Устоди гиромиқадр шодрӯз бароятон шоду нуш бод ва ҳар рӯзатон пур аз шоҳбайту ғазалҳои тоза! Пайраву ҷойгузини бузургони адабу фарҳанги мардумамон бошед! Худованд нигаҳдоратон бод.
четверг, 4 мая 2023 г.
суббота, 25 февраля 2023 г.
Поёни ин ҷаҳон аст
"Поёни ҷаҳон"
Рӯзе ҳаё намонад, поёни ин ҷаҳон аст,
Шарм аз Худо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе, ки дасти сабзе боло бар осмонҳо,
Баҳри дуъо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе, ки халқи олам душман шаванд бо ҳам,
Ду ошно намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Кӯдак ба сар битозад бозору сӯйи мактаб,
Як бор по намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе, ки ағниёнро касбе барои рӯзӣ,
Ғайр аз рибо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе, ки бевафойӣ қонунӣ ом гардад,
Қадри вафо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе, ки одамият боқӣ намонд...
-Олам-
Монад ва ё намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
✍️ Рустами Ваҳҳоб
четверг, 5 мая 2022 г.
Мавлуд хуҷаста бод
Устоди гиромӣ мавлуди хуҷаста бароятон шоду нӯш бод ва ҳар рӯзатон пур аз шоҳбайту ғазалҳои тоза! Пайраву ҷойгузини бузургони адабу фарҳанги мардумамон бошед! Худованд нигаҳдоратон бод.
Шоире, ки розу созӣ зиндагӣ ифшо кунад
Бо сухан аз қатраи ноби сухан дарё кунад.
Он қадар лабрез аз шаҳди маъонӣ гуфтааш
Набзро набз бахшаду як набзи нав эҳё кунад.
Мисраҳояш мисра-мисра дарки маргу зиндагист,
Мисраҳои ҷонфизоӣ хеш ба ҷонҳо ҷо кунад.
Гуфтаҳояш бемуҳовот мерасанд аз дил ба дил,
Бар дилу бар дидаҳо ҳарфи лабаш маъво кунад.
ЗОДРӮЗИ ШОИРИ САРШИНОСИ ТОҶИК ФАРХУНДАВУ НАКӮ БОШАД!
Наргис.
понедельник, 20 сентября 2021 г.
Рӯҳу равонашон шоду хонаи охираташ обод бошад 🤲
среда, 5 мая 2021 г.
Мавлуд муборак бошад устоди гиромӣ
Устоди азиз, Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон аз номи кулли хонандагони торномаи ШАХРИ ХУРШЕД табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам , Хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастам. Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.
четверг, 17 сентября 2020 г.
Тӯҳфаи нав
КИТОБИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМ ВАҲҲОБЗОДА БО НОМИ "ҲАЗОР БАЙТ" БО САРСУХАНИ РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН УСТОД НИЗОМ ҚОСИМ АЗ ТАРАФИ НАШРИЁТИ ДАВЛАТИИ "АДИБ" БА ЧОП РАСИД.
Кафтарони сапедболи ман,
Байтҳои ҳақу ҳалоли ман,
Чун ба боми диле фуруд оед,
Нома бинҳеду бол бикшоед.
کفتران سپیدبال من
بیت های حق و حلال من
چون به بام دلی فرود آیید
نامه بنهید و بال بکشایید.
"Шеър аслан мухтасаргўист. Яъне, дар ҳаҷме хурд гуфтаниҳои бузургро гунҷондан ва ё бо сухане андак хонандаро ба андешидану дарёфтани маъниҳое густурда таҳрик бахшидан. Лекин вақте ки шоир худро дар ҳудуди ду сатр маҳдуд мекунад, ин рисолат бамаротиб меафзояд ва ў бояд дар ин ду сатр маъние бигўяд ё тасвире бинамояд, ки ҳам комилу тамом бошанд ва ҳам ҷиҳати тавсиаву такмилашон барои хаёлу андешаи хонанда фазое мусоид муҳайё бикунанд.
Масалан, фазое, ки шоир дар байти зерин муҳайё кардааст, фикри хонандаро аз майдон ба осмон мебарад ва зимнан оид ба лашкаркашиву лашкаркашон, ҳадафҳои теғгириву камонкашӣ, маҳдудиву номаҳдудии сафи сарбозон ва дигар ҷиҳатҳои мавзўъ ба андешаву тафаккури фаровоне водор мекунад:
Лашкар нахоҳад он ки ба каф теғи ҷон гирифт,
Хуршед як тан аст, вале осмон гирифт..."
(Шоири халқии Тоҷикистон устод Низом Қосим)
пятница, 28 августа 2020 г.
Муборак бошад
Устод Рустам Ваҳҳобзода, сардабири нашрияи миллии адабии "Садои Шарқ" барои хидматҳои арзанда дар рушди адабиёти миллӣ аз ҷониби сарвари адабпарвари кишвар ба унвони баланди ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН сазовор гардиданд. Муборак бод ба устод ва ҳаводорони сухани баланди эшон!
вторник, 28 апреля 2020 г.
.
Расиди бар муборк зинаи шаст,
Зи пушти шаст,шасти тозае ҳаст.
Ба лутфи Ҳақ ,туи кони ғановат,
Калиди ганҷи куҳистонӣ дар даст .
Туи як таҳмтан дар тинати давр,
Ки афкорат бассе аз бандҳо раст.
Равонаст шеъри нобат бо зулоли,
Хумори ташнагони хеш бишкаст.
Муборак модареро,ки туро зод ,
Ба тахти модарони беҳ биншаст .
Бихоҳад Нуридин иқболу бахтат,
Мудом моҳии тилот бод бар шаст.
.
Нуриддини Садриддин
вторник, 3 марта 2020 г.
Баҳор
Мебарояд зи қалби хок бухор,
Мерасад бар димоғ атри баҳор,
Қаҳқаҳи кабки маст дар куҳсор
Хуштар аст аз садои мусиқор,
Ҳолиё даст аз шикор бидор,
Хуни лола бас аст баҳри нигор.
Суғр биншаста рӯйи лонаи хеш,
Даст пеши бару ба чонаи хеш,
Гӯиё хонадат ба хонаи хеш,
Чӣ бувад баъд аз ин баҳонаи хеш,
Наравад то ба кулбаи торик,
Ҳечаи тангу раҳрави борик?
Хирс аз хоби сакта мехезад,
Паҳлавонона қад ҳамеёзад,
Мезанад панҷа, барф мебезад,
Тарма аз рӯйи ғор мерезад,
Мениҳад по ба олами равшан,
Маст аз бӯйи тунди овешан,
Сараш аз раъша чарх мегардад,
Чашмаш аз нашъа сурх мегардад.
Чархаресак ду бол карда чу шоф,
Мекунад даври ҷурзи пир тавоф,
Бо садои булурии шаффоф
Бо ту гӯяд магард гирди газоф,
Ман садо ресаму ту қисса бибоф,
Ман садо ресаму ту қисса бибоф...
Чашма дорад чу кафтарон қум-қум,
Пок созад гулӯи худ аз қум,
Соф гашта чу нийяти мардум,
Дар зулолаш нишоти софии хум,
Лаззати шаҳди шираи гандум,
Қатра-қатра чу хушаи анҷум
Мекашад раҳ ба хонаи дарё
Побараҳна зи бистари гулҳо.
Турнаҳо корвони болафшон,
Оби дарёву мавҷи ёлафшон,
Хонатакконии шамолафшон,
Гулфишонист дар ниҳолафшон,
Чархи гардуну рақси солафшон,
Бӯйи ҷонҳо зи хок меояд,
Боз Наврӯзи пок меояд.
(Рустами Ваҳҳоб)
воскресенье, 21 октября 2018 г.
Орзуи нолае дорам, ки маҳшар мекунад.
Ғайри ман дар арсаи ишқи ту даъвогар намонд,
Зиндагонӣ ҷои ҳар касро муқаррар мекунад.
Ҳар гаҳе аз ноумедӣ тан ба мурдан медиҳем,
Ишқ ногаҳ мерасад, моро музаффар мекунад.
Ҷисми худро мекунад сангар сари роҳи адӯ,
Ҳар касе андешае аз хоки модар мекунад.
Кист он устози мумтозе, ки бо зӯри ҳунар,
Аз парешон хоки мо таъмири пайкар мекунад?
Сад шуҷоат мешавад дар пушти сангар бенишон,
Гар хиёнат он яке аз пушти минбар мекунад.
Эй басо кас, ки чу ҷон андар бараш мепарварӣ,
Чун ба садрат менишинад, кори барбар мекунад.
Шоиро, андар дуроҳи интихоб уфтодаӣ,
Мекунад теғи забон коре, ки ханҷар мекунад?
Ҳар киро дар дил бувад дардеву дар хотир ғаме,
Шеъри моро, в-ар на за бар кард, бовар мекунад.
Устод Рустами Ваҳҳоб.
четверг, 28 декабря 2017 г.
СУХАНОНИ ҲАКИМОНА
четверг, 9 ноября 2017 г.
пятница, 3 ноября 2017 г.
четверг, 26 октября 2017 г.
вторник, 17 октября 2017 г.
четверг, 24 августа 2017 г.
На чандон бихур к-аз даҳонат барояд,
На чандон, ки аз заъф ҷонат барояд.
Ҷои дигар дар “Гулистон” бо истифода аз сувари хаёл ин маъниро ба таври муассиртар баён менамояд:
Аблаҳе к-ӯ рӯзи равшан шамъи кофурӣ ниҳад,
Зуд бинӣ, к-аш ба шаб руған набошад дар чароғ.
Шоири хуштабъе, ки номаш сабт нашудааст, дар мазаммати яке аз амалдорони зоҳиран исрофкори Аморати Бухорои Шарқӣ мегӯяд:
Муҳаммадамини шариатпаноҳ
Ду ҳарф аз каломи Худо гӯш кард:
“Кулу вашрабу”-ро ба хотир супурд,
“Ва ло тусрифу”-ро фаромӯш кард.
Ки дар ин қитъа шеър талмеҳест бар ояти 31 сураи Аъроф дар Қуръони маҷид, ки Худованд дар боби ҳифзи эътидол дар истифода аз неъматҳои моддӣ мефармояд: “Бихуред (кулу) ва бинӯшед (вашрабу), вале исроф накунед (ва ло тусрифу)”.
Мавлоно дар “Маснавии маънавӣ” ба муҷазтарин сурат моҳияти ҳифзи эътидолу таносубро дар муносибат бо дороиҳо ва имконоти моддӣ шарҳи шоирона дода мефармояд:
Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ аст,
Лек андар зери киштӣ пуштӣ аст.
Киштӣ масале аз инсон аст ва об масале аз дороиҳои моддӣ. Яъне агар молу дороӣ тобеъи иродаи оқилонаи инсон бошад, мисли оби зери киштӣ аст, ки онро бар дӯш нишонда ба соҳили мақсуд мерасонад вале агар молу дороӣ (об) худ ҳадафи аслӣ қарор гирад ва дар вуҷуди инсон (киштӣ) тасарруф кунад, ночор ӯро ғарқу нобуд хоҳад кард.
Омӯзаҳои адабиёти ирфонӣ ва инсонӣ дар рӯҳу равони мардуми тоҷик нуфузи азиме доштааст ва мардуми мо ба эътирофи намояндагони миллатҳои дигар дар масъалаҳои парҳезгорӣ, қаноатмандӣ ва сабурӣ дар дунё камтар назир дорад. Бо вуҷуди он, ки тоҷикон дар иқлимҳои зархезе зиндагӣ карда ва дар парваришу тавлиди неъматҳои моддӣ бар дигарон ҳамеша пешдастӣ доштаанд, дар айни ҳол мардуме дар умум порсо ва эътидолгаро будаанд ва бо сарфи камтарин миқдор аз моддиёт зиндагии худро сомон бахшидаанд ва ба фазли ҳамин хислатҳо аз тангтарин марҳалаҳои таърих ҷон бадар бураанд.
Аммо мавридҳое низ дар ин масири аслии машраб ва фарҳанги маишӣ ба далели нуфузи хурофот ва таъсири фарҳангҳои бегона инҳироф ба вуҷуд омада, ки боиси бетартибӣ ва барҳам хурдани назму эътидоли зиндагии иҷтимоии онҳо гардидааст. Хусусан, дар поёни садаи 19 ва аввали садаи 20 дар аморати Бухоро дар натиҷаи заъфи шадиди фарҳанги сиёсӣ ва иҷтимоии сулолаи амирони манғития, фасоди гӯшношуди молию моддӣ ва ахлоқӣ, бӯҳрони илму маънавият, ношоистасолорӣ, тамаъҷӯӣ ва ғ. таърих гӯё вориди бунбасти ҳалокатфарҷоме гардида буд, ки равшанфикрон поёни фоҷиабори онро ҳадс мезаданд ва роҳи раҳоӣ аз онро ҷустуҷӯ мекарданд. Рисолаҳои равшанфикронаи Аҳмади Дониш бо пешниҳоди барномаҳои ислоҳотхоҳонаи сиёсӣ ва маданӣ ва осори пайравони маорифпарвари ӯ дар ин давра ҷараёнеро дар ҷиҳати берун рафтан аз ин бунбасти таърихӣ ба вуҷуд оварда буд. Аммо аз як сӯ тавтиаҳои қудратҳои ғосиб, ки барои тасхири ин сарзамин талош доштанд ва аз тарафи дигар таассуби кӯр, ки дар айни ҳол абзоре дар дасти қудратҳои ғосиб гардида буд, ин ҷараёни солимро саркӯб ва аз саҳна хориҷ намуд.
Аммо дар як муддати кӯтоҳи таърихие, ки ҷараёни равшанфикрӣ арзи вуҷуд кард, тавонист ба муҳимтарин масъалаҳои ислоҳоти ҷомеаи маданӣ дахолат намояд ва дар баъзе мавридҳо ҳадди ақал феҳрасти масъалаҳои мубрамеро, ки ниёз ба баррасӣ ва таҷдиди назар доранд, ба вуҷуд биёрад.
Яке аз зубдагони ин ҷараёни равшанфикрӣ устод Садриддин Айнӣ буд, ки агарчи минбаъд бо вуқуъи Инқилоби Октябр дигар он ибтикори ислоҳотгариро ба таври мустақил бар уҳда надошт ва мебоист ба шарҳу баст ва тасдиқу таъйиди расму ойинҳои нав машғул бошад, дар ҳар ҳоле дироят ва огоҳии ӯ аз зарурати пешрафти ҷомеаи маданӣ ҳосили ҳамин давра аст ва осоре, ки аз он замони фаъолиятҳои адабию равшангарии ӯ боқӣ мондааст, дар давраи навини рушди фарҳангу маданияти миллӣ аҳамияти тозае касб менамояд. Аз ҷумла дар робита ба масъалаи сарфи оқилонаи вақт, дороиҳои моддӣ, интиқод аз маросимсозиҳои бардурӯғ ба хотири ришваситонӣ, ривоҷи хурофоти ҳазинасоз ва ғ. аз тамоми осори устод Айнӣ даҳҳо мисолро метавон зикр кард, ки баъзан то имрӯз аҳамияти худро ҳифз намудаанд ва ғолибан дар таҳқиқоти пажӯҳишгарони осори устод Айнӣ дар хусуси онҳо сухан ба миён омадааст.
Ончи дар ин мухтасар ба таваҷҷӯҳи хонандагон пешкаш мегардад, зоҳиран аз зумраи таълифоти дараҷаи аввали устод Айнӣ ба шумор намеояд ва бинобар ин то кунун чандон мавриди таваҷҷӯҳи айнишиносон қарор нагирифтааст. Дар назари аввал он як намунаи лутфи табъи устод мебошад ва ба ҳадафи маҳдуду хосе эҷод шудааст, аммо дар айни ҳол намоёнгари ҳузури бевоситаву фаъоли устод Айнӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоие мебошад, ки то имрӯз зеҳни ҷомеаи маданиро ба худ машғул доштааст ва ба масъалаи танзими маросим ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи мустақим дорад.
Манзур ягона қасидаи “мадҳия” и устод Садриддин Айнӣ (Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Ҷ.8. Душанбе: Ирфон, 1981, с.136) “Кайвонии офоқ саросар бибимулло” мебошад, ки нақли он дар ин ҷо лозим дониста мешавад:
Кайвонии офоқ саросар бибимулло,
Сардори занону сари дафтар бибимулло.
Монданд ҳама гуфтаву фармони варо сар,
Гӯё ки занонрост паямбар бибимулло.
Таъзим кунандаш ҳама он навъ, ту гӯӣ
Бошад ба Бибимарям духтар бибимулло.
Кайвонию бурранда басе буд ҷаҳонро,
Таслим намуданд ҳама бар бибимулло.
Дар маъракае гар зани сад шаҳр шавад ҷамъ,
Хомӯш нишинанд, суханвар – бибимулло.
Занҳо чӣ, ки мардони сухандони ҷаҳонро
Дорад ба сухан гарангу музтар бибимулло.
Маъқул бигӯянд ба ҷону дилу дида
Ҳар кор, ки кардаст муқаррар бибимулло.
Дар чобукию зиракию қоидадонӣ
Овоза бароварда ба кишвар бибимулло.
Ҳар қоида з-он пеш, ки дар байни занон буд,
Кард аз сари нав тозаву хуштар бибимулло.
Анҷом ба як хона диҳад кори ҷаҳонро,
Гар омада истад ба таки дар бибимулло.
Ҳар мавриду ҳар маъракааш хуб гузаштаст,
Бо ҳар ки Худо карда муяссар бибимулло.
Дар як нафас аз ғайрату аз ақл намояд
Кори ду ҷаҳон тӯй баробар бибимулло.
Он ҷо дигар осудагию айш наёяд,
Гар рафт зи ҳар ҷой мукаддар бибимулло.
Дар маъракае танга ба хирвор шавад харҷ,
Як пул бувад он, хуш накунад гар бибимулло.
Гар бевазане тӯй кунад, халқ писандад,
Маъқулу писанд афтад агар бар бибимулло.
Бечораву бой аст яке дар назари ӯ,
Якранг ба қашшоқу тавонгар бибимулло.
Манзур накардаст пулу чизи ҷаҳонро
Бо ҳиммату қалтоқу қаландар бибимулло.
Дар хидматаш оранд басе латтаву химхоб,
Бо хоки замин дида баробар бибимулло.
Мардум ба суроғаш ба дар аксар бинишинанд,
Лекин нашавад ёфта аксар бибимулло.
Ороста шуд дафтари фикрам зи мадеҳаш,
Азбаски маро буд чу модар бибимулло.
Айнӣ ба ҷаҳон шӯр фикандему навиштем
Ин шеъри шакартаъм чу андар бибимулло.
Хонандаи гиромӣ бидуни шарҳи дигаре, албатта, дарёфтааст, ки ин он чи ба ин қасида марбут мешавад, чи қадар ба вазъи имрӯзи ҷомеаи мо ҳам муносибат дорад. Интиқод ва безорӣ аз ҳазинаҳо ва хароҷоти барзиёд дар маросимҳои гуногун ва дахолати бонуфузи ашхоси муғриз ва манфиатҷӯ дар ин маросим забонзади хоссу ом аст, аммо гӯё ин як тилисме бошад, ки касе ба шикастани он ҷуръат намекунад. Зеро метарсад, ки ангуштнамои мардум ва ҳадафи маломат қарор мегирад. Барномаҳои давлатӣ дар ин замина ба ҷои он ки ақалан як баҳонаи хубе барои парҳез аз ин навъ исрофҳо қарор дода шаванд, аксаран ба он хилоф мешавад ва бо пардохти ҷарима ё ришва аз иҷрои он сарфи назар менамоянд. Дар натиҷа чунин исрофҳо ҳам аз нигоҳи маънавӣ ва ҳам шаръӣ ду баробар нораво мегарданд. Зеро ҳам зотан худ исрофанд ва ҳам ба ночор, бо қалби норозӣ анҷом дода мешаванд, ки мутлақо хайре дар онҳо боқӣ намемонад.
Албатта, имрӯз дақиқан ба равиши устод Айнӣ ҳам (бо қасидасарои дар васфи кайвониҳо) наметавон, ин масъаларо ҳал кард, зеро гумон аст, ки кайвониҳои замони мо он гуна суханшинос ва тақдиркунандаи каломи бадеъ бошанд, аммо зииён ва равшанфикрон бо ҳамдастии фарҳангшиносон ва рӯҳониён метавонанд бо гузиниши беҳтарин ва маъқултарин унсурҳо аз маросимҳои миллии мардумӣ ва такмили маънавии онҳо барои ҳар яке аз маросимҳо барномаҳои намунавии муосире созанд ва пеш аз ҳама худ бо ҳамон равиш онҳоро ба иҷро расонда ба тадриҷ дар миёни мардум маъмул гардонанд.
Ҳамчунин мақомоти маҳаллӣ бо шиносоии чунин афроди бонуфуз дар маросими мардумӣ метавонанд ба воситаи омӯзиш додан ва ба ҳамкорӣ ҷалб кардани онҳо дар беҳбуди иҷрои корҳои танзим саҳм бигиранд.