суббота, 22 июня 2013 г.

ҲАР ГАҲЕ АЗ ТУ МЕШАВАД ОЛАМ

ҲАР ГАҲЕ АЗ ТУ МЕШАВАД ОЛАМ

 Бингарӣ, фавҷи булбулони ҳазин,
Месарояд таронаҳои алам,
Лаҳзае хешро фаромӯш кун,
Шоядо, дар миёна ман бошам.
 Бингарӣ, селае кабӯтарҳо
Риштаи офтоб дар дунбол,
Мавҷзан сӯйи осмон бипаранд
Ҳамчу авҷи таронаи иқбол,
Нигаҳе он тараф фирист ту ҳам,
Шоядо, дар миёна ман бошам.
  Ё бубинӣ, ки шабнами гулҳо
Сӯйи ту чашмҳои пурнуранд,
Акси рӯйи туро ба дил доранд,
Лаҳзае чанд бо ту масруранд,
Рав, ба наздикшон бишин як дам,
Шоядо, дар миёна ман бошам.
 Як-ду барги хазони бемаҳале
Дар хиёбон чу бар сарат резанд,
Хештанро чу ошиқи маҷнун
Дар бару домани ту овезанд,
Зуд аз худ маронашон ба ситам,
Шоядо, дар миёна ман бошам.

Ҳар гаҳе булбулон туро хонанд,
Ҳар гаҳе кафтарон туро ҷӯянд,
Ҳар гаҳе шабнамон туро бинанд,
Баргҳо ҳам туро дуо гӯянд,
Ҳар гаҳе аз ту мешавад олам,
Бегумон, дар миёна ман бошам.

Соли 1989


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!