четверг, 24 августа 2017 г.

ҲИКМАТЕ СОДА
Нагӯям кӣ, аммо бигӯям ҳама
Саросар зи ман он чи ӯ хостаст.
Сипас худ қазоват бикун, эй азиз,
Ки он чи зи ман хоста, рост аст?

Зи ман хоста рост гӯям ба ту,
Нагардам ба атрофи макру дурӯғ.
Зи кину ҳасад пок дорам дарун,
Чу хуршед бошад дилам пурфурӯғ.

Зи ман хоста даст гирам туро
Ба мисли бародар ба уфтодагӣ.
Миёни ману ту бувад пойдор
Сафову самимийяту содагӣ.

Бипӯшам ба ҳар анҷуман айби ту,
Ба некӣ кунам ёд дар ғайби ту.
Бисозам сипар ҷони худ дар бало,
Ба фарҷоми некат намоям дуъо.

Насозам хиёнат, амонат ниҳӣ,
Набошам ба ту баддилу бадгумон.
Чу ӯ роздон аст дар ҷузву кул,
Яке бошам андар ниҳону аён.

Зи ман хоста некхоҳӣ туро,
Ба некӣ бари ӯ гувоҳӣ туро.
Намонам, куҷо метавонам ҳаме
Расад аз ҳасудон табоҳӣ туро.

Ту гар гурсна бошию сер ман,
Писандидааш нест дар ҳеч ҳол.
Агар бе хаёли ту дар дил равад
Нафас ҳам, накарда бароям ҳалол...

Якояк агар баршуморам чунин,
Ки аз ман бароят ҳаме хоста,
Яқин мешавад баҳри ту, бегумон
Ҷаҳонро барои ту ороста.

Бад-ин васф ҳоло бигӯ, эй азиз,
Варо ман парастам ба суди ту нест?
Ба сӯяш агар оварам ман суҷуд,
Суҷудам ба суди вуҷуди ту нест?

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!