четверг, 13 июня 2013 г.



ТО ИНТИЗОР ҲАСТ

                                   Дар ноли мурғи Ҳақ
                                   Овоз зинда аст.
                                   Дар боли мурғи Ҳақ
                                   Парвоз зинда аст.
                                                           (Гулрухсор)

То интизор ҳаст,
Боли уқоб бар сари ин кӯҳсор ҳаст,
Шеъру шиор ҳаст,
Фарри шаҳомату фараҳи ифтихор ҳаст.

То интизор ҳаст,
Мурғи дуо зи лонаи дилҳои дардманд
Бар авҷи кибриёи Худо бол мекашад,
Уммед бар инояти Парвардигор ҳаст.

То интизор ҳаст,
Ҳар дил пиёлаест шароби Сурӯшро,
Ҳар субҳ маҳшарест
Гулбонги нӯшро.

То интизор ҳаст,
Ҳар роҳи захмхурдаву кӯбида рӯйи хок
Бо ёди ҷоннавози қадамҳои ҳамдаме
Хамёза мекашад,
Чун кӯдаке, ки ёди падар мекунад ба хоб,
Дар маҳди моҳтоб.

То интизор ҳаст,
Дар ҷомадони пиразанони сапедфол,
Дар тобатои сӯфи кафанвори мушкбӯй
Як баста тухми гул
Назри баҳор ҳаст.

То интизор ҳаст
Дар бозувони маҳками ин мардуми шариф,
Дар панҷаҳои меҳрфурӯзони хоҳарон,
Дар қалби модарон
Зӯру мадор ҳаст.

То интизор ҳаст,
Бебок метавон
Бар чашми чун ситораи тифлон нигоҳ кард,
Як пора моҳ ваъдаи ҳар шомгоҳ кард.

То интизор ҳаст,
Ҳар мард лашкарест,
Ҳар санг сангарест,
Ҳар байт кишварест,
Ҳар зодсарви боғи ниёкон бародарест,
Баҳрому Эраҷу Ҷаму Исфандиёр ҳаст.

То интизор ҳаст,
Мурғони шабшикан
Дар пешвози тантанаи растахези нур
Минқорро ба ранги шафақ об додаву
Фарёд мекунанд:
«Хуршед зинда аст,
Хуршед зинда аст,
Хуршед зинда аст!»
То ҳаст интизор.

То интизор ҳаст…



Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!