понедельник, 1 мая 2017 г.

ҲАМОСАОФАРИН

Имрӯз сафаре доштем ба Роғун ва дар бозгашт раҳораҳ чанд сатре, агарчи ба гардиши номавзуни мошин, рӯйи коғаз омад.
ҲАМОСАОФАРИН
Коргар!
Парчами баланди Ковиён
Аз гузаштаи пурифтихори ту
Як ҳикоят аст.
Зарби чаккуши ҳамосаофарини ту
Занги соати саодат аст.

Ҳар гаҳе ба азми рустамона меравӣ
Дар миёни кӯҳсор,
Кӯҳҳо ба эҳтироми ту давраро васеъ мекунанд,
То қадам ниҳӣ ту бовиқор.

Роҳ мебарӣ ба қалби кӯҳ,
Мавҷҳои тундҷӯши Вахшро маҳор мекунӣ.
Рӯзу шаб
Дар миёни обу оташӣ ба қалби хок,
Чун дили тапандае ба пайкари Ватан
Кор мекунӣ.

Об мекашӣ зи ҳалқи санг,
Нур мекашӣ зи ҳалқи об,
То даме, ки оқибат
Ахтари ғунудаи
Бахти халқро
Офтоби нурбор мекунӣ.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!