среда, 10 мая 2017 г.

Мавлудат муборак устод(Тарикоти дустон)








Ин ҷост, ки мӯбамӯ ҳама аслам,
Бо гардиши хоку осмон васлам,
Ҷойи дигаре бурун зи ҳар фаслам,
Пойизу дайу баҳори ман ин ҷост.
Зодрӯз муборак бод!

Устоди азизу гиромиқадр шуморо бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Аз даргоҳи Худованд: тансиҳатӣ, хаонаободӣ, осмони соф, хушбахтӣ, умри дароз ба Шумо хоҳонам. Сарбаланд бош!

Дароз бод умри ту чун " Шоҳнома " ,
Ба зебогии лутф чун шеъри " Ҳофиз .
Пур аз тавҳиди хӯш ашъори Румӣ ,
Саманди илҳомат бод чу Шабдиз

Зодрӯз бароятон шоду нуш бод ва ҳар рӯзатон пур аз шоҳбайту ғазалҳои тоза! Пайраву ҷойгузини бузургони адабу фарҳанги мардумамон бошед! Худованд нигаҳдоратон бод.

Салом саломатиҳо дуруст ми. зодрӯзатон қати табрик Садсола шаведу баъд аз он пир шавед

Бародари азиз. Имрӯз зодрӯзи мубораки Шумост ва Шумо тавонотарин муҳаққиқ ва шоири баландовозаи рӯзед. Аз Худо хоҳонам, ки саодати беандозаро насибатон

Зодруз муборак устоди арчманд.
Танатон бе дарду рузгоратон ободу табъатон хушу болида бошад.
Шеьри шумо човидона ва шумо бо шеьратон човидон бимонед

Зодрӯзат шоири тоҷик муборак бод!
Бо саодат ҳарду дунёи ту бод обод!
Хотират то ҷовидон аз дарду ғам озод,
Шод монӣ, шод гардӣ, шод бошӣ шод!

Устоди азизу мехрабон! Хеч едам намеравам, он рузхо, ки ба мо дарс мегуфтед! Ва он нигохи ботамкину пур аз мехр ва он сукути бузурге, ки хазор маъно зери он нухуфта! Ифтихор дорам, ки шогирди сохибдонише чун Шумо хастам! Зодрузатон хучаста бод! Тамоми хушихои ин рузгорро бароятон орзу мекунам! Хамеша сихатманду обод бошед!

Мавлудат хуҷаста бод, Устоди азиз!
Имрӯз яке аз шоирони маъруфи Тоҷикистон Рустам Ваҳобзода мавлуд дорад мн марди нукуро бо зодрӯзаш табрик мегуям ва орзумандам, ки ҳамеша сиҳатманду комгору саодатёр бошӣ!


Устоди азиз! Шуморо бо ҷашни фархундаи мавлудатон сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошед. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароятон умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Сарбаланд бошед!
Мавлуди сабзу хуҷаста дар ин моҳи пурфайзу сабзи баҳор муборак бошад!
Зинда бошед, Устод!
Мухтарам шоири гироми, устоди баркамол, шахсияти беназир ва марди некном Рустами Ваххобро сидкан табрик гуфта, барояшон умри дарозу саломати ва дар зиндагии хонаводагишон тинчию оромиро таманно мекунам. Саломат монед


Устод Рустами Ваххоб - Рустами майдони суханро ба зодрузашон самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон аз даргохи Яздон саломатии човидон, бахту саодати пайвандону фарзандон, файзу баракати хонадон ва илхоми саршору пурфайз таманно дорам!!!



Устод -милоди босаодатат хучаста ва гироми бод! Шаби тавлиди ту меоди испед
Шаби тавлиди ту бунёди умед
Шаби тавлиди ту дар олами мехр
Ба бахти ман тулуъ бинмуд хуршед
Барои манбаи ишку саодат
Шаби тавлиди ту бунёди тавлид
Хубуте дар кавир афтод, аммо
Шаби тавлиди ту чуброни табъид
Шаби тавлиди чисмат лалатулкадр
Шаби тавлиди умрат лайлат-ул-ид
Зодрӯзи шоири барҷаста, олими пурдону пуркор ва инсони фарҳехтаву ростин ва устоди даҳҳо шоирону олимони ҷавон Рустами Ваҳҳоб ҳуҷаста бод.

Зодрузатон муборак бод устоди мухтарам. Садсола шавед.
Мубораку муборак, чашни мавлуд хучаста бод Устоди гироми. Саломату сарбаланд бошед доимо

Муборак рузи мавлудат бародар,
Зи шоди пур шавад умрат саросар.
Сари покат илохо дар амон бод!
Хама максуди ту гардад муяссар.

Дусти х.амсолу х.амбол, х.амк.аламу х.амсабак.ам Рустам! Шуморо ба ифтихори синни муборак шодбош гуфта ба шумо ва наздикону пайвандонатон сиххати комил, саодат ва пирузих.о орзумандам. Бигзор мо х.амеша аз чех.раи х.акимонаву орифона ва самараи бобаракати хомаи Шумо бархурдор бошем.
Устоди азиз зодрузат муборак! Пеш аз хама ба шумо тавфику инсоф,сихату саломати,умри дарози бобаракат аз Худои мехрубон хохонам.Хамеша сарбаланду хонаобод бошед.Садсола шавед баъд аз он пир шавед!

Ҳар ки чун Соиб қадам бар курсии ҳиммат ниҳод,
Метавонад тоҷи рафъат аз сари кайвон гирифт!
Зодруз муборак, бародари сухангустари арҷманд!
Устоди азиз, Рустами ВАҲҲОБ!
Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Ҳар ки чун Соиб қадам бар курсии ҳиммат ниҳод,
Метавонад тоҷи рафъат аз сари кайвон гирифт!
Зодруз муборак, бародари сухангустари арҷманд!

‎Муродов Амир‎ в Рустам Ваххоб
5 мая в 9:25 · 
Устод Рустам, мо Шуморо х,амчун донишманд ва ок,ил мешиносем, аз Шумо ифтихор х,ам дорем. Аз Худованди Кариму Рах,им бароятон умри дарози пурбаракат меч,уем. Зодрузатон муборак! 
К,аламатро бардор
бинавис аз х,амаи хубих,о
зиндагӣ , ишк, , умед 💝
ва х,ар он чиз ки бар руйи замин зебо х,аст 
гули Марям, гули раз🌹
Руйи коғаз бинавис 
зиндагӣ бо х,ама талхӣ ширин аст

Аз шиносоӣ бо Шумо, устоди гиромиқадр, адиби пухтакору забоншиноси варзида дар олами маҷозии фейсбукӣ як тобу тавони маънавӣ бардоштем. Мавлуди хуҷаста муборак аст ва боиси фараҳмандии мо миллати пурифтихору бовиқор аст, ки дар ин сана шахсияте зода шудааст. Бигзор эҷодатон ҳамеша дархури ҳаёти иҷтимоъ бошад, қаламатон фаротар аз пештара тезу бурро ва забонатон мисли ҳарвақта гӯё, зоё ва шево бошад. Биёед, ба хотири мавлуди устод ДУРУСТ БИНАВИСЕМ!

Рӯзи ба дунё омадантон хуҷаста бод, устоди азизи гиромӣ! Бароятон аз даргоҳи Парвардигар ҳамеша сиҳҳатмандӣ орзумандем.


‎Саъди Махди‎ в Рустам Ваххоб
5 мая в 8:55 · 
Доим бо хоричиён дар мавриди шеъри муосир дар бахсем: - Шумо гайри Лоику Бозор кй доред? мепурсанд аз мо. Ва ман бе истихола ва дудилагй мегуям: Мо Озару Озарахшу Мехринисову Файзи Ашурсафару Фарзонаву Рустами Ваххоб дорем. Шохбайтхои Рустами Ваххоб кайхост, ки дар дилу дидаи мардум нишастааст:
Агарчи аз занон пайгамбаре нест,
Хама пайгамбаронро модаре хаст.
Устод имруз зодруз доранд. Орзуи сарбаландй ва хонаободии эшонро дорам. Килкатон сабзу забонатон бурро бод, устод! 
На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҳазорон бор “мо” гуфтам касе ҳамдил нашуд, аммо
Ҷаҳоне зидди ман шӯрид, агар як бор “ман” гуфтам.
Ба оён дил ниҳодам, дидаву дил бар аён бастам,
Ба ғурбат аз Ватан гуфтам, ба хилват анҷуман гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҷунунамро чу Маҷнун нозиши саҳро надонистам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ба пойи Бесутун истодаму аз Кӯҳкан гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Забони шамъи табъам гоҳ-гаҳ домони дил гирад,
Мабодо, ки пушаймон гардам аз он ки сухан гуфтам.-
Пушаймон нестам ҳаргиз, сухан чун аз Ватан гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам
Устод, Шуморо ба муносибати рӯзи таваллудатон сидқан муборакбод менамоям ва аз даргоҳи Худованди якто тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи ободу барори кор таманно дорам. Худованд илматонро зиёда ва дар хизмати илми забоншиносии тоҷик ва тозагию равнақи минбаъдаи забонамон нерую матонату ҷаҳдадтонро афзун гардонад.

57 кадами устувор дар шохрохи зиндани муборак бошад, устоди азиз! Ба Шумо саломати, сарбаланди ва тавонманди хохонам. Бигзор табъи шоиронаатон хамеша дар чуш бошад

ОРЗУҲО


РУСТАМ ВАҲҲОБ
Аз камони ҳафтрангу обшори орзуҳо
Қомати хам монду чашми ашкбори орзуҳо.

Сар ба неши сахра зад хуршед ҳангоми ғурубаш,
Нест Фарҳоде дигар дар кӯҳсори орзуҳо.

Умр бо лабханд бигзашт аз канорам дастафшон,
Дид чун беҳудаам дар интизори орзуҳо.

Пойкӯбон то саҳаргаҳ рӯйи боми ман бирақсанд,
Душмани одам мабодо ҳамҷавори орзуҳо.

Оҳ, бас беҳуда мегӯям, на ман монам на ин дил,
Як сари мӯ гар шавам дур аз мадори орзуҳо

понедельник, 1 мая 2017 г.



Садои оҳи ниҳони маро намешунавӣ,
Зи бурҷи ишқ азони маро намешунавӣ.
Миёни қаҳ-қаҳи мастонаи қадаҳнӯшон
Шикасти шишаи ҷони маро намешунавӣ.
Супурдаӣ дили худро ба шеваҳои ғариб,
Сукути дарди забони маро намешунавӣ.
Дар осмони шаби ҷовидони чашмонат
Садои боли лабони маро намешунавӣ.
Зи пушти панҷараи қасри оҳанини вафо
Садои пои гумони маро намешунавӣ.
Шабе, ки ҷони бидиҳам дар фароғболии ту
Ту шарфаи пари ҷони маро намешунавӣ.
РУСТАМИ ВАҲҲОБ:

Бобоҷон Ғафуров

САДОИ ШАРҚ – 2014 - №12 РАВОБИТИ АДАБӢ ВА ФАРҲАНГӢ
Ба қарибӣ дар фазои маҷозӣ (интернет) мусоҳибае аз зиндаёд академик Бобоҷон Ғафуров бо хабарнигори Эронӣ Сируси Алинажод бознашр гардид, ки асли он беш аз сӣ сол пештар дар матбуоти Эрон ба табъ расидааст. Бояд ёдовар гардид, ки мусоҳибаи мазкур ба бисёре аз масъалаҳои вобаста ба робитаҳои адабию фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамзабон ва роҳҳою заминаҳои пешбурду густариши ин ҳамкориҳо равшанӣ меандозад. Агарчи дар баъзе аз ин заминаҳо пешрафтҳои беқиёс нисбат ба замони анҷоми ин мусоҳиба ба вуҷуд омада, дар хеле аз масъалаҳо ҳанӯз баҳсҳое вуҷуд дорад, ки ин мусоҳиба метавонад посухгӯи онҳо бошад. Ҳамчунин ба ин восита хонандаи гиромӣ боз як бори дигар ба ҷойгоҳи мумтози Тоҷикистон дар ҳифзу пешбурди фарҳанги муштараки мо ва нашру густариши он дар ҳудуди Иттиҳоди Шуравии собиқ ва хориҷ аз он пай хоҳад бурд, ки бо касби истиқлолият имкониятҳои кишвари мо дар ин замина ба маротиб бештар гардидааст. Бо ин мулоҳизаҳо манзур кардани ин мусоҳибаи воқеан таърихӣ ба хонандагони “Садои Шарқ” лозим дониста шуд.
МУСОҲИБАИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО СИРУСИ АЛИНАЖОД
Ин мусоҳиба сӣ солу анде пеш анҷом шудааст. Замоне ки Бобоҷон Ғафуров, сиёсатмадор ва донишвари тоҷик (1909-1977) барои нахустину охирин бор ба Эрон омад. Он замон ӯ 64 сола буд ва ду се сол баъд шунидам, ки гӯё дар худи Тоҷикистон даргузашт.
Бо он ки форсиро хеле хуб суҳбат мекард, аммо мусоҳиба бо кӯмаки мутарҷим, устод дуктур Иноятуллоҳ Ризо, ки мизбонии ӯро дар Теҳрон ба уҳда дошт, анҷом гирифт. Ин бад-он ҷиҳат буд, ки Бобоҷон Ғафуров бо таваҷҷуҳ ба тафовути лаҳҷаҳо ва ҳамчунин солҳо дурӣ аз Тоҷикистон фикр мекард мумкин аст дар баёни посухҳо ба форсӣ салосат ва равонии лозимро натавонад ба кор гирад. Русиро равонтар аз форсӣ суҳбат мекард.
Дар он замон ӯ бист соле мешуд, ки муқими Маскав буд ва раёсати Институи ховаршиносии Маскавро ба уҳда дошт. Бо вуҷуди ин мегуфт ҳаргиз натавонистааст забони форсиро канор бигзорад – “фаромуш кардани форсӣ мумкин нест”.
Ман бо вуҷуди ин ки дар он замон ҳанӯз хеле ҷавон будам, вале ба хотири алоиқам бисёре аз эроншиносонро аз русӣ то Омрикоӣ дида будам, бо онҳо ҳамсуҳбат ва ҳамсафар шуда будам, мусоҳиба карда будам, аммо пас аз дидани Ғафуров донистам, ки дар байни эроншиносон марде ба донишу пухтагии ӯ надидаам. Шояд ҳам дар тамоми умр марде ба қомати ӯ дар фазлу дониш камтар дида бошам.
Тоза нишаста будам ва ҳануз мусоҳиба оғоз нашуда буд, ки гуфт: “Ман якчанд сухан мегӯям, баъд...” Фикр кардам мехоҳад ҷуз мусоҳиба як чизи фармоишӣ ҳам аз ӯ чоп шавад. Пеш аз он ки мувофиқатамро эълом кунам, хондани матнеро, ки бар ёддоштҳои ҷайбӣ нигошта буд, оғоз кард. Ман бо пешдоварӣ нахуст ба ӯ гӯш насупурдам, аммо чанд сатре нахонда буд, ки лаҳни калом ва самимияти суханаш маро гирифт. Вожаҳоро чунон шавқомез адо мекард, ки ангор як эронии солҳо дурмонда аз ватан дорад чизе дар бораи сарзамини худ мегӯяд. Ёди Иброҳимбег1 уфтодам ҳангоме ки (дар) сафарномааш ба он ҷо мерасад, ки аз марзи Русия вориди Эрон мешавад. Вақте тамом шуд мисли ин ки фикри аввали маро хонда бошад, гуфт: “Фикр накунӣ... Ман воқеан эҳсосамро баён кардам”. Ман аз бадгумонии худ шармсор шудам. Гуфтам ёддоштҳоятонро бидиҳед, бубинам. Гуфт “хондан наметавонед шумо инро” ва дар ҷайбаш гузошт. Он ёддоштҳо нишон медод, ҳамон гуна, ки ёди тоҷикон ва сарзаминашон ҷони моро аз шавқ бармеоварад, вуҷуди ӯ аз шавқи Эрон моломол буд.
“Агарчи ман бори аввал аст, ки қадам ба сарзамини Эрон ниҳодам, бо вуҷуди ин мисли ин ки ман чандин дафъа ин ҷо будаам. Чунки аз китобҳо, аз лаҳҷаҳо ва аз ҳар навъ тасвирҳо ман Эронро мисли ин ки пеши чашми худ мебинам ва хушбахтона ман ҳоло ҳақиқатан пеши чашми худ мебинам. Ду се рӯз зиёда нест, ки ман дар Эрон ҳастам, аммо ман меҳмоннавозӣ ва дӯстиву ҳамкории донишмандони Эронро ҳис кардам. Дар Эрон як зарбулмасали машҳур аст: Дӯстӣ бо мардуми доно накуст. Ин ки дуруст аст, ба ғайр аз ин сарзамини Эрон аз ҳар тараф қашанг аст. Ин кӯҳҳои баланду боазамат, ин офтоби дурахшон, ин обу ҳавои соф одамро хушҳол мекунад. Ин замини самараноки Эрон бо дастҳои мардуми доно ва коркунони Эрон натиҷаҳои хуб медиҳад. Дар ин айём дар Эрон дигаргуниҳои бузург мешавад. Тамоми дунё медонад, ки адабиёти қадими Эрон ба тамоми дунё хидмат кардааст. Ба фикри ман адабиёти форсӣ фарҳанги ҷаҳонро ғанӣ кардааст. Устураҳои дурахшони дараҷаи аввал ва шоироне мисли Рӯдакӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз ва Фирдавсии кабир бо нури худ роҳи дӯстиро нишон додаанд ва нишон медиҳанд. Масалан, суханони ҷовиди Фирдавсӣ, ки гуфтааст:
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Ин каламот андешаҳои бузурги шоирон ва мардуми наҷиби Эронро нишон медиҳад. Барои ҳар кас дидани сарзамине, ки шоироне мисли Фирдавсӣ додааст, хушбахтии бузурге мебошад. Бояд самимона арз кунам, ки мардуми Шӯравӣ ба Эрон на ба унвони хориҷӣ ворид мешаванд, мисли ҳамсояе ба хонаи дӯстони худ меҳмон меоянд. Дӯстӣ байни Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ таърифи (бояд таърихи бошад) дуру дарозе дорад ва фоидаи бузурге барои ҳарду мамлакат бахшидааст. Шакке нест, ки бо кӯшиши ҳарду тараф муносиботи Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ рӯз ба рӯз мустаҳкамтар ва самарбахштар хоҳад шуд.”
Нуктае, ки лозим аст дар бозхони он мусоҳиба бинависам, ин аст, ки Бобоҷон Ғафуров ба даъвати Фараҳ Паҳлавӣ ба Эрон сафар карда буд. Дар он мусоҳиба ҳам аз ман хоста, ки маротиби ташаккуру қадрдонии ӯро аз “шаҳбонуи Эрон” бобати ин даъват дарҷ кунам, аммо ман ба асоси афкори он замон аз навиштани он иборот дар мусоҳиба худдорӣ кардам. Дар дидори баъдӣ аз интишори мусоҳибааш ташаккур кард, вале зимни он аз ман гила карда, ки чаро ташаккури ӯро аз шаҳбонуи Эрон чоп накардаам. Ман ки ҷавобе надоштам ва зимнан бо каллахаробиҳои (маҳдудияти фикрии) он замон бо навиштани чунон чизе мувофиқ набудам, чиҳое гуфтам, ки рабте ба қазия надошт ва бештар мушти маро назди ӯ во (музтар) мекард. Имрӯз аммо фикр мекунам ҳар кас кори нек кард, бояд навишту гуфт ва бар он таъкид кард ва ҳамвора бояд қадри корҳои некро аз ҳар кас ки сар зада бошад, донист. Даъват аз Бобоҷон Ғафуров кори арзандае буд. Ҳама чизро набояд аз зовияи сиёсат нигарист. Кишвар муҳимтар аз сиёсат аст.
Ва саранҷом он ки чанд сол пеш бо пруфисур Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ, аз рушанфикрони дараҷаи аввали Тоҷик, ки акнун дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва мо Эрониён ифтихори мизбонии ӯро дорем, мусоҳибае кардам, ки дар маҷаллаи “Паёми имрӯз” чоп шуд. Аз он пас ошноии мо ба дӯстӣ бадал шуд ва гоҳ-гоҳ дар дафтари маҷалла дидор мекардем. Як рӯз суҳбати Бобоҷон Ғафуров пеш омад. Гуфтам, ки ӯро дида будам ва бо ӯ мусоҳибае дорам. Бисёр иштиёқ нишон дод, ки нусхае аз онро дошта бошад. Аз асли он фақат як нусха доштам, ки наметавонистам тақдимаш кунам, вале дар дидори баъдӣ футукупии онро ба ишон додам. Намедонам бо он чи кард, аммо гӯё ба навъе онро дар Тоҷикистон интишор дода бошад. Шунидам дар китоби тозаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишвари тоҷик, ба ин мусоҳиба ишора рафтааст. Фикр кардам чи беҳтар, ки ин гуфтугӯи камёб бо интишори муҷаддад дар ин сафаҳот дар ихтиёри тамоми касоне қарор гирад, ки ба сарнавишти форсӣ дар он сӯи Ҷайҳун меандешанд.
Сируси Алинажод
Алинажод: Нахуст мехостам аз вуҷуҳи иртибот ва ихтилофи форсии Эрон ва Тоҷикистон бароям бигӯед.
Ғафуров: Тоҷикҳо забони форсиро ба шакли асилтаре нигоҳ доштаанд. Чунон ки камтар омехтагӣ пайдо кард бо забони арабӣ, ки дар Эрон нуфуз ёфт. Албатта дар ин замина бояд гуфт, ки ин танҳо тафовутест, ки байни забони тоҷикӣ бо забони эронӣ вуҷуд дорад. Дар забони тоҷикӣ таъсиру нуфузи забони туркӣ мушоҳида мешавад. Далел он аст, ки тоҷикҳо ҳамвора дар муҳосираи туркон мезистаанд. Аз он ҷо ки Тоҷикистон дар давраҳои мутамодӣ таҳти таъсири Русияи тазорӣ (цезорӣ, шоҳӣ) буд, дар натиҷа забони русӣ ҳам дар Тоҷикистон таъсиру нуфуз пайдо кард. Ин вазъ то сароғози инқилоби уктабр ва пайдоии ҳокимияти Шӯравӣ дар Русия идома дошт.
Албатта, бояд гуфт, ки фарҳанги Ғарб ҳам аз тариқи Русия ба Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Ҳамон гуна ки дар Эрон дар садаҳои ахир забонҳои урупоӣ аз тариқи таъсири фарҳанги урупоӣ роҳ ёфтанд, бавижа аз тариқи забони фаронса. Дар Тоҷикистон ҳам бисёре аз вожаҳои байналмилалӣ аз роҳи забони русӣ ворид шуданд. Мисли кунгра, ки шумо аз забони фаронса гирифтаед ва ба ин шакл талаффуз мекунед, вале мо чун аз забони русӣ гирифтаем, “кангрес” мегӯем. Ё ҳавопайморо, ки мо надорем ва аз забони русӣ гирифтаем, “самалют” мегӯем. Албатта, бояд гуфт, ки ҳеч айбе дар ин нест. Ман ҳеч чизи баде дар ин намебинам. Ин вожаҳо, ки ҳамроҳи илму санъату иқтисод аз забони русӣ дар забони тоҷикӣ ва аз тариқи Урупо дар забони форсӣ нуфуз кардаанд, ин забонҳоро ғанитар кардаанд.
Алинажод: Оё беҳтар нест, ки мо вожаҳоро аз якдигар ҳам бигирем? Чи басо мумкин аст вожаҳое, ки дар Эрон ва Тоҷикистон сохта шудааст, мову шуморо аз бисёре вожаҳои бегона бениёз мекунад.
Ғафуров: Албатта, мо бояд барои наздик кардани ин ду забон бикӯшем. Ё беҳтар бигӯем, забони мо якест, мунтаҳо тарзи талаффуз мутафовит аст. Вале бояд инро ҳам дар назар гирифт, ки дар забони мо вожаҳое ҳастанд, ки наметавон онҳоро аз даруни забон берун андохт. Бисёре аз вожаҳое, ки мо гирифтаем ва шумо гирифтаед дигар гузарномаи эронӣ ва тоҷикӣ гирифтаанд. Беҳтар он аст, ки кӯшиш кунем, то фарҳанги бузурге аз вожаҳои форсӣ ва тоҷикӣ фароҳам ояд. Чунин фарҳанге ҳам ба эрониён, ҳам ба тоҷикон ва ҳам ба афғонҳо кӯмак хоҳад кард. Бавижа ба форсизабонони Афғонистон. Барои он ки онҳо дар вазъи бисёр баде қарор гирифтаанд. На ба ин тараф тамоюл пайдо кардаанд, на ба он тараф. Як чизи байнобайн шудаанд. Фармуш накунем, ки навиштани чунин фарҳанге мусталзими (ниёзманди) кӯшиши илмии фавқулода аст.
Алинажод: Гуфтед, айбе дар ин намебинед, ки вожаҳо аз забони русӣ вориди забони тоҷикӣ ва аз урупоӣ вориди форсӣ шаванд, вале ин бегонаҳо доранд чунон зиёд мешаванд, ки асолати забони моро хадшадор (захмин) мекунанд. Дуруст мисли сагвош. Мутаассифона номи илмии он алафи ҳарзро намедонам, ки чунон дар мазраъаҳо худро мегустаронад, ки асли маҳсул аз даст меравад.
Ғафуров: Ба назари ман истифода накардан аз вожаҳои хориҷӣ амалест ғайримаъқул ва нодуруст. Чун ба ҳар тақдир дар пешрафти забон таъсир дорад. Аммо дар айни ҳол бояд гуфт, ки ин зиёне ҳам дорад ва он ин аст, ки афзоиши бемаънои вожаҳои бегона сабаб мешавад, ки мардум забони худро бо каламоти ғайрилозим олуда кунанд. Ба ҳамин далел ба назари ман ҳам дар Эрон, ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Тоҷикистон бояд ҳамеша камисюнҳои хосси вожашиносӣ вуҷуд дошта бошанд, ки доиман мутолиа кунанд, ки кадом вожаро бояд ба ҳамон шакле, ки ҳаст бипазирем ва кадом вожаро бояд дур бияндозему вожаи асили худро баргузинем. Ин ҳатман коре зарурист ва ҳарҷу марҷ дар ин масъала ҷуз зиён чизе ба бор нахоҳад овард.
Алинажод: Бо юрише, ки забонҳои урупоӣ овардаанд, бавижа аз он рӯ ки Урупо аз лиҳози илмиву санъатӣ пешрафта асту мо ҳанӯз на, ба назари Шумо ояндаи форсӣ чи хоҳад шуд? Оё метавонад ба унвони як забони ғанӣ ва саршор ҳамчунон барои қарнҳо зинда бимонад?
Ғафуров: Ман муътақидам, ки вуруди вожаҳо ҳеч василаи харобтар кардани забони мо нахоҳад буд. Забони форсӣ аз ин осебе нахоҳад дид. Хатар аз ҷои дигарест. Забони форсӣ аз пазириши вожаҳои нозарур осеб хоҳад дид. Хатари дигаре ҳам вуҷуд дорад. Масалан, мебинем дар Эрон афроде ҳастанд, ки саъй мекунанд камтар форсӣ суҳбат кунанд ва таъаммуд доранд (қасдан мехоҳанд), ки ба забони англисӣ ё фаронса суҳбат кунанд.
Алинажод: Бибахшед, ман ҳамин ҷо мехоҳам ба таври муътариза бипурсам, ки дар Тоҷикистон чи тур?
Ғафуров: Дар Тоҷикистон ҳам ин тур буд, вале мо бо он мубориза кардем ва алъон тағйироти васеъе дар ин замина ҳосил шудааст. Барои зинда нигоҳ доштани тоҷикӣ мо аз забони форсӣ истифода мекунем. Дар донишкадаҳо таҳсили забони форсӣ иҷборӣ шудааст. Дар дабиристонҳо ҳам донишомӯзон форсӣ мехонанд.2
Алинажод: Хуб, доштед дар бораи хатарҳое, ки мутаваҷҷеҳи забони форсист баҳс мекардед.
Ғафуров: Хатари бузурги дигаре ҳам ҳаст, ки бояд ёдовар шавам. Дар Ҳинду Покистон дар гузашта шумори бисёре аз мардум ба форсӣ сухан мегуфтанд, вале ҳамвора таъдоди форсизабонон каму камтар мешавад ва ин хатари бузургест. Акнун танҳо насли гузашта каму беш ба забони форсӣ суҳбат мекунад ва наслҳои тоза нисбат ба ин забон бегонаанд. Масалан, ман ёд дорам панҷоҳ сол пеш мардуми Кашмир ҳама ба забони форсӣ суҳбат мекарданд, аммо ҳоло дигар касоне, ки ба форсӣ сухан мегӯянд, андаканд. Дар гузашта Дар Афғонистон ҳам нисбат ба Тоҷикистон (бояд тоҷикон бошад) ва форсизабонон равише эъмол мешуд, ки хушоянд набуд. Забони форсӣ рафта рафта маҳдуд мешуд ва ин маҳдуд кардан ба таври маснуъӣ ва аз рӯи амд (қасдан) анҷом мегирифт, вале хушбахтона давлати кунунӣ ба раҳбарии сардор Муҳаммад Довудхон роҳи тозае пеш гирифтааст ва дубора роҳро барои забони форсӣ ҳамвор кардааст.3
Ду сол пеш ҳангоме ки ман дар Ҳинду Покистон будам ба равиши онҳо дар баробари забони форсӣ эътироз кардам ва онҳо ваъдаи ҷиддӣ доданд, ки дар пешрафти забони форсӣ ва тадриси он ва васеътар карданаш кӯшиш хоҳанд кард. Ман медонам ки Индиро Гонди нахуствазири Ҳинд ба тадриси забони форсӣ ва ишоъаи (густариши) он дар Ҳинд бисёр алоқаманд аст. Донишкадаҳо ва курсиҳое (кафедраҳо) дар Ҳинд ҳаст, ки ба тадриси забону адабиёти форсӣ ихтисос доранд. Дар ин замина аз кӯшишҳое, ки барои баргузории солрӯзи Амир Хусрави Деҳлавӣ дар Ҳинд анҷом мегирад, ҳам бояд ёд кард.
Алинажод: Ба назари Шумо иллати ин ки таъдоди форсизабонон пайваста каму камтар мешаванд ин нест, ки даври миллатҳои форсизабон деворҳое кашида шудааст ва ин миллатҳо аз ҳам комилан ҷудо шудаанд. Чунон ки мардуми мо бо тоҷикҳову афғонҳову кашмириҳо, ҳамин тур мадуми он навоҳӣ бо эрониён наметавонанд рафтуомади густарда дошта бошанд?
Ғафуров: Ман бояд мутазаккир шавам, ки дар солҳои охир байни донишмандони Эрону Тоҷикистон равобите ба вуҷуд омадааст. Ҳамин тур донишмандони Тоҷикистон кӯшишҳое дар ҷиҳати наздик шудан ва иртибот бо Афғонистону Эрон нишон медиҳанд. Масалан, ман дар ҳамин сафаре, ки ба Эрон омадаам, дастандаркори музокира барои ташкили конфронсе дар бораи забони форсӣ ҳастам. Мо тоҷикҳо наметавонем аз адабиёти форсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барканор бимонем. Бояд ҳамаи инҳоро бо якдигар муттаҳид кард. Ҳарчи робита ва бархурди донишмандон дар байни мо дар миқёси ҷаҳонӣ зиёдтар шавад, ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон аз ин робита (бештар) баҳра хоҳанд гирифт.
Алинажод: Ростӣ чаро форсии Тоҷикистон бо форсии Эрон ин ҳама фосила гирифтааст? Бешак, мо дар гузашта, масалан, дар давраи Байҳақӣ, ин ҳама аз ҳам ҷудо набудаем, ки ҳарфҳои якдигарро ба сахтӣ бифаҳмем.
Ғафуров: Навоҳии мухталифи Эрон ҳамеша лаҳҷаҳои мутофовите доштаанд. Аммо вазъи Тоҷикистон дар қадим бисёр душвортар аз вазъи дигар навоҳии Эрон будааст. Барои он ки дар садаҳои миёна хонот ва хоқоноти бисёре дар ин навоҳӣ ба вуҷуд омада буданд. Чун хоноти Бухоро ва хоқоноти Хуганд (Хуҷанд)4 ва Хива ва дигар... Инҳо ҳар кадом дар заминаи робитаи Тоҷикистон (манзур тоҷикон бояд бошад) бо дигар навоҳии Эрон мушкилоте падид меоварданд. Дар натиҷа инҳо тавонистанд таъсири худро каму беш бар мо бигзоранд ва сабаб шуданд Тоҷикистон, ки то ҳудуде худ падидоварандаи адабиёти клосики Эрон буд, аз ин адабиёт дур бимонад.
Ин дурӣ сабаби ҷудоии фарҳангӣ ва забонӣ ҳам шуд. Аммо бо вуҷуди ин ки мумкин аст вожаҳое, ки мо ба кор мебарем, барои дигаре номаънус (ноошно) ҷилва кунанд, дар ҳақиқат решаҳои эронӣ дорад, ки дархури шинохтан аст ва мо бояд аз лиҳози гӯиш якдигарро беҳтар бишиносем. Фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон дорои решаи бузурги воҳидест. Фақат шохаҳои ҷудогона дорад. Ба ҳамин далел вақте касе аз тоҷикон ба сарзамини шумо меояд, бешак, худро дар хона ва муҳити хеш эҳсос мекунад. Ман дар оғози суҳбатам воқеан эҳсоси худро баён кардам. Ҳангоме ки ба Эрон омадам, биттабъ худро дар сарзамини наздике ёфтам.
Алинажод: Сусиёлисм мегӯяд бигзоред фарҳанг ва адабиёти миллатҳое, ки дар дохили мамлакате зиндагӣ мекунанд, шукуфо гардад. Ҳатто миллатҳое, ки дар масири торих ақабуфтодаанд ва дар фазои ситаму истисмор дучори хафақон шудаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин эътиқод забону адабиёти Тоҷикистон пас аз инқилоб чи таҳаввулоте ба худ дидааст?
Ғафуров: То замоне ки ҳануз Ҷумҳурии Тоҷикистон падид наёмада буд, сухан аз миллияти тоҷик гуфтан кори душворе буд. Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ин ноҳия (сарзамин) андак андак худро тоҷик эълом карданд ва аз ин роҳ бештар муттаҳид шуданд.5 Ин иттиҳод, ба истилоҳи форсизабонон Осиёи Миёна, сабаб шудааст, ки имрӯза Тоҷикистон ба як маркази иттиҳоди забонӣ ва фарҳангӣ бадал шавад. Ин вазифа, чун вазифаи хеле бузургест, табъан мусталзими (ниёзманди) кӯшиши фавқулодаест. Ин худ масъалаи бузургеро дар баробари мо қарор медиҳад ва он ин аст, ки адабиёти мо ҳарчи бештар бояд кӯшиш кунад, ки ба мардум ва забони мардум наздик шавад. Забони адабии мо дар ин ҷиҳат бояд ҳаракат кунад ва дуруст, ки дар Тоҷикистон инак таъдоди зиёде забоншинос, донишманд ва адиб тарбият шудаанд, вале ҳама кӯшишҳо дар ҳоли ҳозир дар ин нуқта мутамаркиз шудааст, ки забони адабии мо бо забони омма мунтабиқ шавад. Чаро? Барои он ки ин адабиёт аз даруни мардум берун омада ва мутааллиқ ба онҳост ва бояд барои онҳо мафҳум бошад. Мутаассифона ҷараёнҳое мушоҳида мешавад, ки саъй мекунанд забони адабиро аз забони мардум дур нигаҳ доранд. Ин ҷараён ба вижа дар Эрон зиёд мушоҳида мешавад.
Алинажод: Чи ҷараёнҳое?
Ғафуров: Душворнависӣ, навиштан ба шеваи клосик ва ба шеваҳои дур аз забони мардум. Дар заминаи адабиёти клосик набояд фаромуш кард, ки мо ниёзманди адабиёти клосик ҳастем. Ин як ҷузъи лоятаҷазои (ҷудоинопазири) вуҷуди мост. Бояд аз адабиёти клосики худ истифода кунем, вале гоҳ мебинем ин истифода шакли меконик ба худ мегирад. Бо тааққул ва тафаккур омехта нест. Ин албатта музир аст. Мо дар адабиёти клосик вожаҳое бисёре дорем, ки ҷудо бояд аз онҳо истифода кунем, вале ҳастанд вожаҳое, ки ба тадриҷ ҷои худро ба вожаҳои тозае додаанд, аз миён рафтаанду мурдаанд. Мо дар нигаҳдошти ин вожаҳо, ки худи ҷомеа онҳоро дур рехтааст, набояд таассуби кӯдакона ба харҷ диҳем. Бино бар ин истифода аз адабиёти клосики мо лозим аст, вале бояд шакли маъқул дошта бошад, на шакли меконикӣ (механикӣ).
Алинажод: Мебахшед, ба истилоҳ ҳарф туи ҳарф омад. Шумо доштед дар бораи таҳаввулоте, ки забону адабиёти тоҷик пас аз инқилоби 1917 ба худ дид, мегуфтед.
Ғафуров: Адабиёт ҳамеша барои мардуми босавод қобили истифода аст. Дар Шӯравӣ бесаводӣ лағв шудааст. Мардум ҳама босавод шудаанд ва рӯз ба рӯз бештар ба фаро гирифтани адаб машғул мешаванд. Мисли дигар навоҳии Шӯравӣ ин таҳаввули фарҳангӣ ба он ҷо анҷомидааст, ки имрӯза тоҷикҳо ба адабиёти худ воқеан наздик шудаанд. Дар гузашта касоне, ки дар Тоҷикистон “Шоҳнома” и Фирдавсиро мехонданд, аз ҳазор нафар бештар набуданд ва шеърҳои Фирдавсӣ ағлаб аз тариқи наққолӣ ироа мешуд, вале дар солҳои ахир мардум анбӯҳ-анбӯҳ ба адабиёти клосики худ рӯй овардаанд. Ҳамчунин дар гузашта тоҷикон фақат чанд шоир: Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Амир Алишери Навоиро мешинохтанд. Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ на танҳо адабиёти клосикро ба забони форсӣ, ки бештари онҳоро ба забони худ мутолиа мекунанд. Борҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва осори Саъдӣ, бавижа “Гулистон” ва девони Ҳофиз ва рубоиёти Хайём ба русӣ тарҷума шудааст. Тозагӣ китобе аз ашъори Фирдавсӣ ба забони русӣ тарҷума шуда ва ман муқаддимае бар он навиштаам, ки 250 ҳазор нусха аз он мунташир шудааст. Ин тирож худ нишонаи он аст, ки мардуми Шӯравӣ дар чи миқёсе аз адабиёти клосики Эрон истифода мекунанд. Як мисоли дигар: Амир Хусрави Деҳлавиро таъдоди андаке дар Шӯравӣ мешинохтанд, вале имрӯза ба унвони яке аз машҳуртарин шоирони порсигӯ дар Тоҷикистон ва дигар навоҳии Шӯравӣ шинохта шудааст ва мардум бо осори ӯ ошноӣ доранд.
Алинажод: Дар бораи “Шоҳнома” гуфтед ва суоле дар бораи корҳое, ки рӯи “Шоҳнома” мешавад, бароям пеш омад. Се сол пеш Рустам Алиюф (эроншиноси Шӯравӣ) ба ман гуфт, ки шӯравиҳо машғули фароҳам сохтани як вожаномаи “Шоҳнома” ҳастанд. Шумо медонед кори ин вожанома ба куҷо кашидааст?
Ғафуров: Дар ин замина кори бисёре шуда ва лозим аст бишавад. На танҳо насли кунунӣ, балки наслҳои оянда бояд рӯи “Шоҳнома” кор кунанд. Ин китоби азимест, ки металабад наслҳои мутааддид рӯи он ба кори илмӣ бипардозанд ва барои ҳама замонҳо имкони кор рӯи “Шоҳнома” ҳаст. Аммо дар бораи худи “Шоҳнома” дар гузашта Институи ховаршиносӣ ба интишори матни мунаққаъ ва интиҷодии он пардохт, ки дар 9 ҷилд интишор ёфт. Вале ин матн дорои норасоиҳо ва нақоисе буд ва чунин чизе табиист. Ба ҳамин далел акнун дар садад баромадаем бо кӯмаки донишмандони эронӣ матни тозаеро, ки норасоиҳои камтаре дошта бошад, Дар Эрон мунташир кунем. Табъан ҳар нусхаи танқеҳӣ беҳтар аз нусхаи пешин аст ва саъй бар он аст, ки дар ояндаи наздик ин корро ба поён бибарем.
Аммо дар бораи вожанома, марҳум Абдулҳусайни Нӯшин вожаномае барои “Шоҳнома” фароҳам оварда буд, ки дар Эрон ба ҳиммати Бунёди фарҳанг интишор ёфтааст. Вале ин вожанома кофӣ ва комил нест. Донишмандони Шӯравӣ дар сададанд вожаномаи бисёр бузургу комиле аз “Шоҳнома” таҳия кунанд. Ҳамакнун дар замина кор идома дорад ва ин кор ҳам бояд бо кӯмаки донишмандони эронӣ анҷом шавад. Мо фикр мекунем, ки ин кори пурзаҳмат дастикам шаш то ҳафт соли дигар вақт лозим дорад.
Алинажод: Шояд нахустин вазифаи касоне, ки дар заминаи адабиёти клосик кор мекунанд, ин бошад, ки як матни покиза ва асил, як матни тасҳеҳшудаву дуруст аз осор ба даст диҳанд. Аммо ин ба худии худ ҳадаф наметавонад бошад. Ҳадаф бояд ин бошад. Ки пас аз таҳияи матни дуруст ба арзёбии асар биншинем ва чанду чуни онро бисанҷем. Фарз кунед, аз осори Низомӣ як матни дуруст таҳия кардаем, аммо баъд зарурат дорад, ки масалан ашхоси достонии Низомиро ба унвони яке аз абъоди (ҷанбаҳои) кор арзишёбӣ кунем. Фарз кунед Лайлиро дар китоби “Лайлӣ ва Маҷнун” ва Ширинро дар китоби “Хусрав ва Ширин”, то бубинем ҳар кадом чи арзишҳое доранд. Дар Шӯравӣ дар ин замина чи кардаанд?
Ғафуров: Корҳои бузурге дар ин замина анҷом шудааст. Мо гузашта аз институҳои ховаршиносии мутаъаддиде, ки дар шаҳрҳо ва донишгоҳҳои мухталиф дорем, дар Тоҷикистон як институи вижаи эроншиносӣ дорем, ки дар он ҷо ба ин масоил таваҷҷуҳ мекунанд. Масалан, дар мавриди Низомӣ, ҳамон ки мисол задед, осори мутаъаддиде то кунун навишта шудааст. Дар бораи ҷаҳонбинии Низомӣ, дар бораи андешаҳои фалсафии Низомӣ, дар бораи вижагиҳои адабӣ ва ҳунарии Низомӣ ва ҳатто кор мекунем рӯи асари (таъсири) Низомӣ бар Амир Хусрав. Инҳо чизҳоест, ки мо дақиқан дар пайи онем, вале чунин корҳое бавоқеъ чунон густарда аст, ки поённопазир аст.
Алинажод: Пас, чигуна аст, ки мо аз шӯравиҳо он қадар, ки дар заминаи торихи Эрон корҳои нек дидаем, дар бораи адабиёт надидаем? Оё Шумо дар торих бештар аз адабиёт кор мекунед ё то кунун кардаед?
Ғафуров: На, чунин нест. Бисёре китобҳост, ки тарҷума нашудааст. Шумо мутарҷими русӣ ҳам кам доред.
Алинажод: Бо ин ҳама корҳо, ки дар Шӯравӣ дар бораи Эрон мешавад, метавонед бигӯед дар кишвари шумо чанд эроншинос ҳастанд?
Ғафуров: Ман наметавонам дар ин замина рақами дақиқе ироа кунам, вале метавонам бигӯям, ки беш аз ҳазор донишманд, ба маънии васеъи калима, дар риштаи эроншиносӣ кор мекунанд, ки агар тасаввур кунед ҳар кадом аз ин донишмандон даҳ нафар ба унвони ҳамкор доранд, ки аз лиҳози мақоми илмӣ ба дараҷаи онҳо намерасанд, даҳ ҳазор нафар дар корҳои марбут ба эроншиносӣ даст доранд. Шоҳаншоҳи шумо дар дидори худ аз Шӯравӣ ба ин нукта ба сароҳат ишора кардаанд, ки дар ҳеч як аз кишварҳои ҷаҳон ба андозаи Шӯравӣ дар заминаи эроншиносӣ кору кӯшиш нашудааст.
Алинажод: Дар чанд донишгоҳи Шӯравӣ курсии (кафедраи) эроншиносӣ вуҷуд дорад?
Ғафуров: Донишгоҳҳои Ленингрод, Маскав, Тифлис, Иривон, Боку, Тошканд, Самарқанд ва Душанбе, ки ҳар сол садҳо эроншинос тарбият мекунанд. Гузашта аз инҳо таъдоди зиёде институи пажӯҳишҳои илмӣ вуҷуд дорад, ки зимни фаъолият дар заминаи эроншиносӣ ба парвариши пажӯҳандагон низ мепардозанд.
Алинажод: Вазъи матбуоти форсизабонон дар Тоҷикистон чи гуна аст?
Ғафуров: Нахуст бояд бигӯям, ки осори тоҷикӣ ҳам ба хатти кунунии форсӣ мунташир мешавад ва ҳам ба хатти русӣ, аммо матбуот ба хатти русист. Дар Тоҷикистон таъдоди зиёде рӯзнома ва маҷалла ба забони мардуми тоҷик мунташир мешавад. Маҷаллаҳои махсуси баррасии адабиёт низ ҳаст, ки ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ мунташир мешавад. Масалан “Садои Шарқ” ва “Помир”, ки ин яке ба забони русӣ ва барои мардуми ғайритоҷик мунташир мешавад.
Алинажод: Аз нашриёти форсизабоне, ки дар Эрон мунташир мешавад, ҳеч ба Тоҷикистон меояд?
Ғафуров: Маҷаллаи “Сухан”, ки мураттаб мерасад. Рӯзномаи “Иттилоъот”, маҷаллот ва рӯзномаҳои дигаре ҳам меояд, вале бояд ёдовар шавам, ки вазъи мубодилаи китобҳо ва навиштаҳо байни ду кишвар вазъи ризоятбахше надорад.
Алинажод: Аз мо чи сохта аст? (Мо чи кор метавонем бикунем?)
Ғафуров: Яке аз корҳое, ки ба назар хеле асосист, фиристодани китобҳо ва маҷаллаҳову рӯзномаҳо аз Эрон ба китобхонаи Академии улуми Тоҷикистон ва китобхонаи Тоҷикистон (?) ва китобхонаи “Фирдавсӣ” дар Тоҷикистон аст. Чи басо иттифоқ меафтад китобҳо ё мақолоте дар Эрон тарҷума мешавад, ки аҳли фанни Тоҷикистон аз он огоҳӣ надоранд. Бино бар ин бояд дар тақвияти равобити донишмандони ду кишвар кӯшид. Бояд донишмандони ду кишвар огоҳӣ ёбанд аз он чи дар он ҷо ва он чи дар ин ҷо мунташир мешавад. Дар ин сурат метавонед робитаҳоро мустаҳкамтар кунед.
Алинажод: Аз Шумо, ки фурсататонро ба ман додед ва аз устоди азиз дуктур Иноятуллоҳи Ризо, ки заҳмати тарҷумаро кашиданд, муташаккирам.
************************************************
Тавзеҳот:
1. Манзур қаҳрамони китоби нависандаи Эронӣ Зайнулобиддини Мароғаӣ аст, ки дар ибтидои қарни 20 китобе бо унвони “Сафарномаи Иброҳимбег” навишта ва он замон ин китоб дар Мовароуннаҳр ҳам интишор ёфта ва шуҳрат дошт.
2.Манзур дарси матни классикӣ аст.
3.Мутаассифона, дар солҳои ахир боз ҳамон падидаи маҳдуд кардани забони дарӣ дар Афғонистон чандин маротиба мушоҳида шудааст.
4.Дар асл бояд Хуқанд бошад, ки мусоҳибакунанда иштибоҳан онро Хуганд шунида ва Хуҷанд тасаввур кардааст.
5. Бобоҷон Ғафуров фишори пантуркистонро дар ибтидои қарни 20 дар назар дорад.
Таҳия ва тавзеҳоти Рустами Ваҳҳоб

АФКОРИ ТАНҚИДИИ УСТОД АЙНӢ ДАР “НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК”

Имрӯз бо ташаббус ва мудирияти кафедраи Назария ва адабиёти навини форсии Тоҷикӣ дар фарҳангсарои Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии “Масъалаҳои таҳқиқ ва интишори осори Садриддин Айнӣ” баргузор гардид. Дар Конфронс устодон Абдунабӣ Сатторзода, Аламхон Кӯчаров, Абдулҳай Маҳмадаминов, Муртазо Зайниддинов ва чанд нафар донишмандони шинохта аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои дигари илмии ҷумҳурӣ суханронӣ карданд. Банда ҳам маърӯзаеро ироа намудам, ки матни он ба далели вуҷуди баъзе нуктаҳои мавриди тааммул дар ин фазои маҷозӣ (хусусан сафҳаи “Дуруст бинависем”) ироа мегардад.
АФКОРИ ТАНҚИДИИ УСТОД АЙНӢ ДАР
“НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК”
Таҳия, танзим ва муаррифии осори адибон ва шарҳи ҳоли онҳо, ки аз ҷумла дар тазкира анҷом мешавад, бештар хислати як кори фанниро дорад. Яъне муаллифи чунин осор боястӣ матнҳоро он гуна, ки ҳаст бидуни каму кост манзур созад ва шарҳи ҳоли соҳибони асарро ба ҳадде, ки хонанда ба шахсияти воқеии онҳо ошно гардад, пешниҳод намояд.
Ба ҳар эътибор “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айниро метавон тазкира номид, агарчи устод худ онро танҳо маҷмӯа ном бурда.
Устод Айнӣ дар ин китоб, чун дар ҳамаи китобҳои пешини худ, танҳо як гирдоваранда ва муаррификунандаи осори адибони қадиму ҷадид нест, балки ин осорро тафсиру нақд менамояд. Тафсир ва нақди устод Айнӣ аз осори гирдомада дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ба ду наҳв сурат мегирад. Яке дар зимни баёни шарҳи ҳол ва муаррифии бевоситаи осори адибон ва дигар ба воситаи тавзеҳоти зарурие, ки дар поварақи китоб дода мешавад. Ин принсип аз аввалин осор, ки аз бунёнгузори адаби тоҷикӣ форсӣ устод Рӯдакӣ ҳаст, то охир идома меёбад. Масалан, дар қисмати Рӯдакӣ дар бахши “Баъзе маълумот” устод Айнӣ ба чанд мавзӯъ ба сурати мухтасар бо назари таҳқиқӣ ва танқидӣ менигарад, ки яке аз он интиқод аз назари Давлатшоҳи Самарқандӣ соҳиби “Тазкираи давлатшоҳӣ” дар хусуси қимат ва арзиши бадеии шеъри устод Рӯдакӣ мебошад. Дар ин боб устод Айнӣ менависад:
“Давлатшоҳи Самарқандӣ, мисли соири арбоби тазкира, ҳарчанд номи Рӯдакиро ба устодӣ ёд карда, аммо ба шеъраш ба назари истихфоф (сабук) нигоҳ мекунад. Ба фаҳми фақир шеъри Рӯдакӣ дар камоли равонӣ ва дорои фасоҳату балоғат аст, ки ба хонанда ба осонӣ як ҳаяҷони бадеӣ мебахшад, ки ҳамин аст дараҷаи болои шеър”.
Ба ин восита барои мо на танҳо назари устод Айнӣ дар хусуси шеъри Рӯдакӣ, балки нигоҳи ӯ дар бораи моҳияти ҳунарии шеър ҳам маълум мегардад.
Дар бахши ашъори Абӯалӣ Сино, ки бидуни ҳеҷ муқаддимае омадааст, устод Айнӣ зарур медонад, ки дар ҳошия ин ҷумларо ба таъкид биёрад:
“Абӯалӣ Сино симоест, ки монандашро то ҳол замона нишон надодааст, тамоми мардуми донишманди Шарқу Ғарб эҳтироми ӯро лозим донистаанд”.
Навъи дигари шарҳҳои устод Айнӣ хислати матншиносӣ дошта, гоҳо ба маънову сиҳҳати калимаҳову ибораҳо дахл дорад ва гоҳе низ нусхаҳои гуногуни як асар ба муқоиса оварда мешавад. Дар хеле аз мавридҳо назари худи устод Айнӣ дар хусуси тарҷеҳи нусхаи интихобшуда оварда мешавад.
Дар бархе аз қайдҳои поварақии “Намуна” устод Айнӣ аз конъектура кор мегирад, яъне ба қиёси таносуб ва завқу фаросати адабӣ назари худро дар хусуси тасҳеҳи матн баён медорад. Масалан, зимни иқтибоси ашъори Камолии Бухороӣ аз “Намунаи адабиёти Эрон” дар мавриди ин байт:
Бо вард ҳамнишинаму бо вард ҳамқарин,
Бо Зуҳра ҳамқиронаму бо маҳ муҷовирам.
дар ҳошия менависад: “Бояд дар ҷои “вард”и охирӣ меҳр бошад”. Дар ҳақиқат дар як мисраъ дар он таркиби мавҷуд ду бор омадани “вард”-ро табъ намепазирад.
Устод Айнӣ дар бахши Асируддини Ахсикатӣ мушоираи ӯро бо Хоқонии Шарвонӣ зикр намуда, назари интиқодии хешро чунин баён медорад: “Инсоф он аст, ки аз ин ду ғазал аз они Хоқонӣ нисбат ба ғазали Асируддин ба дараҷот баланд аст”. Дар ҳамин матни мушоира, ки иборат аз ду ғазал аст, дар байти зерини Асируддини Ахсикатӣ:
Кашида зини ман ин визаи ҳилолрикоб,
Аз он ки шаҳпари Руҳулқудус инони ман аст.
Дар поварақӣ оварда мешавад, ки инҷо “Бояд ба ҷои “ин виза” овеза бошад. Дар ҳақиқат ин ҷо “виза” ҳеҷ маъно намедиҳад ва дар асл ин “диза” мебошад. Яъне аспе, ки бар бадан як хати кашидаи сиёҳ дорадва манзури шоир шаб аст, ки онро ба “диза” аспи сиёҳ ташбеҳ кардааст, ки дорои рикоб (узангу) аз ҳилол аст. Иштибоҳи матни дастнавис устод Айниро ба чунон ҳадс задан водоштааст ва ба ҳақ “овеза” маъное хоҳад дошт ва “виза” ин ҷо ҳеч маъно надорад.
Устод Айнӣ дар хусуси Бадри Чочӣ менависад:
“Аксари абёти Бадрро бе шарҳ ва ҳалли луғот фаҳмидан мумкин нест. Аз ашъораш маълум мешавад, ки соҳиби тарҷума ба ҳайату нуҷум хеле вуқуф дошта хазинаи луғоти ғариба будааст.
Ҳиссае, ки мо аз сайри девон ва нақли ашъори Бадри Чочӣ гирифтем, ин аст, ки панҷсад сол пеш аз ин таърих дар Тошканд, ки синаи Туркистон аст, чунин шоири форсизабони мушкилписанд нашвунамо ёфтааст. Вагарна ашъоре, ки фаҳмидани он ба шарҳ, ҳалли луғот ва донистани фанҳои бисёр мавқуф аст, муҳаққиқини удабои форсро хушкард нест. Оре, баъзе удабо қасидае, ғазале, қитае ё ки байтеро барои қудратнамоӣ бадин услуб иншод кардаанд. Аммо сар то пои девонро бадин сиёқ касе нанавиштааст. ”
Ду нуктаи бисёр муҳим дар ин қисмати нақди шеъри Бадри Чочӣ аз сӯйи устод Айнӣ мавҷуд аст. 1) Назари устод Айнӣ нисбат ба мушкилписандӣ ва мушкилнописандӣ дар шеър. 2) Таъкид бар ин, ки забони форсӣ дар Чоч (на танҳо Самарқанду Бухоро!) 500 сол пеш ба ин ривоҷу матонат вуҷуд доштааст.
Устод Айнӣ дар қисмати Шайх Камол бештар таваққуф мекунад, чун дилбастагии хоссе ба ашъори эшон дошт ва дар хусуси вижагии ашъори Камол мегӯяд:
“Дар суханҳои Шайх Камол тарзи хоссест, ки дигаронро кам иттифоқ меафтад. Камол дар ашъори худ тарзҳои думаънодор ва ҷиносро бисёр ба кор мебарад ва ба ҳарду маънӣ ҳам шеъраш аз ҷазолат намебарояд”.
Ҳамчунин устод Айнӣ ғазали зебоеро аз Камол оварда, дар хусуси ҳусни мақтаъи он, ки чунин аст:
Ё дӯст гузин, Камол, ё ҷон,
Як хона ду меҳмон нагунҷад.
менависад:
“Ҷомеи ин авроқ (устод Айнӣ) мегӯяд: дар бадали мисраъи охирӣ. Як шаҳр ду ҳукмрон нагунҷад”, ё “Як мулк ду ҳукмрон нагунҷад” мешуд, ҳаройина ба воқеъ мувофиқтар меафтод, зеро дар воқеъ ба як хона ду меҳмон, ҳатто зиёдтар бар он гунҷидан мумкин аст. Аммо ба як шаҳр ё мулк ҳеҷ гоҳ ду ҳукмрон нагунҷидааст ва нахоҳад гунҷид”.
Бадеҳист, ки сухани Саъдӣ “Ду дарвеш дар гилеме бихуспанд ва ду подшоҳ дар иқлиме нагунҷанд” ин ҷо ба фармудаи устод Айнӣ ҳамоҳанг аст. Аммо “Як хона ду меҳмон нагунҷад” зарбулмасали халқист, ки имрӯз ҳам гунаҳои гуногуни он дар миёни мардум вуҷуд дорад ва устод Айнӣ аз он ҳатман огоҳ буда, вале назареро овардааст, ки ба воситаи он зимнан мехостааст маънои дигареро муносиби вазъи рӯзгори худ ба зеҳнҳо бирасонад.
Ҳамчунин дар бахши Бисотии Самарқандӣ устод Айнӣ бартарии Камоли Хуҷандӣ бар Бисотиро таъкид менамояд.
Устод Айнӣ борҳо ба пурғалат будани нусхаҳои дастраси худ ишора намуда, ба ин сабаб иқтибос аз онҳоро ба ихтисор меорад.
Мусаннифи “Намунаи адабиёти тоҷик” зимни иқтибоси матнҳо аз қиёси онҳо бо ашъори худ низ парҳез намекунад ва ин рафтори ӯ боиси кушоиши табъи хонанда ва ҷазби бештари ӯ ба китоб мегардад. Масалан, зимни иқтибоси ғазале аз Восифӣ бо ин байт:
Нест бар рухсори гул шабнам, ки аз шармандагӣ,
Дар арақ шуд пеши ту, эй сарви хушрафтор, гул.
Устод Айнӣ дар поварақ менависад:
“Як байти каминаи ҷомеи ин авроқ ба мазмуни ин байти Восифӣ мутаворид афтодааст:
Ин на шабнам, ки саҳаргоҳ ба боғ уфтодааст,
Ба арақ гашта зи шарми рухи ту тар гули сурх”.
Агар ин байти устод Айнӣ баландтар ва балеғтар аз байти Восифӣ намебуд, гумон аст ки устод Айнӣ иқтибоси онро муносиб медонист. Ин ёдоварӣ як навъ нақди ғайриъаланӣ аз байти Восифӣ ҳам ҳаст. Устод дар поёни бахши Восифӣ менависад:
 “Аҳаммияти ин китоб (“Бадоеъ-ул-вақоеъ”) нисбат ба китобҳои куҳнаи дигар дар ин ҷост, ки мусанниф аҳволро фошофош ва маишатро ба камоли кушодагиву бериёӣ тасвир кардааст. Одотро чунон бепарда навиштааст, ки дар бисёр ҷоҳо таъбирот аз назокати адабӣ дур рафтааст.
Чун муаллиф авоили аҳди шоҳ Исмоили Сафавӣ ва авохири даври узбакияро дар Хуросон ба чашми худ дидааст, аз номи дину мазҳаб ба вуқуъ омадани фоҷеаҳои бисёр бадро навиштааст.
Аз он ҷо ки мо ба як инқилоби иҷтимоӣ ҳозир шуда, ба як маданияти нав қадам гузоштанӣ ҳастем, табъу нашри ин китоб барои аҳолии Мовароуннаҳру Туркистон зиёда зарур аст".
Аз ин баёноти таҳқиқиии устод Айнӣ маълум мегардад, ки бо вуҷуди аҳаммияти таърихиву иҷтимоии “Бадоеъ-ул-вақоеъ” баёни бепардаи онро аз назокати адабӣ дур шудан медонад ва ин албатта таҳсин нест. Ҳамчунин маълум мешавад, ки хеле аз назариёти устод Айнӣ дар “Намуна” хислати барномавӣ доштааст. Чунончӣ баъдан мебинем ӯ китоби “Восифӣ ва хулосаи “Бадоеъ-ул-вақоеъ””-ро навишт.
Дар тавзеҳот ва раҳнамоиҳои устод Айнӣ дар “Намуна” зикри қоида ва зарофатҳои таҳрири матни адабӣ низ аҳаммияти хос дорад. Аз ҷумла дар тавзеҳи байти зерини Ирсии Ҳисорӣ:
Котиби қудрат ба соди чашми мастат кардааст,
Мисраъи мавзуни қадди дилкашатро интихоб.
дар поварақ менависад:
“Котибони адаб ҳар гоҳ ба мисраъ ё байте хуб вохуранд дар болои он “сод” мегузоранд, ки киноя аз “саҳеҳ” аст, шоир ҳамон қоидаро иқтибос кардааст”.
Ба воситаи ин шарҳи устод Айнӣ мо ба маънои бисёр абёт мерасем. Аз ҷумла ин байти Бедил:
Ноқадрдони маънии асрор нестам,
Бар ҳарчи чашм мефиканам, сод мекунам.
Устод Айнӣ бо огоҳӣ аз қоидаи илмии матншиносӣ бо вуҷуди итминони комили худ ба варианти дуруст дар асли матн дахолат намекунад, нусхаи дастрасро онгуна ки ҳаст меорад ва назари интиқодии худро дар ҳошия қайд мекунад. Аз ҷумла дар бахши Оташӣ (Мирбақохоҷаи Бухороӣ) матлаъи қасидаи “Туҳфатулаҳбоб”-и ӯро аз дастхат ба ин сурат меорад:
Ниҳад муҳри хамушӣ фитрати нозукхаёлиро,
Чу мӯ пайдо шавад набвад садо минои холиро.
Ва дар поварақ ба ҳақ менависад:
“Маънии матлаъ равшан нест. Магар ки асли нусха ба ҷои “Ниҳад муҳри хамушӣ” “Бувад муҳри хамушӣ” бошад, лекин дар ду нусха, ки дида шуд, “Ниҳад муҳри хамушӣ” аст”.
Бештари назариёти интиқодии устод Айнӣ ба адабиёти аҳди охир тааллуқ дорад. Ин як амри табиист, зеро ба тадриҷ сарфи назар кардан аз қоидаҳои фасоҳату балоғат бештар мушоҳида мешавад.
Интиқодоти Айнӣ аз тақлиди нораво ва беҳосили бештаре аз шоирони ин аҳд аз сабки Бедил, ба ҳама маълум аст ва аз он сарфи назар мешавад. Аммо ба ҷуз ин ҳам интиқодоти ҷиддии дигари устод вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар бахши Муллораҷаб Парии Ҳисорӣ зимни интиқод аз мақтаи ин ғазали Парӣ:
Дар ишқ наёмӯхтаӣ аз Парӣ омӯз,
Девонагиву ҷайби шикебоӣ даридан.
Дар охири ҳарду мисраъ аломати савол гузошта, менависад: “Мақтаъ хеле вайрон менамояд, мумкин аст, ки дар мисраъи аввал ба ҷои “наёмӯхта” “навомӯхта” бошад ва ба таҳрифи нависандагон хато шуда бошад.
Аммо дар мисраъи сонӣ “йо”-и дувуми калимаи “шикебойӣ” аз таътеъ зиёд аст. Парӣ ҳарчанд шеърро салису сода месарояд, дар баъзе ҷоҳо аз ҳамин хел хатоҳо эмин намемонад”.
Дар хусуси эроди аввали устод Айнӣ метавон гуфт, ки калимаи “наёмӯхта” (ноомӯхт) дар маҳалли иқомати Парии Ҳисорӣ ба маънои касе, ки дар коре ҳеҷ навъ огоҳӣ ва малака надорад ё аз коре, ҳатто ваҳшат ва рамидагӣ дорад маъмул аст. Ҷанбаи манфии ин калима бештар аз “навомӯхта” аст ва таъкиди Парӣ ҳам метавонист ба он маъно бошад. Аз эроди устод Айнӣ маълум мегардад, ки ин калима дар забони адабии умумии он рӯзгор роиҷ набудааст. Аммо эроди дувуми устод Айнӣ, дар хусуси кутоҳ хондани “йо”, ё онгуна ки имрӯз мегӯем ”ӣ” и зада дар шеър яке аз ҷиддитарин эродҳои вазни шеъри муосири мо мебошад, ки имрӯз ҳам хеле ривоҷ дорад.
Чанд саҳифа баъдтар дар бахши “Муллоабдулкарим Сипандии Самарқандӣ” бо овардани ин байт:
Сипандӣ, ёр ба аҳдаш вафо накард, бирафт
Маро зи сина қарору зи дида хоб имшаб.
Устод Айнӣ дубора ба ин иштибоҳи вазн таваҷҷуҳ мекунад ва ба лаҳни шадид менависад:
 ““ӣ”-и Сипандӣ аз вазни матлуба зиёд аст. Як қисми шуарои мутааххир ба ин бало гирифторанд. Аммо аз монанди Сипандӣ як шоири куҳансол амсоли ин кор аҷиб аст. Девони Сипандӣ мутолиа шуд, дар аксари абёташ ин қисм завоид ҳаст”.
Ҳамчунин дар ҳамин бахши Сипандӣ дар мисоли шеъри ӯ бар вуҷуди лакнати дигари вазн, ки сабаби ба миён омадани он ба эътибор нагирифтани ҳарфи “ъайн” аст, ишора мекунад.
Ман нозукии лутфи кадом узви ту гӯям,
Бошӣ ту зи сар то қадамат кони назокат.
Устод Айнӣ дар ҳошияи ин байт менависад:
“Дар ин мисраъ таркиби “кадом узв” ро ба шарте вазн мусоада мекунад, ки ба ҷои ҳарфи “ъайн” и “ъузв” алиф бошад, зеро дар он сурат ба сабаби васли мими ”кадом” бо “зод”-и “узв” васл ёфта алиф, яъне ҳамза соқит мешавад. Аммо “ъайн” аз ҷумлаи ҳуруфи васлияву соқита нест. Ҳамоно қурби садои “ъайн” бо ҳамза шоирро ба хато андохтааст. Амсоли ин кор дар арӯз лозимулиҷтиноб аст”.
Имрӯзҳо, ки ҳарфи “ъайн”дар бисёр мавридҳо дар навишт ҳам намеояд, ин навъ хатои вазн дар шеъри мо умумӣ ва фарогир шудааст. Таъкиди устод Айнӣ дар хусуси ҳатмӣ будани эътибори садо ва ҳарфи “ъайн” бар он вомедорад, ки мо бори дигар дар имлои ин ҳарф тааммул ва таҷдиди назар бикунем.
Афкори интиқодӣ ва назариёти раҳнамоёнаи устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” бо он чи дар ин мухтасар гуфта шуд, поён намеёбад, балки хеле муфассалтар ва қобили як пажӯҳиши доманадор аст. Он гуна, ки дар ду мисоли охирӣ дидем, ин назариёт барои аз байн бурдани бисёре аз навоқис дар таълифоти адабии имрӯз ҳам мусоидат хоҳад намуд.

ҲАМОСАОФАРИН

Имрӯз сафаре доштем ба Роғун ва дар бозгашт раҳораҳ чанд сатре, агарчи ба гардиши номавзуни мошин, рӯйи коғаз омад.
ҲАМОСАОФАРИН
Коргар!
Парчами баланди Ковиён
Аз гузаштаи пурифтихори ту
Як ҳикоят аст.
Зарби чаккуши ҳамосаофарини ту
Занги соати саодат аст.

Ҳар гаҳе ба азми рустамона меравӣ
Дар миёни кӯҳсор,
Кӯҳҳо ба эҳтироми ту давраро васеъ мекунанд,
То қадам ниҳӣ ту бовиқор.

Роҳ мебарӣ ба қалби кӯҳ,
Мавҷҳои тундҷӯши Вахшро маҳор мекунӣ.
Рӯзу шаб
Дар миёни обу оташӣ ба қалби хок,
Чун дили тапандае ба пайкари Ватан
Кор мекунӣ.

Об мекашӣ зи ҳалқи санг,
Нур мекашӣ зи ҳалқи об,
То даме, ки оқибат
Ахтари ғунудаи
Бахти халқро
Офтоби нурбор мекунӣ.

ЛАВҲ

ЛАВҲ
Лавҳи паймони мо дорад муҳри сабзи Худо, Меҳан,
Санги кӯҳат ба сар бодам, гар бипӯям хато, Меҳан.

Пок ойинаи ойин ҷавҳар аз хоки ту дорад,
Меҳр бо хоки поки туст суннати Мустафо, Меҳан.

Кони санги сабурӣ ту, махзани обу нурӣ ту,
Осиё аз ту гардон аст дар ҳама Осиё, Меҳан.

То ба номат кунад таҳрир қавми ту сарнавишташро
Панҷа дар панҷа афканда борҳо бо қазо, Меҳан.

Посдорони хони хеш, дар кафи даст ҷони хеш,
Нест халқе чу халқи ту дар ҷаҳон порсо, Меҳан.

Мешиносам ҷаҳонатро, ҳафт ранги камонатро,
Шуълаи Ховаронатро нест ранги риё, Меҳан.

То наболад зи ҳоли ту душмани бадсиголи ту,
Санъати ошиқони туст гиряи бесадо, Меҳан.

Чун тавонам адо кардан поси ин ошноиро
Ман, ки будам тамоми умр бо ғамат ошно, Меҳан.

Муҳра аз меҳри ту дорад қомати интизоронат,
Чашми шабзиндадоронат гирад аз ту зиё, Меҳан.

Шоҳрӯди забони мо то равад бар равони мо
Аз ниҳоди ту меҷӯшад масдари бефано, Меҳан.

Меҳваре ҷуз ливои Меҳр бар ситеғи ту поё нест,
Парчамат офтоби туст, матлаъи Ориё, Меҳан.


НАВРӮЗРОЙ



НАВРӮЗРОЙ
Шукӯҳу фари зиндагонист Наврӯз,
Ҷаҳонро паёми ҷавонист Наврӯз,
Ба даври фалак ҷовидонист Наврӯз,
Чу фарҳанги тоҷик ҷаҳонист Наврӯз.

Гиреҳ аз дили ғунчаҳо мекушояд,
Зи лавҳи саҳар занги шаб мезудояд,
Чу ойина моро ба мо менамояд,
Майи Ҷоми Ҷам, дӯстгонист Наврӯз.

Биёяд ба табрики огарди деҳқон,
Занад давр шодона дар гирди деҳқон,
Зи оғоз чун буд шогирди Деҳқон,
Заминитарин осмонист Наврӯз.

Ба наврӯзройону наврӯзгорон,
Пазирандаи панди омӯзгорон
Бигӯяд сухан аз лаби ҷӯйборон,
Шабон бонги нойи шубонист Наврӯз.

Дили ман чу гул дар кафи кӯдакон аст,
Ба ҳар хонае шохае армуғон аст,
Ҷаҳон дар нигоҳам ҳама арғувон аст,
Чӣ ҷонофарин ҷонфишонист Наврӯз!

РУСТАМ ВАҲҲОБ:
ҒАЗАЛ.
Зи ҳама баҳо фузунтар, чӣ ба ройгон расидӣ!
Ту магар фаришта будиву зи осмон расидӣ?
Чу насими беғуборе, ки ба раҳ кунад навозиш
Тану ҷони хастаеро, ту ба ман чунон расидӣ.
На зи қисматам умеду на зи бахтам ин ҳавас буд,
Ту зи чашми ин ду раҳзан ба чӣ раҳ ниҳон расидӣ.
Дили ман баҳор дорад, сари ман хумор дорад,
Лаби ман шарор дорад, ки ба ҷои ҷон расидӣ.
Чу ҳанои гесувонат шафақи тулӯъи ман шуд,
Зи фано хатар надорам, ки зи ҷовидон расидӣ.
Нафасе дигар нахоҳам, ки зи худ кунам раҳоят,
Ба канори ман биёсо, ки ба ошён расидӣ.