суббота, 22 июня 2013 г.

ЯК СУБҲ

ЯК СУБҲ

 Ман ба ёди ту зиндаам то ҳол,
То намеёбамат, намемирам.
Ман туро боз мекунам пайдо,
Коми худро зи ишқ мегирам.
 Гар ба сӯзан дили маро кобанд,
Ҷуз туву ишқи ту намеёбанд.
Тору пӯди гузаштаҳоям ту,
Ҳастиям пора-пора ёди ту аст,
Гоҳ-гаҳ хандаи ғамолудам
Нашъаи ёду хотироти ту аст.
 Ту ба ман ин қадар қарин будӣ,
Ту ба ман ин қадар қарибӣ ҳанӯз.
Бо ҳамон нозҳои тифлона,
Гарму ширину дилфиребӣ ҳанӯз.
 Атри зулфони ёсуманбӯят
То кунун дар машоми ман боқист.
Ҷуръае аз майи сабӯи маҳат,
То кунун ҳам ба ҷоми ман боқист.
 Гуфтаӣ, рӯзгори ботадбир
Аз дилат тард мекунад моро,
 То бувад зиндагоният обод
Зиндагӣ сард мекунад моро.
 Ё ман аз ҳукми зиндагӣ дурам,
Ё ки ишқат зи зиндагӣ зӯр аст,
На, на бе ишқи ту барои дилам
Зиндагӣ нест, ин ҷаҳон гӯр аст.
 Ту насиби манӣ, ба ҳар ҷоӣ,
Аз манӣ, эй ки сахт зебоӣ.
Боз як субҳи поки тиллоӣ
Аз ҷаҳон дар канори ман оӣ.
То намеёбамат, намемирам.

Соли 1989


ҲАР ГАҲЕ АЗ ТУ МЕШАВАД ОЛАМ

ҲАР ГАҲЕ АЗ ТУ МЕШАВАД ОЛАМ

 Бингарӣ, фавҷи булбулони ҳазин,
Месарояд таронаҳои алам,
Лаҳзае хешро фаромӯш кун,
Шоядо, дар миёна ман бошам.
 Бингарӣ, селае кабӯтарҳо
Риштаи офтоб дар дунбол,
Мавҷзан сӯйи осмон бипаранд
Ҳамчу авҷи таронаи иқбол,
Нигаҳе он тараф фирист ту ҳам,
Шоядо, дар миёна ман бошам.
  Ё бубинӣ, ки шабнами гулҳо
Сӯйи ту чашмҳои пурнуранд,
Акси рӯйи туро ба дил доранд,
Лаҳзае чанд бо ту масруранд,
Рав, ба наздикшон бишин як дам,
Шоядо, дар миёна ман бошам.
 Як-ду барги хазони бемаҳале
Дар хиёбон чу бар сарат резанд,
Хештанро чу ошиқи маҷнун
Дар бару домани ту овезанд,
Зуд аз худ маронашон ба ситам,
Шоядо, дар миёна ман бошам.

Ҳар гаҳе булбулон туро хонанд,
Ҳар гаҳе кафтарон туро ҷӯянд,
Ҳар гаҳе шабнамон туро бинанд,
Баргҳо ҳам туро дуо гӯянд,
Ҳар гаҳе аз ту мешавад олам,
Бегумон, дар миёна ман бошам.

Соли 1989


ҶОМИ ВОЖГУН

ҶОМИ ВОЖГУН

 Дил гирифтам аз ҳама ҳангомаҳо,
Чор сӯро бингарам, тадбир нест.
Ончи дар ман монда аз буду набуд,
Ҷуз ҳамин фарёди бетаъсир нест.
 Ку, куҷо шуд он ҳама завқу нишот?
Ку, куҷо шуд он ҳама шӯру ҷунун?
Осмон борад агар оби ҳаёт,
Ҷоми худро ман ниҳодам вожгун.
 Он сабӯ бишкасту он соқӣ намонд,
Дидаро завқи нигаҳ боқӣ намонд.
Мезанад олудагиҳо оташам,
Ташнаи як қатра оби беғашам.
 Пок буданро ниҳодам ҷон гарав,
Ногузирам ҷон бибояд бохтан.
З-ин муҳите, ки «будан» «олудан» аст,
Боядам аз буд берун тохтан.
 Бигсалам занҷирҳои бардагӣ,
Чун малак берун парам з-ин хокдон,
Сар ниҳам бар домани поки Худо,
Чашм барбандам ба хоби ҷовидон.

Соли 1990


пятница, 21 июня 2013 г.

Булӯр

Булӯр
 Панди модар
 Марав бар ҳар даре, эй тифлаки ман,
Ки пушти ҳар даре ҳамдам наёбӣ.
Даме, ки доғи ман сӯзад дилатро
Басе ҷӯӣ, вале марҳам наёбӣ.
Марав бар ҳар даре, эй тифлаки ман.
 Туро ин кулбаи хокии ман бас,
Ки ин ҷо оламе меҳру сафо ҳаст.
Падар беҳтар зи ҷонат дӯст дорад,
Канорат модари мушилкушо ҳаст.
Туро ин кулбаи хокии ман бас.
 Булӯре бо дурахши дилфиребаш
Туро бар хонаи ҳамсоя хонад.
Равӣ аз пушти ҳамсоя чу соя,
Туро дар пушти дар чун соя монад.
Булӯру он дурахши дилфиребаш!
 Машав ғамгин,
                        биё, баргард, ҷонам,
Булӯри чашмаконатро ба ман ор.
Мабодо бишканад нури ҳаёшон,
Булӯри чашмҳоятро нигаҳ дор.
Худоро,
тифлаки ман, тифлаки ман,
Булӯри чашмҳоятро нигаҳ дор!

Соли 1989