среда, 19 июня 2013 г.

ЛОЛАҲОИ БИҲИШТ


ЛОЛАҲОИ БИҲИШТ

Дар сӯги бародари рушанфикр ва рушанзамир
СадриддиниФазлиддинзода

Дигар маро ба хандаи худ эътимод нест.
Чун Зиндагӣ ба хандаи худ эътино накард:
Ту будӣ хандааш, ки туро дар лабаш шикаст,
 Ту будӣ шодияш, ки туро дар дилаш фушурд.
Дигар ба илтифоти ҷаҳон эътиқод нест.

Эй маънии муҷассами азму талошҳо,
Охир, чӣ номаест,
Ки бар мо навиштаӣ
Дар рӯи раҳ зи хуни дили орзусиришт?
Ё то биҳишт аз пайи худ лола киштаӣ,
То дӯст аз пайи ту бигарад суроғи роҳ?
Тадбир ин набуд…

Бо фарри хур зи пуштаи Фархор бар шудӣ,
Мекофтӣ ба қалби Ватан ҷои як нишаст,
Аммо набуд зи қалби замон рои як нишаст.
Дар роҳи орзуи Ватан қалби ту шикаст.
Пас рафтиву ба пуштаи Фархор дар шудӣ,
Як пуштидасти ханда ба рӯи замон задӣ.

Андар гулӯи дидаи ман тоб мехӯрад
Чун офтоби гоҳи ғуруб ашки хунгирифт.
Бояд ки чашм гашт саропову хун гирист,
Аммо миёни мову ту ин гуна аҳд нест,
К-аз хуну ашки мо дигаре об мехӯрад.

Он беҳ, ки гиря наъра бувад, хандаҳо хурӯш:
Баъди ту ҷуз ба доварӣ лаб во намекунам,
Баъди ту бо замона мудоро намекунам,
Эй ҳамсафар,
То растахез мунтазири мо бимон хамӯш,

Доғи Ватан ба дил,
Хоки Ватан ба дӯш.
1989









понедельник, 17 июня 2013 г.

 УСТУРАИ ВИҚОР
Дар сӯги Аслиддин Соҳибназаров

Ойинаи беғубор буд Аслиддин,
Як ояти ошкор буд Аслиддин.
Аз силии боди давр аз по нафитод,
Аз силсилаи Ҳисор буд Аслиддин.
Хандон буду шоду кас надонист ҳаме,
К-аз дарди Ватан фигор буд Аслиддин.
Дандони фалак шикасту ӯ хурд нашуд
Устурае аз виқор буд Аслиддин.
Сад ҳалқаи дор сифр шуд дар пояш
Боло зи сутуни дор буд Асилиддин.
Ҷуз рост нагуфту ҷуз раҳи рост нарафт,
Доро набуду мадор буд Аслиддин.
Бовар накунам, ки душманаш буд касе,
Чун хеш буду табор буд Аслиддин.
Сарсӯхтагон сояи ӯ меҷустанд,
Монандаи шаҳчанор буд Аслиддин.
Давре, ки зи сад ҳазор як кас набувад,
Як тан буду сад ҳазор буд Аслиддин.
Аз санг на, бал зи нанг ҳайкал бояд,
Худ пайкари нангу ор буд Аслиддин.
Бе доъияву намоиши зӯҳду вараъ
Софӣ буду сӯфивор буд Аслиддин.
Чун обу ҳаво, ки напазиранд фишор,
Безор зи ҳар фишор буд Аслиддин.
З-он буд, ки роҳи осмонҳо бигирифт
Бар боли шараф савор буд Аслиддин.
Аз лутфи Худо ҷудо нахоҳад будан,
Бо халқи Худо чу ёр буд Аслиддин.
Васфаш ба шумор адо набитвонам кард,
Бартар зи ҳама шумор буд Аслиддин.

Соли 2006



НАҚШ ДАР ФАРҲАНГ


НАҚШ ДАР ФАРҲАНГ

Дар шаҳодати Саидмуроди Ёриён

 Вуҷуди поки ту в-он чеҳраи масеҳоӣ
Нишаста то ба абад лобалои «Фарҳанг» аст.

Тамоми зиндагият, орзуву омолат
Ба як калом ҳамон муҳтавои «Фарҳанг» аст.

Маро тасаллии хотир аз он бувад, ки туро
Ба хеш хонд Ҳамон, ки Худои «Фарҳанг» аст.

Ба рӯзи доварӣ ҳаққи туро чу бистонад,
Аён шавад, чи сазо хунбаҳои «Фарҳанг»[1] аст.

                                               Соли 1996







[1] Саидмуроди Ёриён котиби масъули маҷаллаи «Фарҳанг» буд.

пятница, 14 июня 2013 г.

МАН Чӣ ГӯЯМ


МАН Чӣ ГӯЯМ         

Ман чӣ гӯям, ки ҷумла хор шавад,
Ту бигӯ, то ҳама шиор шавад.
Ту куҷову ситорабеморон,
Дафтари ту ситоразор шавад,
Чун бисӯзад дар оташи дили ман,
Сафҳа-сафҳа шарорабор шавад.
Ман аён гӯяму ниҳон гардад
Ту ниҳон гӯӣ, ошкор шавад!
Халқро тарси ин зимистон аст,
Он чи донӣ бигӯ, ки пор шавад.
Ё биёмӯз ончи зоғонрост,
То зимистони мо баҳор шавад.
Бишкуфад чун гули сапеди барф,
Боғҳо пур зи «қор-қор» шавад.
Лек онон, ки паҳлавидонанд,
Ғайр аз паҳлавӣ намехонанд.[1]
        


[1] Ишора ба Ҳофиз.