четверг, 13 июня 2013 г.

Нӯшдору

Нӯшдору

Мабандед бо ҳам дари гуфтугӯро,
Ки хасми шумо дорад ин орзуро.
Ба нархе, ки душман харидан тавонед,
Бубахшед нодӯстони дурӯро.
Шаробаш  зи хуни ҳазорон шаҳид аст,
Ба санги ситам машканед ин сабӯро.
Намонад агар толиби рӯйи хуршед,
Макун ранҷа, мурғи саҳаргаҳ, гулӯро.
Гираҳ аз зираҳ боз кун абрӯвонро,
Ба ёди Сиёваш маёвар Гаруро.[1]
Касе сӯи оташ ҳамеронд моро,
Гурезанда дидем чун дуд ӯро.
Саробест уммеди дарёи мардум,
Зи пеши дари худ марон оби ҷӯро.
Натарсам, ки ин моҳу анҷум намонад,
Макуш дар дили анҷуман ҷустуҷӯро.
Аё пури Дастон, зи Ковус бигзар,
Бидон нӯшдорӯи худ оби рӯро.

                          Майи 200


[1] Гаруи Зиреҳқотили Сиёвуш.




ТО ИНТИЗОР ҲАСТ

                                   Дар ноли мурғи Ҳақ
                                   Овоз зинда аст.
                                   Дар боли мурғи Ҳақ
                                   Парвоз зинда аст.
                                                           (Гулрухсор)

То интизор ҳаст,
Боли уқоб бар сари ин кӯҳсор ҳаст,
Шеъру шиор ҳаст,
Фарри шаҳомату фараҳи ифтихор ҳаст.

То интизор ҳаст,
Мурғи дуо зи лонаи дилҳои дардманд
Бар авҷи кибриёи Худо бол мекашад,
Уммед бар инояти Парвардигор ҳаст.

То интизор ҳаст,
Ҳар дил пиёлаест шароби Сурӯшро,
Ҳар субҳ маҳшарест
Гулбонги нӯшро.

То интизор ҳаст,
Ҳар роҳи захмхурдаву кӯбида рӯйи хок
Бо ёди ҷоннавози қадамҳои ҳамдаме
Хамёза мекашад,
Чун кӯдаке, ки ёди падар мекунад ба хоб,
Дар маҳди моҳтоб.

То интизор ҳаст,
Дар ҷомадони пиразанони сапедфол,
Дар тобатои сӯфи кафанвори мушкбӯй
Як баста тухми гул
Назри баҳор ҳаст.

То интизор ҳаст
Дар бозувони маҳками ин мардуми шариф,
Дар панҷаҳои меҳрфурӯзони хоҳарон,
Дар қалби модарон
Зӯру мадор ҳаст.

То интизор ҳаст,
Бебок метавон
Бар чашми чун ситораи тифлон нигоҳ кард,
Як пора моҳ ваъдаи ҳар шомгоҳ кард.

То интизор ҳаст,
Ҳар мард лашкарест,
Ҳар санг сангарест,
Ҳар байт кишварест,
Ҳар зодсарви боғи ниёкон бародарест,
Баҳрому Эраҷу Ҷаму Исфандиёр ҳаст.

То интизор ҳаст,
Мурғони шабшикан
Дар пешвози тантанаи растахези нур
Минқорро ба ранги шафақ об додаву
Фарёд мекунанд:
«Хуршед зинда аст,
Хуршед зинда аст,
Хуршед зинда аст!»
То ҳаст интизор.

То интизор ҳаст…





ФАРЁД НАМОЗИ ДӯСТОН АСТ

Барои бародар Амриддини Кабир, ҳофизи дардошнои тоҷик

Фарёд ситора мегудозад,
Лаъли дили хора мегудозад.

Меъроҷ ба боргоҳ дорад,
Ҷибрили амин зи оҳ дорад.

Фарёд агар зи қалби пок аст,
Камтар зи нишеманаш Самок[1] аст.

Гилҳои шаҳид лолаҷӯш аст,
Дилҳои шаҳид нолаҷӯш аст.

Фарёд шаҳодати баланд аст,
Ин зории дил худописанд аст.

Ғам дар дили мо чу кӯҳи фӯлод,
Фарёд ба канданаш чу Фарҳод.

Фарёд ба ёд фар бибахшад,
Бар раҳмату дод пар бибахшад.


Моро чу ба ёди Ёр орад,
Аз раҳмати ӯ нисор орад.

Фарёд намози дӯстон аст,
Меъроҷи ниёзи дӯстон аст.

                                   Соли 2008