

ҒАМҲОИ ТУ




Ҳар шабам ғамҳои ту дар хуни дил тар мекунад,
Орзуи нолае дорам, ки маҳшар мекунад.


Ғайри ман дар арсаи ишқи ту даъвогар намонд,
Зиндагонӣ ҷои ҳар касро муқаррар мекунад.


Ҳар гаҳе аз ноумедӣ тан ба мурдан медиҳем,
Ишқ ногаҳ мерасад, моро музаффар мекунад.


Ҷисми худро мекунад сангар сари роҳи адӯ,
Ҳар касе андешае аз хоки модар мекунад.


Кист он устози мумтозе, ки бо зӯри ҳунар,
Аз парешон хоки мо таъмири пайкар мекунад?


Сад шуҷоат мешавад дар пушти сангар бенишон,
Гар хиёнат он яке аз пушти минбар мекунад.


Эй басо кас, ки чу ҷон андар бараш мепарварӣ,
Чун ба садрат менишинад, кори барбар мекунад.


Шоиро, андар дуроҳи интихоб уфтодаӣ,
Мекунад теғи забон коре, ки ханҷар мекунад?


Ҳар киро дар дил бувад дардеву дар хотир ғаме,
Шеъри моро, в-ар на за бар кард, бовар мекунад.

воскресенье, 6 марта 2016 г.

МОДАР

 Марав бар ҳар даре, эй тифлаки ман,
Ки пушти ҳар даре ҳамдам наёбӣ.
Даме, ки доғи ман сӯзад дилатро
Басе ҷӯӣ, вале марҳам наёбӣ.
Марав бар ҳар даре, эй тифлаки ман.
Туро ин кулбаи хокии ман бас,
Ки ин ҷо оламе меҳру сафо ҳаст.
Падар беҳтар зи ҷонат дӯст дорад,
Канорат модари мушилкушо ҳаст.
Туро ин кулбаи хокии ман бас.
Булӯре бо дурахши дилфиребаш
Туро бар хонаи ҳамсоя хонад.
Равӣ аз пушти ҳамсоя чу соя,
Туро дар пушти дар чун соя монад.
Булӯру он дурахши дилфиребаш!
Машав ғамгин, биё, баргард, ҷонам,
Булӯри чашмаконатро ба ман ор.
Мабодо бишканад нури ҳаёшон,
Булӯри чашмҳоятро нигаҳ дор.
Худоро,
тифлаки ман, тифлаки ман,
Булӯри чашмҳоятро нигаҳ дор!
(Рустами Ваҳҳоб)

Модар


Зани тоҷик моми Буъалӣ буд
Ва ё монанди Робиъа валӣ буд.
Нахуст аз мактаби Модар гузашта
Ба ҳар ҷо тоҷики соҳибдиле буд.

Занонро гар зи дониш зеваре хаст,
Умеди рузгори бехтаре хаст.
Агарчи аз занон пайгамбаре нест,
Хама пайгамбаронро модаре хаст. 

 (Рустами Ваххоб)