среда, 10 мая 2017 г.

БАРОИ ПУРИ ДАСТОН
Барои хотирам ғам офариданд.
Бедил

Ба рағми кибр Одам офариданд,
Бар рағми бухл Ҳотам офариданд.

Арӯси ин ҷаҳон ойина мехост,
Ба рағми тирагӣ Ҷам офариданд.

Насӯзад то ҷаҳонро оташи ҳусн,
Ба барги лола шабнам офариданд.

Нахушкад то дарахти одамийят,
Ба чашми модарон нам офариданд.

Ба яктоии Ҳақ то шак наёрем,
Ба як фармон ду олам офариданд.

Барои ҳурмати пирон зи оғоз
Фалакро бо қади хам офариданд.

Бишӯриданд ғамҳои Ватанро
Ба хуни шеър - Рустам офариданд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!