Булӯр
Ки пушти ҳар даре ҳамдам наёбӣ.
Даме, ки доғи ман сӯзад дилатро
Басе ҷӯӣ, вале марҳам наёбӣ.
Марав бар ҳар даре, эй
тифлаки ман.
Ки ин ҷо оламе меҳру сафо ҳаст.
Падар беҳтар зи ҷонат дӯст дорад,
Канорат модари
мушилкушо ҳаст.
Туро ин кулбаи
хокии ман бас.
Туро бар хонаи ҳамсоя хонад.
Равӣ аз пушти ҳамсоя чу соя,
Туро дар пушти
дар чун соя монад.
Булӯру он дурахши
дилфиребаш!
биё,
баргард, ҷонам,
Булӯри чашмаконатро
ба ман ор.
Мабодо бишканад
нури ҳаёшон,
Булӯри чашмҳоятро нигаҳ дор.
Худоро,
тифлаки ман,
тифлаки ман,
Булӯри чашмҳоятро нигаҳ дор!
Соли 1989
Комментариев нет:
Отправить комментарий
Нигоҳи шумо!