понедельник, 3 июля 2017 г.

АВҶИ ШАҲОМАТ


АВҶИ ШАҲОМАТ
(Дар пойи қуллаи Исмоили Сомонӣ)
Қуллаи авҷи шаҳомат – тоҷи Истиқлоли тоҷик,
Мезанад паҳлу ба гардун қомати иқболи тоҷик.
Шод ҳар рӯзаш бувад бо зодрӯзи родмарде,
Муҳри ҷовидона дорад рӯзу моҳу соли тоҷик.
Мезанад пар аз фазои бостон симурғи рӯҳаш,
Муттаҳид аст ин ҷаҳон гӯё ба зери боли тоҷик.
Эй муборак соате, худ аз парешонӣ бар ояд,
Нест волотар дигар з-ин ормон омоли тоҷик.
Фақри Дастон поси ойини ниёкон аст, варна
Дар дил ҳар кӯҳ ганҷи зар ниҳода Золи тоҷик.
Риштаҳои рӯдбораш қитъаҳоро васл созад,
Мекунад таъмири ваҳдат панҷаи салсоли тоҷик.
“Субҳи давлат медамад...” чун офтобе рух намояд, 
Ҳар гаҳ аз девони Ҳофиз мекушоям фоли тоҷик.
09.09.15

ДАСТИ МАН


Дасти ман андар гиребони худ аст,
Зиндагониам ҳам аз ҷони худ аст.

Лаб фуру бастам ба дарё, чун садаф
Гавҳари чашмам ба ҳамёни худ аст.

Ҳиммате дорад пушаймоним ҳам,
Лаб газидам гар, лаби нони худ аст.

Шери шеърам бе қаламрав нест, нест,
Сайҳаи ман аз найистони худ аст.

Баргирифтам хотир аз аҳли ҷаҳон,
Хотири ҷамъам парешони худ аст.

Қасди ҷони ман макан ҷони сиёҳ,
Ҳукми ҷон дар дасти ҷонони худ аст.

18-06-17

ТОҶИКӢ


Гавҳарам тоҷик, маконам тоҷикист,
“Миллатам тоҷик, забонам тоҷикист”.
Тоҷикӣ чун лафзи аҳли ҷаннат аст,
Ин ҷаҳону он ҷаҳонам тоҷикист.
Фӯтаи рангинкамонам дар миён,
Ҳам замин, ҳам осмонам тоҷикист.
Ҳалқа андар гардани гардун зада,
Ин каманди Каҳкашонам тоҷикист.
“Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад”:
Мағзи нойи устухонам тоҷикист.
Бар тани ман номи дигар мениҳӣ?
Чун кунӣ ҷонам? Ки ҷонам тоҷикист!
Аз даҳони хеш мегӯям сухан,
Эй даҳанмардум! Даҳонам тоҷикист.
Гулфишону базрафшонам якест,
Ҳам баҳору ҳам хазонам тоҷикист.
Аз насими Рукнободам шунав:
Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиёнам тоҷикист.
Серчашмам чун Самарқанди чу қанд,
Қурси хуршедии нонам тоҷикист.
Ин дару он дар ҳама дурри дарӣ,
Исфара то Исфаҳонам тоҷикист.
Балху Шерозу Бухорову Ҳисор,
Суғду Вахшу Хутталонам тоҷикист.
Асли тоҷик одамийят будааст,
Одамийятро нишонам тоҷикист.
Ормони тоҷикӣ - хайри башар,
Бе шару шӯр ормонам тоҷикист.
Тоҷикӣ дар хоб ҳам гӯям сухан,
Баски дар рӯҳи равонам тоҷикист.
Гар хаёле бигзарад аз дил ниҳон,
Бегумон ҳарфи ниҳонам тоҷикист.
Гар гумоне бигзарад андар хаёл,
Ҳам хаёлу ҳам гумонам тоҷикист.
Мордӯшо, бар сари бемағзи ту
Зарбати гурзи гаронам тоҷикист.
Шоҳиди гӯёи оғози вуҷуд – 
Бораи Майтайниёнам1 тоҷикист.
Ҷӯйборонанд бо ман ҳамзабон,
Шарфаи оби равонам тоҷикист.
Ҳамзабони ман бувад кабки дарӣ,
Мисли ӯ сабки баёнам тоҷикист.
Бе парасту нест сақфи хонаам,
Лафзи мурғи ошёнам тоҷикист.
Достони ростон шаҳномаам,
Паҳлавии паҳлавонам тоҷикист.
Истода ҳамчу Кохи садсутун,
Пайкари Боми Ҷаҳонам тоҷикист.
Будаму бошам ҳамон ки будаам,
Ҷовидона ҷовидонам тоҷикист. 
-------
Майтайниён - номи деҳа дар зодгоҳи муаллиф, ки қадимтарин калимаи ҳиндуориёист ва решаи “меҳан”.

25-06-2017

понедельник, 19 июня 2017 г.

ДУРҶ


Ба номи Худованди рою равон,
Ки бе ӯ мабодам аёну ниҳон.

Касеро, ки дастури ӯ ақли ӯст,
Бидонад, ки ин ақл ҳам нақли ӯст.

Хирад гар на аз боргоҳи вай аст,
На шоистаи коргоҳи вай аст.

Агар номаеро ҳувайдо навишт,
Дигар нусха дар фитрати мо навишт.

Дигар нусхааш ҷумла кайҳон бувад,
Ки ибратгаҳи навъи инсон бувад.

Ту гар дар вуҷуди худат бингарӣ
Ва ё ки ба кайҳон кунӣ доварӣ,

Бубинӣ зи оёти Қуръон нишон,
Ҳамон нуктаву ҳарфу маъно ҳамон.

Бибояд диле пок аз озу кин,
Ки бо ин ҳақоиқ бигардӣ қарин.

Надидам яке мӯр дар баҳру бар,
Ки нури Худояш набуд роҳбар.

Надидам яке мурғро бе намоз,
Кафи мавҷи дарё чу дасти ниёз

Биёзад ба даргоҳи он баҳри ҷуд,
Чу бе ӯ надорад намуду вуҷуд.

Куҷо қаъри дарё, ки моҳӣ бувад,
Ба нури Худованд роҳӣ бувад.

Ки анвори хуршедро ҳам гузар
Набошад бадон қаъри беҳадду мар.

Кӣ гӯяд хирадро ба коре мабанд,
Ки кори хирад ҳаст носудманд?

Хирад ҳам нишоне зи оёти ӯст,
Хирад ҳам яке аз иноёти ӯст.

Худованд фармуд: гоҳи намоз
Бияндеш, оят чу орӣ фароз,

Ки донову нодон на яксон бувад,
Ба дониш қавӣ рукни имон бувад.

Ба таҳқиқ андар ҷаҳон сайр кун,
Аз он ҳикмат андӯзу пас хайр кун.

Касоне, ки нохайрхоҳи туанд,
Чу ғулон нишаста ба роҳи туанд.

Бигӯянд дониш гузин ё ки дин,
Ки ин ду ба як дил нагунҷад, яқин.

Макун вақт дар баҳси онон талаф,
Бипар бо ду шаҳпар ба суи ҳадаф.

Расӣ чун ба ҷое дар ин роҳи рост,
Яқин пеш ояд, ки ақлат гувост.

вторник, 6 июня 2017 г.

ДАР ФАЗОИ ФАСОНА...

ДАР ФАЗОИ ФАСОНА...
Чун нафас дар кашокаши хешем,
Зери хокистар оташи хешем.

Ҳеч дар достон намегунҷем,
Хотироти мушавваши хешем.

Банд аз пойи мо раҳо карданд,
Бардаҳои ситамкаши хешем.

Ҷилвазори рухи дигарҳоем,
Куштаи қалби беғаши хешем.

Дар фазои фасона дар парвоз,
Ҷовидон тири Ораши хешем.

САЛОМ ҲУҶҶАТИ ИНСОНИИ МАН - ИСТИҚЛОЛ

САЛОМ ҲУҶҶАТИ ИНСОНИИ МАН - ИСТИҚЛОЛ
Дар ҳошияи “Салом”

Касе, ки дафтари шеъри маро ба даст гирифт,
Суоли аввалаш ин буд: "Салом - яъне чӣ?"

Чаро на "Ҳаҷми сукут"-у на "Ашки бутемор"?
Чаро на "Нози фалак", на "Ситораи думдор"?
Чаро на "Шаршараи ашки дард", на "Фарёд"?
Чаро на "Водии Маҷнун", на "Тешаи Фарҳод"?
На "Каҳкашони хаёл"-у на "Ҷомадони ғам"?
На "Бурҷи соат"-у на "Изтироби сонияҳо"?
На "Гиряи алам"-у на "Сукут", на "Наҷво"?

Аз ин суол дилам мисли бед меларзад,
Магар "Салом" ғариб аст дар диёри мо?

Салом - рамзи саломат,
Салом - рамзи сулҳ,
Санои дӯстиву покиву ҷавонмардӣ,
Нишони ҳамнафасӣ, ҳамдиливу ҳамдардӣ,
Салом - маънии лабханди кӯдакон дар хоб,
Салом - нуқтаи ҷамъияти дили аҳбоб.

Салом - ҳар нафаси мост, як тасодуф нест,
Табиат аст, сиришт аст, аз таъоруф нест.

Зи шеърҳои нахустам салом бо ман буд:
"Чакомаҳои шабонгаҳ - сурудаҳои ман,
Шумо намози банда ба хуршед,
Шумо саломи ман ба сапеда,
Шумо қиёми ҳастии ман дар баробари саҳаред..."
Ва рӯзҳои ғарибӣ, ки ман ба ёди Ватан
Ҳар он чи гуфта будам бар Салом биспурдам,
Чу бар кабӯтари пайғомбар,
Чу бар насими саҳар:
"Ассалом, эй хоки гулафшони ман,
Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман"...

Ба рӯзҳои сиёҳи Ватан, замони фироқ,
Агарчи ҷони ҳама бар салом буд муштоқ,
Зи бими он, ки мабодо салом асир шавад,
Ва ё зи кинавариҳо нишони тир шавад,
Гуфтам:
"Ба мо салом макун, то саломро накушанд,
Кабӯтари ҳарами эҳтиромро накушанд".

Гузашт он ҳама кобуси ваҳшату Наврӯз
Дубора дар Ватани мо қадам бизад пирӯз,
Ба пешвоз расидам, дуруди ӯ гуфтам:
"Салом, эй пок марзи ранҷбар,
Эй Меҳани Наврӯз...
Зи пушти Ҳафтхонат Ҳафтсин овардаӣ имрӯз,
Нахустин син саломи мо ба ёрон бод... "

Салом баҳри тавалло,
Салом баҳри тасалло:
"Ба ҳеч ҳол тиҳӣ нест дасти марди карим,
Агар, ки ҳеч надорад, пур аз салом бувад".

Салом - мазҳари бовар, салом - рамзи нур,
Салом - асли таҷаллӣ, салом - рамзи зуҳур.
Муқаддам аст салом аз ҳама каломи башар,
Муқаддам аст дуруд аз ҳама суруди зафар.
Салом, эй ватанам - қалби захмгини ман,
Дуруди ҳамватанӣ нақш бар ҷабини ман,
Чу хатти пешонӣ,
Чу муҳри инсонӣ.

Ба ҷойи лаънату нафрин,
Ба ҷойи туҳмату дашном,
Бимон салом биборад аз осмони Ватан,
Гули дуруд бирӯяд бар остони Ватан.

Чи нуктаҳои шигарф, аз Калом дорам ёд:
"Агар ба хона дароӣ, салом гӯй нахуст
В-агар ба хона ба ҷуз ту касе дигар набувад,
Бигӯ "салом!" ту бар нафси хеш ҳамчун дӯст,
Ки баҳри фитнаи шайтон раҳи гузар набувад."
"Каломи беҳуда набвад ба лафзи аҳли биҳишт,
Ҳар он чи ҳаст дар он ҷо салом ҳасту дуруд".

Баҳор, чун расад, аввал ба панҷаи гули зард
Салом бинвисад... 
Хати сипор, нигар, ки ба аввалин огард
Салом бинвисад,
Ман аз ҳилоли сари маҳ "салом" мехонам,
Ва мавҷи рӯди равонро салом медонам.

Салом дарси нахустини ҳар дабистон аст,
Салом матлаи тазйини рӯҳи инсон аст.
Ба акси хеш дар ойина ҳам салом диҳанд,
Ба рафтагон шаби одина ҳам салом диҳанд.
Салом аввали роҳу ниҳояти мақсуд,
Чу ҷовидона замон, ки намешавад масдуд.

Чанорҳои Душанбе, бародарони ман,
Чу бигзарам зи канори шумо, дилам хоҳад
Ҳазор даст барорам чу шохаҳои шумо,
Ба барг-барги шумо бо салом панҷа ниҳам,
Ба сочҳои сари шохатон салом диҳам.

Дар ин диёри азизон, дар ин қаламрави меҳр
"Зи ҳар канор шамими салом мешунавӣ,
Замон замони дуруду сипосу эҳсон аст."
Салом - ҳарфи шаҳодат барои инсон аст.
Ба ин калом ба ман ошност нисфи ҷаҳон,
Ва нисфи дигари он низ ҳамзабони ман аст.

Чу бигзарам зи ҳузури ҳаким Фирдавсӣ,
Ки ҳамчу тӯси тановар ситодааст ба боғ,
Бақои ҷовиди моро шукӯҳ мебахшад,
Салом мегӯям.

Зи Рӯдакӣ натавон бе дуруд бигзаштан,
Ки рӯди шеъри дарӣ ҷорӣ аз дуруди ӯст,
Забони миллати ман матлаъи суруди ӯст.

Ба Бӯалӣ зи таҳи дил салом мегӯям,
Ки рӯйи сина фишурда китоби "Қонун"-ро,
Баланд бар сари мо карда сақфи гардунро.

Салом, Айнӣ, аё пайки субҳи озодӣ,
Ки ҳарфи рӯз бувад ҷовидона осорат,
Ҳанӯз сангари ту доғу гарм пайкорат,
Шикаста ҳарбаи душман ба санги деворат.

Салом, Исмоил,
Шукӯҳи Сомонгирд,
Ки яктана ба ҷаҳон сарбасар ситода ҳанӯз,
Ба як мадор кашон миллати парешонро,
Шуоъ мефиканӣ бар қаламрави Хуршед,
Намедиҳӣ ба қазо қисмати Хуросонро.

Салом силсилаи барфпӯши кӯҳи Ҳисор,
Сари сафеди ту сарсабзии диёри мост,
Ҳазор силсила пайваста бо ту ёри мост,
Зи шонаи ту кашад пар ҳумои зарринбол,

Салом, ҳуҷҷати инсонии ман - 
Истиқлол!

РӮҲИ АҲМАДШОҲ

РӮҲИ АҲМАДШОҲ
бар фарози таърих

Марде ба қалби пора оламро занад фарёд:
Номус, номус, номус!
Акси садо бар мешавад аз кӯҳи бефарҳод:
Афсӯс, афсӯс, афсӯс!
Аз дашт занги корвон оё расад бар гӯш,
Хомӯш! Хомӯш! Хомӯш!
Ҳар сӯй рӯ орӣ, расонад як садоро бод:
Ноқус, ноқус, ноқус!
Ёрон ҳама бегонаву бегонагон ағёр,
Хундор, хундор, хундор,
В-ар ҳол мепурсад касе, дар пурсишаш бедод:
Ҷосус, ҷосус, ҷосус!
Не лаҳзае оромишу не соате пидром,
Сад дом, сад дом, сад дом,
Дар хоб ҳам натвон кашидан як нафас озод:
Кобус, кобус, кобус!
Аз лаъли тоҷи шаҳ ҷаҳида барқ дар аркон:
Дар тахту дар айвону дар девон,
Аз Оли Сомон байзае дар ҷавшани пӯлод:
Қақнус, қақнус, қақнус!1

РАСМ

РАСМ
Кӯдакон чу расм мекашанд,
Нахуст
Хона мекашанду боғу кӯҳу дашту рӯд,
Офтобу пораабру осмони беҳудуд.

Чун бузург мешаванду расм мекашанд,
Нахуст
Ду хӯша абрӯвон,
Зери он
Ду чашм,
Ки дар он ду чашм
Ҷилва мекунад
Хона, боғ, кӯҳ, дашт, рӯд, 
Офтобу пораабру осмони беҳудуд.

РАМАЗОН МУБОРАК!


РАМАЗОН МУБОРАК!
Аз дил ғами ҳар суду зиён бардорем,
Занги баду бераҳ аз забон бардорем,
Коме ману ту аз Рамазон бардорем 
Аз чеҳраи ҷон ниқоби нон бардорем

НАВОВАРӢ

Навоварӣ чист ва аз куҷо маншаъ мегирад? Таърифҳои зиёде ҳатман дар ин хусус вуҷуд дорад ва ҳатман рисолаҳои олимонаи назарӣ ва таҷрибӣ ҳам нигошта шудааст. Аммо бо мушоҳидаи падидае мутаассиркунанда банда рӯйи ин мавзӯъ беихтиёр ба фикр уфтодам.
Солҳои муҳоҷират ба шаҳри ғурбати мо пайваста меҳмонон аз Тоҷикистон меомаданд ва аз тарафи дӯстону хешовандонашон, ки пештар дар он шаҳр маскан карда буданд, маҷлисеву маҳфиле тартиб мешуд, то бо ҳамшаҳриҳо дидор дошта бошанд.
Боре ба иттифоқ меҳмон хабарнигори номошнои тоҷик шодравон Мақсуд Ҳусейн буд. Аз ҳар боб суҳбат мекард. Суҳбаташ чун ҳамеша аз лутфу зарофат холӣ набуд. Латифаҳои саргузаштии Мақсуд Ҳусейн ғолибан машҳуранд ва ҳар касе чизеро ба ёд меоварду нақли тозаи онро аз ӯ хоҳиш менамуд. Аз ҷумла дар бораи аёдати донишманди давошинос Зоҳидҷон Ҳомидов, дар бораи мусоҳиба бо устод Одина Ҳошим, дар бораи дастёрӣ ба устод Ҷалол Икромӣ дар чидани мева... Мақсуд Ҳусайн бо лутфи хосс ва ҷузъиёти тозае ин латоифро адо менамуд.
Дар миёни суҳбаташ ногоҳ максе карду гуфт:
- Барои шумо савғое овардам, боз фаромӯш нашавад.
Даст ба кифи сафарии паҳлуяш бурд ва аз он шишаеро берун овард. Баъзеҳо ҳазломез гуфтанд: “Албатта, меҳригиёҳ аст!”
Он вақтҳо дар Тоҷикистон шаробе бо номи “Меҳригиёҳ” истеҳсол мешуд ва зоҳиран шуҳрате пайдо карда буду онро ба савғо мебурданд.
Мақсуд табассуме карду карду гуфт:
- Не. Беҳтар аз “Меҳригиёҳ”. Ин оби ватан аст. Оби Варзоб! Вақте нияти сафар кардам бисёр фикр кардам, ки барои шумо чи савғо биёрам. Медонам, ки мағзу мавиз ва анвои меваҳои Тоҷикистонро ба ин ҷоҳо бисёр меоранд. Охир ба хулосае омадам, ки оби ватан биёрам. Аз саргаҳи софии Варзоб гирифтам. Чи қадар вақт гузашта, ки бисёре аз шумо оби ватанро нахурдаед!
Сукуте ба миён омад, ки гӯёи шадидан мутаассир шудани ҳар яке аз он ҷамъ буд. Бо замзамаи ҳамин сукут обро якҷуръаӣ дар пиёлаҳо рехтанд ва бо эҳтиёту эҳтиром ва ҳаяҷон нӯшиданд. Дар баъзе чашмҳо қатрае аз ин об ҷӯшида берун меомад.
Хеле баъдтар, вақте мехостам бо дархости дӯстон назари худро дар бораи навоварӣ бинависам, ҳамин саҳна ва ҳамин лаҳзаҳо ба ёдам расид.
Барои навовари воқеӣ будан, бояд инсон аз андешаи тоза ва бадеъе, ки ба дилу мағзаш роҳ меёбад, наҳаросад, бисёр фикр накунад, ки дигарҳо чӣ мегуфта бошанд, самимӣ ва табиӣ бошад ва ба фарҷоми неки самимият ва табиият бовар дошта бошад.

среда, 10 мая 2017 г.

БАРОИ ПУРИ ДАСТОН
Барои хотирам ғам офариданд.
Бедил

Ба рағми кибр Одам офариданд,
Бар рағми бухл Ҳотам офариданд.

Арӯси ин ҷаҳон ойина мехост,
Ба рағми тирагӣ Ҷам офариданд.

Насӯзад то ҷаҳонро оташи ҳусн,
Ба барги лола шабнам офариданд.

Нахушкад то дарахти одамийят,
Ба чашми модарон нам офариданд.

Ба яктоии Ҳақ то шак наёрем,
Ба як фармон ду олам офариданд.

Барои ҳурмати пирон зи оғоз
Фалакро бо қади хам офариданд.

Бишӯриданд ғамҳои Ватанро
Ба хуни шеър - Рустам офариданд.

Рустам Ваххоб
6 мая в 11:33 · 
Бо салому сипоси фаровон аз дӯстон, ки дар зодрӯзи банда камоли муҳаббату хайрхоҳиро ба зуҳур расонда, дар ҳаққи ин камтарин тавсифҳои воло ва орзуҳои некдилонаро дареғ надоштаанд, ин рубоиро тақдим медорам, ки айни ҳақиқат аст:
Пиндори шумост, он ки дарёфтаед,
Гуфтори шумост, он ки дарёфтаед,
Дар ойинаи ҳазоруякпораи мо
Дидори шумост, он ки дарёфтаед.
Дар паноҳи Худованди меҳрубон бошед.

Мавлудат муборак устод(Тарикоти дустон)








Ин ҷост, ки мӯбамӯ ҳама аслам,
Бо гардиши хоку осмон васлам,
Ҷойи дигаре бурун зи ҳар фаслам,
Пойизу дайу баҳори ман ин ҷост.
Зодрӯз муборак бод!

Устоди азизу гиромиқадр шуморо бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Аз даргоҳи Худованд: тансиҳатӣ, хаонаободӣ, осмони соф, хушбахтӣ, умри дароз ба Шумо хоҳонам. Сарбаланд бош!

Дароз бод умри ту чун " Шоҳнома " ,
Ба зебогии лутф чун шеъри " Ҳофиз .
Пур аз тавҳиди хӯш ашъори Румӣ ,
Саманди илҳомат бод чу Шабдиз

Зодрӯз бароятон шоду нуш бод ва ҳар рӯзатон пур аз шоҳбайту ғазалҳои тоза! Пайраву ҷойгузини бузургони адабу фарҳанги мардумамон бошед! Худованд нигаҳдоратон бод.

Салом саломатиҳо дуруст ми. зодрӯзатон қати табрик Садсола шаведу баъд аз он пир шавед

Бародари азиз. Имрӯз зодрӯзи мубораки Шумост ва Шумо тавонотарин муҳаққиқ ва шоири баландовозаи рӯзед. Аз Худо хоҳонам, ки саодати беандозаро насибатон

Зодруз муборак устоди арчманд.
Танатон бе дарду рузгоратон ободу табъатон хушу болида бошад.
Шеьри шумо човидона ва шумо бо шеьратон човидон бимонед

Зодрӯзат шоири тоҷик муборак бод!
Бо саодат ҳарду дунёи ту бод обод!
Хотират то ҷовидон аз дарду ғам озод,
Шод монӣ, шод гардӣ, шод бошӣ шод!

Устоди азизу мехрабон! Хеч едам намеравам, он рузхо, ки ба мо дарс мегуфтед! Ва он нигохи ботамкину пур аз мехр ва он сукути бузурге, ки хазор маъно зери он нухуфта! Ифтихор дорам, ки шогирди сохибдонише чун Шумо хастам! Зодрузатон хучаста бод! Тамоми хушихои ин рузгорро бароятон орзу мекунам! Хамеша сихатманду обод бошед!

Мавлудат хуҷаста бод, Устоди азиз!
Имрӯз яке аз шоирони маъруфи Тоҷикистон Рустам Ваҳобзода мавлуд дорад мн марди нукуро бо зодрӯзаш табрик мегуям ва орзумандам, ки ҳамеша сиҳатманду комгору саодатёр бошӣ!


Устоди азиз! Шуморо бо ҷашни фархундаи мавлудатон сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошед. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароятон умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Сарбаланд бошед!
Мавлуди сабзу хуҷаста дар ин моҳи пурфайзу сабзи баҳор муборак бошад!
Зинда бошед, Устод!
Мухтарам шоири гироми, устоди баркамол, шахсияти беназир ва марди некном Рустами Ваххобро сидкан табрик гуфта, барояшон умри дарозу саломати ва дар зиндагии хонаводагишон тинчию оромиро таманно мекунам. Саломат монед


Устод Рустами Ваххоб - Рустами майдони суханро ба зодрузашон самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон аз даргохи Яздон саломатии човидон, бахту саодати пайвандону фарзандон, файзу баракати хонадон ва илхоми саршору пурфайз таманно дорам!!!



Устод -милоди босаодатат хучаста ва гироми бод! Шаби тавлиди ту меоди испед
Шаби тавлиди ту бунёди умед
Шаби тавлиди ту дар олами мехр
Ба бахти ман тулуъ бинмуд хуршед
Барои манбаи ишку саодат
Шаби тавлиди ту бунёди тавлид
Хубуте дар кавир афтод, аммо
Шаби тавлиди ту чуброни табъид
Шаби тавлиди чисмат лалатулкадр
Шаби тавлиди умрат лайлат-ул-ид
Зодрӯзи шоири барҷаста, олими пурдону пуркор ва инсони фарҳехтаву ростин ва устоди даҳҳо шоирону олимони ҷавон Рустами Ваҳҳоб ҳуҷаста бод.

Зодрузатон муборак бод устоди мухтарам. Садсола шавед.
Мубораку муборак, чашни мавлуд хучаста бод Устоди гироми. Саломату сарбаланд бошед доимо

Муборак рузи мавлудат бародар,
Зи шоди пур шавад умрат саросар.
Сари покат илохо дар амон бод!
Хама максуди ту гардад муяссар.

Дусти х.амсолу х.амбол, х.амк.аламу х.амсабак.ам Рустам! Шуморо ба ифтихори синни муборак шодбош гуфта ба шумо ва наздикону пайвандонатон сиххати комил, саодат ва пирузих.о орзумандам. Бигзор мо х.амеша аз чех.раи х.акимонаву орифона ва самараи бобаракати хомаи Шумо бархурдор бошем.
Устоди азиз зодрузат муборак! Пеш аз хама ба шумо тавфику инсоф,сихату саломати,умри дарози бобаракат аз Худои мехрубон хохонам.Хамеша сарбаланду хонаобод бошед.Садсола шавед баъд аз он пир шавед!

Ҳар ки чун Соиб қадам бар курсии ҳиммат ниҳод,
Метавонад тоҷи рафъат аз сари кайвон гирифт!
Зодруз муборак, бародари сухангустари арҷманд!
Устоди азиз, Рустами ВАҲҲОБ!
Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Ҳар ки чун Соиб қадам бар курсии ҳиммат ниҳод,
Метавонад тоҷи рафъат аз сари кайвон гирифт!
Зодруз муборак, бародари сухангустари арҷманд!

‎Муродов Амир‎ в Рустам Ваххоб
5 мая в 9:25 · 
Устод Рустам, мо Шуморо х,амчун донишманд ва ок,ил мешиносем, аз Шумо ифтихор х,ам дорем. Аз Худованди Кариму Рах,им бароятон умри дарози пурбаракат меч,уем. Зодрузатон муборак! 
К,аламатро бардор
бинавис аз х,амаи хубих,о
зиндагӣ , ишк, , умед 💝
ва х,ар он чиз ки бар руйи замин зебо х,аст 
гули Марям, гули раз🌹
Руйи коғаз бинавис 
зиндагӣ бо х,ама талхӣ ширин аст

Аз шиносоӣ бо Шумо, устоди гиромиқадр, адиби пухтакору забоншиноси варзида дар олами маҷозии фейсбукӣ як тобу тавони маънавӣ бардоштем. Мавлуди хуҷаста муборак аст ва боиси фараҳмандии мо миллати пурифтихору бовиқор аст, ки дар ин сана шахсияте зода шудааст. Бигзор эҷодатон ҳамеша дархури ҳаёти иҷтимоъ бошад, қаламатон фаротар аз пештара тезу бурро ва забонатон мисли ҳарвақта гӯё, зоё ва шево бошад. Биёед, ба хотири мавлуди устод ДУРУСТ БИНАВИСЕМ!

Рӯзи ба дунё омадантон хуҷаста бод, устоди азизи гиромӣ! Бароятон аз даргоҳи Парвардигар ҳамеша сиҳҳатмандӣ орзумандем.


‎Саъди Махди‎ в Рустам Ваххоб
5 мая в 8:55 · 
Доим бо хоричиён дар мавриди шеъри муосир дар бахсем: - Шумо гайри Лоику Бозор кй доред? мепурсанд аз мо. Ва ман бе истихола ва дудилагй мегуям: Мо Озару Озарахшу Мехринисову Файзи Ашурсафару Фарзонаву Рустами Ваххоб дорем. Шохбайтхои Рустами Ваххоб кайхост, ки дар дилу дидаи мардум нишастааст:
Агарчи аз занон пайгамбаре нест,
Хама пайгамбаронро модаре хаст.
Устод имруз зодруз доранд. Орзуи сарбаландй ва хонаободии эшонро дорам. Килкатон сабзу забонатон бурро бод, устод! 
На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҳазорон бор “мо” гуфтам касе ҳамдил нашуд, аммо
Ҷаҳоне зидди ман шӯрид, агар як бор “ман” гуфтам.
Ба оён дил ниҳодам, дидаву дил бар аён бастам,
Ба ғурбат аз Ватан гуфтам, ба хилват анҷуман гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҷунунамро чу Маҷнун нозиши саҳро надонистам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ба пойи Бесутун истодаму аз Кӯҳкан гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Забони шамъи табъам гоҳ-гаҳ домони дил гирад,
Мабодо, ки пушаймон гардам аз он ки сухан гуфтам.-
Пушаймон нестам ҳаргиз, сухан чун аз Ватан гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам
Устод, Шуморо ба муносибати рӯзи таваллудатон сидқан муборакбод менамоям ва аз даргоҳи Худованди якто тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи ободу барори кор таманно дорам. Худованд илматонро зиёда ва дар хизмати илми забоншиносии тоҷик ва тозагию равнақи минбаъдаи забонамон нерую матонату ҷаҳдадтонро афзун гардонад.

57 кадами устувор дар шохрохи зиндани муборак бошад, устоди азиз! Ба Шумо саломати, сарбаланди ва тавонманди хохонам. Бигзор табъи шоиронаатон хамеша дар чуш бошад