понедельник, 1 мая 2017 г.

Бобоҷон Ғафуров

САДОИ ШАРҚ – 2014 - №12 РАВОБИТИ АДАБӢ ВА ФАРҲАНГӢ
Ба қарибӣ дар фазои маҷозӣ (интернет) мусоҳибае аз зиндаёд академик Бобоҷон Ғафуров бо хабарнигори Эронӣ Сируси Алинажод бознашр гардид, ки асли он беш аз сӣ сол пештар дар матбуоти Эрон ба табъ расидааст. Бояд ёдовар гардид, ки мусоҳибаи мазкур ба бисёре аз масъалаҳои вобаста ба робитаҳои адабию фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамзабон ва роҳҳою заминаҳои пешбурду густариши ин ҳамкориҳо равшанӣ меандозад. Агарчи дар баъзе аз ин заминаҳо пешрафтҳои беқиёс нисбат ба замони анҷоми ин мусоҳиба ба вуҷуд омада, дар хеле аз масъалаҳо ҳанӯз баҳсҳое вуҷуд дорад, ки ин мусоҳиба метавонад посухгӯи онҳо бошад. Ҳамчунин ба ин восита хонандаи гиромӣ боз як бори дигар ба ҷойгоҳи мумтози Тоҷикистон дар ҳифзу пешбурди фарҳанги муштараки мо ва нашру густариши он дар ҳудуди Иттиҳоди Шуравии собиқ ва хориҷ аз он пай хоҳад бурд, ки бо касби истиқлолият имкониятҳои кишвари мо дар ин замина ба маротиб бештар гардидааст. Бо ин мулоҳизаҳо манзур кардани ин мусоҳибаи воқеан таърихӣ ба хонандагони “Садои Шарқ” лозим дониста шуд.
МУСОҲИБАИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО СИРУСИ АЛИНАЖОД
Ин мусоҳиба сӣ солу анде пеш анҷом шудааст. Замоне ки Бобоҷон Ғафуров, сиёсатмадор ва донишвари тоҷик (1909-1977) барои нахустину охирин бор ба Эрон омад. Он замон ӯ 64 сола буд ва ду се сол баъд шунидам, ки гӯё дар худи Тоҷикистон даргузашт.
Бо он ки форсиро хеле хуб суҳбат мекард, аммо мусоҳиба бо кӯмаки мутарҷим, устод дуктур Иноятуллоҳ Ризо, ки мизбонии ӯро дар Теҳрон ба уҳда дошт, анҷом гирифт. Ин бад-он ҷиҳат буд, ки Бобоҷон Ғафуров бо таваҷҷуҳ ба тафовути лаҳҷаҳо ва ҳамчунин солҳо дурӣ аз Тоҷикистон фикр мекард мумкин аст дар баёни посухҳо ба форсӣ салосат ва равонии лозимро натавонад ба кор гирад. Русиро равонтар аз форсӣ суҳбат мекард.
Дар он замон ӯ бист соле мешуд, ки муқими Маскав буд ва раёсати Институи ховаршиносии Маскавро ба уҳда дошт. Бо вуҷуди ин мегуфт ҳаргиз натавонистааст забони форсиро канор бигзорад – “фаромуш кардани форсӣ мумкин нест”.
Ман бо вуҷуди ин ки дар он замон ҳанӯз хеле ҷавон будам, вале ба хотири алоиқам бисёре аз эроншиносонро аз русӣ то Омрикоӣ дида будам, бо онҳо ҳамсуҳбат ва ҳамсафар шуда будам, мусоҳиба карда будам, аммо пас аз дидани Ғафуров донистам, ки дар байни эроншиносон марде ба донишу пухтагии ӯ надидаам. Шояд ҳам дар тамоми умр марде ба қомати ӯ дар фазлу дониш камтар дида бошам.
Тоза нишаста будам ва ҳануз мусоҳиба оғоз нашуда буд, ки гуфт: “Ман якчанд сухан мегӯям, баъд...” Фикр кардам мехоҳад ҷуз мусоҳиба як чизи фармоишӣ ҳам аз ӯ чоп шавад. Пеш аз он ки мувофиқатамро эълом кунам, хондани матнеро, ки бар ёддоштҳои ҷайбӣ нигошта буд, оғоз кард. Ман бо пешдоварӣ нахуст ба ӯ гӯш насупурдам, аммо чанд сатре нахонда буд, ки лаҳни калом ва самимияти суханаш маро гирифт. Вожаҳоро чунон шавқомез адо мекард, ки ангор як эронии солҳо дурмонда аз ватан дорад чизе дар бораи сарзамини худ мегӯяд. Ёди Иброҳимбег1 уфтодам ҳангоме ки (дар) сафарномааш ба он ҷо мерасад, ки аз марзи Русия вориди Эрон мешавад. Вақте тамом шуд мисли ин ки фикри аввали маро хонда бошад, гуфт: “Фикр накунӣ... Ман воқеан эҳсосамро баён кардам”. Ман аз бадгумонии худ шармсор шудам. Гуфтам ёддоштҳоятонро бидиҳед, бубинам. Гуфт “хондан наметавонед шумо инро” ва дар ҷайбаш гузошт. Он ёддоштҳо нишон медод, ҳамон гуна, ки ёди тоҷикон ва сарзаминашон ҷони моро аз шавқ бармеоварад, вуҷуди ӯ аз шавқи Эрон моломол буд.
“Агарчи ман бори аввал аст, ки қадам ба сарзамини Эрон ниҳодам, бо вуҷуди ин мисли ин ки ман чандин дафъа ин ҷо будаам. Чунки аз китобҳо, аз лаҳҷаҳо ва аз ҳар навъ тасвирҳо ман Эронро мисли ин ки пеши чашми худ мебинам ва хушбахтона ман ҳоло ҳақиқатан пеши чашми худ мебинам. Ду се рӯз зиёда нест, ки ман дар Эрон ҳастам, аммо ман меҳмоннавозӣ ва дӯстиву ҳамкории донишмандони Эронро ҳис кардам. Дар Эрон як зарбулмасали машҳур аст: Дӯстӣ бо мардуми доно накуст. Ин ки дуруст аст, ба ғайр аз ин сарзамини Эрон аз ҳар тараф қашанг аст. Ин кӯҳҳои баланду боазамат, ин офтоби дурахшон, ин обу ҳавои соф одамро хушҳол мекунад. Ин замини самараноки Эрон бо дастҳои мардуми доно ва коркунони Эрон натиҷаҳои хуб медиҳад. Дар ин айём дар Эрон дигаргуниҳои бузург мешавад. Тамоми дунё медонад, ки адабиёти қадими Эрон ба тамоми дунё хидмат кардааст. Ба фикри ман адабиёти форсӣ фарҳанги ҷаҳонро ғанӣ кардааст. Устураҳои дурахшони дараҷаи аввал ва шоироне мисли Рӯдакӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз ва Фирдавсии кабир бо нури худ роҳи дӯстиро нишон додаанд ва нишон медиҳанд. Масалан, суханони ҷовиди Фирдавсӣ, ки гуфтааст:
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Ин каламот андешаҳои бузурги шоирон ва мардуми наҷиби Эронро нишон медиҳад. Барои ҳар кас дидани сарзамине, ки шоироне мисли Фирдавсӣ додааст, хушбахтии бузурге мебошад. Бояд самимона арз кунам, ки мардуми Шӯравӣ ба Эрон на ба унвони хориҷӣ ворид мешаванд, мисли ҳамсояе ба хонаи дӯстони худ меҳмон меоянд. Дӯстӣ байни Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ таърифи (бояд таърихи бошад) дуру дарозе дорад ва фоидаи бузурге барои ҳарду мамлакат бахшидааст. Шакке нест, ки бо кӯшиши ҳарду тараф муносиботи Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ рӯз ба рӯз мустаҳкамтар ва самарбахштар хоҳад шуд.”
Нуктае, ки лозим аст дар бозхони он мусоҳиба бинависам, ин аст, ки Бобоҷон Ғафуров ба даъвати Фараҳ Паҳлавӣ ба Эрон сафар карда буд. Дар он мусоҳиба ҳам аз ман хоста, ки маротиби ташаккуру қадрдонии ӯро аз “шаҳбонуи Эрон” бобати ин даъват дарҷ кунам, аммо ман ба асоси афкори он замон аз навиштани он иборот дар мусоҳиба худдорӣ кардам. Дар дидори баъдӣ аз интишори мусоҳибааш ташаккур кард, вале зимни он аз ман гила карда, ки чаро ташаккури ӯро аз шаҳбонуи Эрон чоп накардаам. Ман ки ҷавобе надоштам ва зимнан бо каллахаробиҳои (маҳдудияти фикрии) он замон бо навиштани чунон чизе мувофиқ набудам, чиҳое гуфтам, ки рабте ба қазия надошт ва бештар мушти маро назди ӯ во (музтар) мекард. Имрӯз аммо фикр мекунам ҳар кас кори нек кард, бояд навишту гуфт ва бар он таъкид кард ва ҳамвора бояд қадри корҳои некро аз ҳар кас ки сар зада бошад, донист. Даъват аз Бобоҷон Ғафуров кори арзандае буд. Ҳама чизро набояд аз зовияи сиёсат нигарист. Кишвар муҳимтар аз сиёсат аст.
Ва саранҷом он ки чанд сол пеш бо пруфисур Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ, аз рушанфикрони дараҷаи аввали Тоҷик, ки акнун дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва мо Эрониён ифтихори мизбонии ӯро дорем, мусоҳибае кардам, ки дар маҷаллаи “Паёми имрӯз” чоп шуд. Аз он пас ошноии мо ба дӯстӣ бадал шуд ва гоҳ-гоҳ дар дафтари маҷалла дидор мекардем. Як рӯз суҳбати Бобоҷон Ғафуров пеш омад. Гуфтам, ки ӯро дида будам ва бо ӯ мусоҳибае дорам. Бисёр иштиёқ нишон дод, ки нусхае аз онро дошта бошад. Аз асли он фақат як нусха доштам, ки наметавонистам тақдимаш кунам, вале дар дидори баъдӣ футукупии онро ба ишон додам. Намедонам бо он чи кард, аммо гӯё ба навъе онро дар Тоҷикистон интишор дода бошад. Шунидам дар китоби тозаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишвари тоҷик, ба ин мусоҳиба ишора рафтааст. Фикр кардам чи беҳтар, ки ин гуфтугӯи камёб бо интишори муҷаддад дар ин сафаҳот дар ихтиёри тамоми касоне қарор гирад, ки ба сарнавишти форсӣ дар он сӯи Ҷайҳун меандешанд.
Сируси Алинажод
Алинажод: Нахуст мехостам аз вуҷуҳи иртибот ва ихтилофи форсии Эрон ва Тоҷикистон бароям бигӯед.
Ғафуров: Тоҷикҳо забони форсиро ба шакли асилтаре нигоҳ доштаанд. Чунон ки камтар омехтагӣ пайдо кард бо забони арабӣ, ки дар Эрон нуфуз ёфт. Албатта дар ин замина бояд гуфт, ки ин танҳо тафовутест, ки байни забони тоҷикӣ бо забони эронӣ вуҷуд дорад. Дар забони тоҷикӣ таъсиру нуфузи забони туркӣ мушоҳида мешавад. Далел он аст, ки тоҷикҳо ҳамвора дар муҳосираи туркон мезистаанд. Аз он ҷо ки Тоҷикистон дар давраҳои мутамодӣ таҳти таъсири Русияи тазорӣ (цезорӣ, шоҳӣ) буд, дар натиҷа забони русӣ ҳам дар Тоҷикистон таъсиру нуфуз пайдо кард. Ин вазъ то сароғози инқилоби уктабр ва пайдоии ҳокимияти Шӯравӣ дар Русия идома дошт.
Албатта, бояд гуфт, ки фарҳанги Ғарб ҳам аз тариқи Русия ба Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Ҳамон гуна ки дар Эрон дар садаҳои ахир забонҳои урупоӣ аз тариқи таъсири фарҳанги урупоӣ роҳ ёфтанд, бавижа аз тариқи забони фаронса. Дар Тоҷикистон ҳам бисёре аз вожаҳои байналмилалӣ аз роҳи забони русӣ ворид шуданд. Мисли кунгра, ки шумо аз забони фаронса гирифтаед ва ба ин шакл талаффуз мекунед, вале мо чун аз забони русӣ гирифтаем, “кангрес” мегӯем. Ё ҳавопайморо, ки мо надорем ва аз забони русӣ гирифтаем, “самалют” мегӯем. Албатта, бояд гуфт, ки ҳеч айбе дар ин нест. Ман ҳеч чизи баде дар ин намебинам. Ин вожаҳо, ки ҳамроҳи илму санъату иқтисод аз забони русӣ дар забони тоҷикӣ ва аз тариқи Урупо дар забони форсӣ нуфуз кардаанд, ин забонҳоро ғанитар кардаанд.
Алинажод: Оё беҳтар нест, ки мо вожаҳоро аз якдигар ҳам бигирем? Чи басо мумкин аст вожаҳое, ки дар Эрон ва Тоҷикистон сохта шудааст, мову шуморо аз бисёре вожаҳои бегона бениёз мекунад.
Ғафуров: Албатта, мо бояд барои наздик кардани ин ду забон бикӯшем. Ё беҳтар бигӯем, забони мо якест, мунтаҳо тарзи талаффуз мутафовит аст. Вале бояд инро ҳам дар назар гирифт, ки дар забони мо вожаҳое ҳастанд, ки наметавон онҳоро аз даруни забон берун андохт. Бисёре аз вожаҳое, ки мо гирифтаем ва шумо гирифтаед дигар гузарномаи эронӣ ва тоҷикӣ гирифтаанд. Беҳтар он аст, ки кӯшиш кунем, то фарҳанги бузурге аз вожаҳои форсӣ ва тоҷикӣ фароҳам ояд. Чунин фарҳанге ҳам ба эрониён, ҳам ба тоҷикон ва ҳам ба афғонҳо кӯмак хоҳад кард. Бавижа ба форсизабонони Афғонистон. Барои он ки онҳо дар вазъи бисёр баде қарор гирифтаанд. На ба ин тараф тамоюл пайдо кардаанд, на ба он тараф. Як чизи байнобайн шудаанд. Фармуш накунем, ки навиштани чунин фарҳанге мусталзими (ниёзманди) кӯшиши илмии фавқулода аст.
Алинажод: Гуфтед, айбе дар ин намебинед, ки вожаҳо аз забони русӣ вориди забони тоҷикӣ ва аз урупоӣ вориди форсӣ шаванд, вале ин бегонаҳо доранд чунон зиёд мешаванд, ки асолати забони моро хадшадор (захмин) мекунанд. Дуруст мисли сагвош. Мутаассифона номи илмии он алафи ҳарзро намедонам, ки чунон дар мазраъаҳо худро мегустаронад, ки асли маҳсул аз даст меравад.
Ғафуров: Ба назари ман истифода накардан аз вожаҳои хориҷӣ амалест ғайримаъқул ва нодуруст. Чун ба ҳар тақдир дар пешрафти забон таъсир дорад. Аммо дар айни ҳол бояд гуфт, ки ин зиёне ҳам дорад ва он ин аст, ки афзоиши бемаънои вожаҳои бегона сабаб мешавад, ки мардум забони худро бо каламоти ғайрилозим олуда кунанд. Ба ҳамин далел ба назари ман ҳам дар Эрон, ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Тоҷикистон бояд ҳамеша камисюнҳои хосси вожашиносӣ вуҷуд дошта бошанд, ки доиман мутолиа кунанд, ки кадом вожаро бояд ба ҳамон шакле, ки ҳаст бипазирем ва кадом вожаро бояд дур бияндозему вожаи асили худро баргузинем. Ин ҳатман коре зарурист ва ҳарҷу марҷ дар ин масъала ҷуз зиён чизе ба бор нахоҳад овард.
Алинажод: Бо юрише, ки забонҳои урупоӣ овардаанд, бавижа аз он рӯ ки Урупо аз лиҳози илмиву санъатӣ пешрафта асту мо ҳанӯз на, ба назари Шумо ояндаи форсӣ чи хоҳад шуд? Оё метавонад ба унвони як забони ғанӣ ва саршор ҳамчунон барои қарнҳо зинда бимонад?
Ғафуров: Ман муътақидам, ки вуруди вожаҳо ҳеч василаи харобтар кардани забони мо нахоҳад буд. Забони форсӣ аз ин осебе нахоҳад дид. Хатар аз ҷои дигарест. Забони форсӣ аз пазириши вожаҳои нозарур осеб хоҳад дид. Хатари дигаре ҳам вуҷуд дорад. Масалан, мебинем дар Эрон афроде ҳастанд, ки саъй мекунанд камтар форсӣ суҳбат кунанд ва таъаммуд доранд (қасдан мехоҳанд), ки ба забони англисӣ ё фаронса суҳбат кунанд.
Алинажод: Бибахшед, ман ҳамин ҷо мехоҳам ба таври муътариза бипурсам, ки дар Тоҷикистон чи тур?
Ғафуров: Дар Тоҷикистон ҳам ин тур буд, вале мо бо он мубориза кардем ва алъон тағйироти васеъе дар ин замина ҳосил шудааст. Барои зинда нигоҳ доштани тоҷикӣ мо аз забони форсӣ истифода мекунем. Дар донишкадаҳо таҳсили забони форсӣ иҷборӣ шудааст. Дар дабиристонҳо ҳам донишомӯзон форсӣ мехонанд.2
Алинажод: Хуб, доштед дар бораи хатарҳое, ки мутаваҷҷеҳи забони форсист баҳс мекардед.
Ғафуров: Хатари бузурги дигаре ҳам ҳаст, ки бояд ёдовар шавам. Дар Ҳинду Покистон дар гузашта шумори бисёре аз мардум ба форсӣ сухан мегуфтанд, вале ҳамвора таъдоди форсизабонон каму камтар мешавад ва ин хатари бузургест. Акнун танҳо насли гузашта каму беш ба забони форсӣ суҳбат мекунад ва наслҳои тоза нисбат ба ин забон бегонаанд. Масалан, ман ёд дорам панҷоҳ сол пеш мардуми Кашмир ҳама ба забони форсӣ суҳбат мекарданд, аммо ҳоло дигар касоне, ки ба форсӣ сухан мегӯянд, андаканд. Дар гузашта Дар Афғонистон ҳам нисбат ба Тоҷикистон (бояд тоҷикон бошад) ва форсизабонон равише эъмол мешуд, ки хушоянд набуд. Забони форсӣ рафта рафта маҳдуд мешуд ва ин маҳдуд кардан ба таври маснуъӣ ва аз рӯи амд (қасдан) анҷом мегирифт, вале хушбахтона давлати кунунӣ ба раҳбарии сардор Муҳаммад Довудхон роҳи тозае пеш гирифтааст ва дубора роҳро барои забони форсӣ ҳамвор кардааст.3
Ду сол пеш ҳангоме ки ман дар Ҳинду Покистон будам ба равиши онҳо дар баробари забони форсӣ эътироз кардам ва онҳо ваъдаи ҷиддӣ доданд, ки дар пешрафти забони форсӣ ва тадриси он ва васеътар карданаш кӯшиш хоҳанд кард. Ман медонам ки Индиро Гонди нахуствазири Ҳинд ба тадриси забони форсӣ ва ишоъаи (густариши) он дар Ҳинд бисёр алоқаманд аст. Донишкадаҳо ва курсиҳое (кафедраҳо) дар Ҳинд ҳаст, ки ба тадриси забону адабиёти форсӣ ихтисос доранд. Дар ин замина аз кӯшишҳое, ки барои баргузории солрӯзи Амир Хусрави Деҳлавӣ дар Ҳинд анҷом мегирад, ҳам бояд ёд кард.
Алинажод: Ба назари Шумо иллати ин ки таъдоди форсизабонон пайваста каму камтар мешаванд ин нест, ки даври миллатҳои форсизабон деворҳое кашида шудааст ва ин миллатҳо аз ҳам комилан ҷудо шудаанд. Чунон ки мардуми мо бо тоҷикҳову афғонҳову кашмириҳо, ҳамин тур мадуми он навоҳӣ бо эрониён наметавонанд рафтуомади густарда дошта бошанд?
Ғафуров: Ман бояд мутазаккир шавам, ки дар солҳои охир байни донишмандони Эрону Тоҷикистон равобите ба вуҷуд омадааст. Ҳамин тур донишмандони Тоҷикистон кӯшишҳое дар ҷиҳати наздик шудан ва иртибот бо Афғонистону Эрон нишон медиҳанд. Масалан, ман дар ҳамин сафаре, ки ба Эрон омадаам, дастандаркори музокира барои ташкили конфронсе дар бораи забони форсӣ ҳастам. Мо тоҷикҳо наметавонем аз адабиёти форсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барканор бимонем. Бояд ҳамаи инҳоро бо якдигар муттаҳид кард. Ҳарчи робита ва бархурди донишмандон дар байни мо дар миқёси ҷаҳонӣ зиёдтар шавад, ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон аз ин робита (бештар) баҳра хоҳанд гирифт.
Алинажод: Ростӣ чаро форсии Тоҷикистон бо форсии Эрон ин ҳама фосила гирифтааст? Бешак, мо дар гузашта, масалан, дар давраи Байҳақӣ, ин ҳама аз ҳам ҷудо набудаем, ки ҳарфҳои якдигарро ба сахтӣ бифаҳмем.
Ғафуров: Навоҳии мухталифи Эрон ҳамеша лаҳҷаҳои мутофовите доштаанд. Аммо вазъи Тоҷикистон дар қадим бисёр душвортар аз вазъи дигар навоҳии Эрон будааст. Барои он ки дар садаҳои миёна хонот ва хоқоноти бисёре дар ин навоҳӣ ба вуҷуд омада буданд. Чун хоноти Бухоро ва хоқоноти Хуганд (Хуҷанд)4 ва Хива ва дигар... Инҳо ҳар кадом дар заминаи робитаи Тоҷикистон (манзур тоҷикон бояд бошад) бо дигар навоҳии Эрон мушкилоте падид меоварданд. Дар натиҷа инҳо тавонистанд таъсири худро каму беш бар мо бигзоранд ва сабаб шуданд Тоҷикистон, ки то ҳудуде худ падидоварандаи адабиёти клосики Эрон буд, аз ин адабиёт дур бимонад.
Ин дурӣ сабаби ҷудоии фарҳангӣ ва забонӣ ҳам шуд. Аммо бо вуҷуди ин ки мумкин аст вожаҳое, ки мо ба кор мебарем, барои дигаре номаънус (ноошно) ҷилва кунанд, дар ҳақиқат решаҳои эронӣ дорад, ки дархури шинохтан аст ва мо бояд аз лиҳози гӯиш якдигарро беҳтар бишиносем. Фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон дорои решаи бузурги воҳидест. Фақат шохаҳои ҷудогона дорад. Ба ҳамин далел вақте касе аз тоҷикон ба сарзамини шумо меояд, бешак, худро дар хона ва муҳити хеш эҳсос мекунад. Ман дар оғози суҳбатам воқеан эҳсоси худро баён кардам. Ҳангоме ки ба Эрон омадам, биттабъ худро дар сарзамини наздике ёфтам.
Алинажод: Сусиёлисм мегӯяд бигзоред фарҳанг ва адабиёти миллатҳое, ки дар дохили мамлакате зиндагӣ мекунанд, шукуфо гардад. Ҳатто миллатҳое, ки дар масири торих ақабуфтодаанд ва дар фазои ситаму истисмор дучори хафақон шудаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин эътиқод забону адабиёти Тоҷикистон пас аз инқилоб чи таҳаввулоте ба худ дидааст?
Ғафуров: То замоне ки ҳануз Ҷумҳурии Тоҷикистон падид наёмада буд, сухан аз миллияти тоҷик гуфтан кори душворе буд. Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ин ноҳия (сарзамин) андак андак худро тоҷик эълом карданд ва аз ин роҳ бештар муттаҳид шуданд.5 Ин иттиҳод, ба истилоҳи форсизабонон Осиёи Миёна, сабаб шудааст, ки имрӯза Тоҷикистон ба як маркази иттиҳоди забонӣ ва фарҳангӣ бадал шавад. Ин вазифа, чун вазифаи хеле бузургест, табъан мусталзими (ниёзманди) кӯшиши фавқулодаест. Ин худ масъалаи бузургеро дар баробари мо қарор медиҳад ва он ин аст, ки адабиёти мо ҳарчи бештар бояд кӯшиш кунад, ки ба мардум ва забони мардум наздик шавад. Забони адабии мо дар ин ҷиҳат бояд ҳаракат кунад ва дуруст, ки дар Тоҷикистон инак таъдоди зиёде забоншинос, донишманд ва адиб тарбият шудаанд, вале ҳама кӯшишҳо дар ҳоли ҳозир дар ин нуқта мутамаркиз шудааст, ки забони адабии мо бо забони омма мунтабиқ шавад. Чаро? Барои он ки ин адабиёт аз даруни мардум берун омада ва мутааллиқ ба онҳост ва бояд барои онҳо мафҳум бошад. Мутаассифона ҷараёнҳое мушоҳида мешавад, ки саъй мекунанд забони адабиро аз забони мардум дур нигаҳ доранд. Ин ҷараён ба вижа дар Эрон зиёд мушоҳида мешавад.
Алинажод: Чи ҷараёнҳое?
Ғафуров: Душворнависӣ, навиштан ба шеваи клосик ва ба шеваҳои дур аз забони мардум. Дар заминаи адабиёти клосик набояд фаромуш кард, ки мо ниёзманди адабиёти клосик ҳастем. Ин як ҷузъи лоятаҷазои (ҷудоинопазири) вуҷуди мост. Бояд аз адабиёти клосики худ истифода кунем, вале гоҳ мебинем ин истифода шакли меконик ба худ мегирад. Бо тааққул ва тафаккур омехта нест. Ин албатта музир аст. Мо дар адабиёти клосик вожаҳое бисёре дорем, ки ҷудо бояд аз онҳо истифода кунем, вале ҳастанд вожаҳое, ки ба тадриҷ ҷои худро ба вожаҳои тозае додаанд, аз миён рафтаанду мурдаанд. Мо дар нигаҳдошти ин вожаҳо, ки худи ҷомеа онҳоро дур рехтааст, набояд таассуби кӯдакона ба харҷ диҳем. Бино бар ин истифода аз адабиёти клосики мо лозим аст, вале бояд шакли маъқул дошта бошад, на шакли меконикӣ (механикӣ).
Алинажод: Мебахшед, ба истилоҳ ҳарф туи ҳарф омад. Шумо доштед дар бораи таҳаввулоте, ки забону адабиёти тоҷик пас аз инқилоби 1917 ба худ дид, мегуфтед.
Ғафуров: Адабиёт ҳамеша барои мардуми босавод қобили истифода аст. Дар Шӯравӣ бесаводӣ лағв шудааст. Мардум ҳама босавод шудаанд ва рӯз ба рӯз бештар ба фаро гирифтани адаб машғул мешаванд. Мисли дигар навоҳии Шӯравӣ ин таҳаввули фарҳангӣ ба он ҷо анҷомидааст, ки имрӯза тоҷикҳо ба адабиёти худ воқеан наздик шудаанд. Дар гузашта касоне, ки дар Тоҷикистон “Шоҳнома” и Фирдавсиро мехонданд, аз ҳазор нафар бештар набуданд ва шеърҳои Фирдавсӣ ағлаб аз тариқи наққолӣ ироа мешуд, вале дар солҳои ахир мардум анбӯҳ-анбӯҳ ба адабиёти клосики худ рӯй овардаанд. Ҳамчунин дар гузашта тоҷикон фақат чанд шоир: Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Амир Алишери Навоиро мешинохтанд. Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ на танҳо адабиёти клосикро ба забони форсӣ, ки бештари онҳоро ба забони худ мутолиа мекунанд. Борҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва осори Саъдӣ, бавижа “Гулистон” ва девони Ҳофиз ва рубоиёти Хайём ба русӣ тарҷума шудааст. Тозагӣ китобе аз ашъори Фирдавсӣ ба забони русӣ тарҷума шуда ва ман муқаддимае бар он навиштаам, ки 250 ҳазор нусха аз он мунташир шудааст. Ин тирож худ нишонаи он аст, ки мардуми Шӯравӣ дар чи миқёсе аз адабиёти клосики Эрон истифода мекунанд. Як мисоли дигар: Амир Хусрави Деҳлавиро таъдоди андаке дар Шӯравӣ мешинохтанд, вале имрӯза ба унвони яке аз машҳуртарин шоирони порсигӯ дар Тоҷикистон ва дигар навоҳии Шӯравӣ шинохта шудааст ва мардум бо осори ӯ ошноӣ доранд.
Алинажод: Дар бораи “Шоҳнома” гуфтед ва суоле дар бораи корҳое, ки рӯи “Шоҳнома” мешавад, бароям пеш омад. Се сол пеш Рустам Алиюф (эроншиноси Шӯравӣ) ба ман гуфт, ки шӯравиҳо машғули фароҳам сохтани як вожаномаи “Шоҳнома” ҳастанд. Шумо медонед кори ин вожанома ба куҷо кашидааст?
Ғафуров: Дар ин замина кори бисёре шуда ва лозим аст бишавад. На танҳо насли кунунӣ, балки наслҳои оянда бояд рӯи “Шоҳнома” кор кунанд. Ин китоби азимест, ки металабад наслҳои мутааддид рӯи он ба кори илмӣ бипардозанд ва барои ҳама замонҳо имкони кор рӯи “Шоҳнома” ҳаст. Аммо дар бораи худи “Шоҳнома” дар гузашта Институи ховаршиносӣ ба интишори матни мунаққаъ ва интиҷодии он пардохт, ки дар 9 ҷилд интишор ёфт. Вале ин матн дорои норасоиҳо ва нақоисе буд ва чунин чизе табиист. Ба ҳамин далел акнун дар садад баромадаем бо кӯмаки донишмандони эронӣ матни тозаеро, ки норасоиҳои камтаре дошта бошад, Дар Эрон мунташир кунем. Табъан ҳар нусхаи танқеҳӣ беҳтар аз нусхаи пешин аст ва саъй бар он аст, ки дар ояндаи наздик ин корро ба поён бибарем.
Аммо дар бораи вожанома, марҳум Абдулҳусайни Нӯшин вожаномае барои “Шоҳнома” фароҳам оварда буд, ки дар Эрон ба ҳиммати Бунёди фарҳанг интишор ёфтааст. Вале ин вожанома кофӣ ва комил нест. Донишмандони Шӯравӣ дар сададанд вожаномаи бисёр бузургу комиле аз “Шоҳнома” таҳия кунанд. Ҳамакнун дар замина кор идома дорад ва ин кор ҳам бояд бо кӯмаки донишмандони эронӣ анҷом шавад. Мо фикр мекунем, ки ин кори пурзаҳмат дастикам шаш то ҳафт соли дигар вақт лозим дорад.
Алинажод: Шояд нахустин вазифаи касоне, ки дар заминаи адабиёти клосик кор мекунанд, ин бошад, ки як матни покиза ва асил, як матни тасҳеҳшудаву дуруст аз осор ба даст диҳанд. Аммо ин ба худии худ ҳадаф наметавонад бошад. Ҳадаф бояд ин бошад. Ки пас аз таҳияи матни дуруст ба арзёбии асар биншинем ва чанду чуни онро бисанҷем. Фарз кунед, аз осори Низомӣ як матни дуруст таҳия кардаем, аммо баъд зарурат дорад, ки масалан ашхоси достонии Низомиро ба унвони яке аз абъоди (ҷанбаҳои) кор арзишёбӣ кунем. Фарз кунед Лайлиро дар китоби “Лайлӣ ва Маҷнун” ва Ширинро дар китоби “Хусрав ва Ширин”, то бубинем ҳар кадом чи арзишҳое доранд. Дар Шӯравӣ дар ин замина чи кардаанд?
Ғафуров: Корҳои бузурге дар ин замина анҷом шудааст. Мо гузашта аз институҳои ховаршиносии мутаъаддиде, ки дар шаҳрҳо ва донишгоҳҳои мухталиф дорем, дар Тоҷикистон як институи вижаи эроншиносӣ дорем, ки дар он ҷо ба ин масоил таваҷҷуҳ мекунанд. Масалан, дар мавриди Низомӣ, ҳамон ки мисол задед, осори мутаъаддиде то кунун навишта шудааст. Дар бораи ҷаҳонбинии Низомӣ, дар бораи андешаҳои фалсафии Низомӣ, дар бораи вижагиҳои адабӣ ва ҳунарии Низомӣ ва ҳатто кор мекунем рӯи асари (таъсири) Низомӣ бар Амир Хусрав. Инҳо чизҳоест, ки мо дақиқан дар пайи онем, вале чунин корҳое бавоқеъ чунон густарда аст, ки поённопазир аст.
Алинажод: Пас, чигуна аст, ки мо аз шӯравиҳо он қадар, ки дар заминаи торихи Эрон корҳои нек дидаем, дар бораи адабиёт надидаем? Оё Шумо дар торих бештар аз адабиёт кор мекунед ё то кунун кардаед?
Ғафуров: На, чунин нест. Бисёре китобҳост, ки тарҷума нашудааст. Шумо мутарҷими русӣ ҳам кам доред.
Алинажод: Бо ин ҳама корҳо, ки дар Шӯравӣ дар бораи Эрон мешавад, метавонед бигӯед дар кишвари шумо чанд эроншинос ҳастанд?
Ғафуров: Ман наметавонам дар ин замина рақами дақиқе ироа кунам, вале метавонам бигӯям, ки беш аз ҳазор донишманд, ба маънии васеъи калима, дар риштаи эроншиносӣ кор мекунанд, ки агар тасаввур кунед ҳар кадом аз ин донишмандон даҳ нафар ба унвони ҳамкор доранд, ки аз лиҳози мақоми илмӣ ба дараҷаи онҳо намерасанд, даҳ ҳазор нафар дар корҳои марбут ба эроншиносӣ даст доранд. Шоҳаншоҳи шумо дар дидори худ аз Шӯравӣ ба ин нукта ба сароҳат ишора кардаанд, ки дар ҳеч як аз кишварҳои ҷаҳон ба андозаи Шӯравӣ дар заминаи эроншиносӣ кору кӯшиш нашудааст.
Алинажод: Дар чанд донишгоҳи Шӯравӣ курсии (кафедраи) эроншиносӣ вуҷуд дорад?
Ғафуров: Донишгоҳҳои Ленингрод, Маскав, Тифлис, Иривон, Боку, Тошканд, Самарқанд ва Душанбе, ки ҳар сол садҳо эроншинос тарбият мекунанд. Гузашта аз инҳо таъдоди зиёде институи пажӯҳишҳои илмӣ вуҷуд дорад, ки зимни фаъолият дар заминаи эроншиносӣ ба парвариши пажӯҳандагон низ мепардозанд.
Алинажод: Вазъи матбуоти форсизабонон дар Тоҷикистон чи гуна аст?
Ғафуров: Нахуст бояд бигӯям, ки осори тоҷикӣ ҳам ба хатти кунунии форсӣ мунташир мешавад ва ҳам ба хатти русӣ, аммо матбуот ба хатти русист. Дар Тоҷикистон таъдоди зиёде рӯзнома ва маҷалла ба забони мардуми тоҷик мунташир мешавад. Маҷаллаҳои махсуси баррасии адабиёт низ ҳаст, ки ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ мунташир мешавад. Масалан “Садои Шарқ” ва “Помир”, ки ин яке ба забони русӣ ва барои мардуми ғайритоҷик мунташир мешавад.
Алинажод: Аз нашриёти форсизабоне, ки дар Эрон мунташир мешавад, ҳеч ба Тоҷикистон меояд?
Ғафуров: Маҷаллаи “Сухан”, ки мураттаб мерасад. Рӯзномаи “Иттилоъот”, маҷаллот ва рӯзномаҳои дигаре ҳам меояд, вале бояд ёдовар шавам, ки вазъи мубодилаи китобҳо ва навиштаҳо байни ду кишвар вазъи ризоятбахше надорад.
Алинажод: Аз мо чи сохта аст? (Мо чи кор метавонем бикунем?)
Ғафуров: Яке аз корҳое, ки ба назар хеле асосист, фиристодани китобҳо ва маҷаллаҳову рӯзномаҳо аз Эрон ба китобхонаи Академии улуми Тоҷикистон ва китобхонаи Тоҷикистон (?) ва китобхонаи “Фирдавсӣ” дар Тоҷикистон аст. Чи басо иттифоқ меафтад китобҳо ё мақолоте дар Эрон тарҷума мешавад, ки аҳли фанни Тоҷикистон аз он огоҳӣ надоранд. Бино бар ин бояд дар тақвияти равобити донишмандони ду кишвар кӯшид. Бояд донишмандони ду кишвар огоҳӣ ёбанд аз он чи дар он ҷо ва он чи дар ин ҷо мунташир мешавад. Дар ин сурат метавонед робитаҳоро мустаҳкамтар кунед.
Алинажод: Аз Шумо, ки фурсататонро ба ман додед ва аз устоди азиз дуктур Иноятуллоҳи Ризо, ки заҳмати тарҷумаро кашиданд, муташаккирам.
************************************************
Тавзеҳот:
1. Манзур қаҳрамони китоби нависандаи Эронӣ Зайнулобиддини Мароғаӣ аст, ки дар ибтидои қарни 20 китобе бо унвони “Сафарномаи Иброҳимбег” навишта ва он замон ин китоб дар Мовароуннаҳр ҳам интишор ёфта ва шуҳрат дошт.
2.Манзур дарси матни классикӣ аст.
3.Мутаассифона, дар солҳои ахир боз ҳамон падидаи маҳдуд кардани забони дарӣ дар Афғонистон чандин маротиба мушоҳида шудааст.
4.Дар асл бояд Хуқанд бошад, ки мусоҳибакунанда иштибоҳан онро Хуганд шунида ва Хуҷанд тасаввур кардааст.
5. Бобоҷон Ғафуров фишори пантуркистонро дар ибтидои қарни 20 дар назар дорад.
Таҳия ва тавзеҳоти Рустами Ваҳҳоб

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!