четверг, 13 июня 2013 г.




НАЗРИ ҲУНАР
            Барои Устод Зафари Нозим

Тараннум дар лабаш чун мавҷ бар гавҳар кунад бозӣ,
Ки он ҷо нағмае дилбар ба шеъри тар кунад бозӣ.[1]

Дилам чун қатрае ашк асту меларзад зи тимсолаш:
Чи шамшере, ки андар тинаташ ҷавҳар кунад бозӣ.

Гаҳе андар рамиданҳои оҳу мекашад дилро,
Гаҳе дар осмон бар селаи кафтар кунад бозӣ.

Зи барқе, к-аз сари ангушт назри тори симин аст,
Чароғи давраҳо бо нури равшантар кунад бозӣ.

Маро ҷодӯхироме бо ишорат гуфт дар базмаш,
Ки ин ҷо ҳусн бо маънӣ ба як пайкар кунад бозӣ.

Ба авҷе, ки хирадафсурдагонро ваҳшате бошад,
Расофитрат надонад сар зи пову…
сар кунад бозӣ.

Гаҳе бар Зӯҳра менозад, гаҳе бо зарра месозад.
Кӣ бошад, бо дили одам аз ин беҳтар кунад бозӣ?!

Ба хуни дил суханро медиҳам сомони манзуме,
Ки ҳар ҳарфам ба рӯи сафҳаи дафтар кунад бозӣ.
Соли 1988



[1] «Табассум аз лабаш чун мавҷ бар гавҳар кунад бозӣ» - ѓазали Бедил ва суруди Зафар.





БУЛБУЛИ ФИРДАВС
Ба ёди ҳофизи халқ марҳум Иброҳими Кобулӣ

Шуд ҷаҳон холӣ зи савти булбулӣ,
Рафт бар шаҳри хамӯшон Кобулӣ.

Дар азояш ин замон бояд бурид
Гар ба танбӯре бубинӣ кокуле.

Ин баҳор аз хоки Кӯчакдиҳи[1] ӯ
Аз адаб бояд ки накшояд гуле

Бол барчидаст симурғи тараб,
Нест мастонро ҳавои Чамбуле.

Аз лаби Сурхоб дигар нашнавӣ
Нолаеро, ки биҷӯшад аз диле.

Кист то фарёди ирфонӣ кашад
Аз дили Ҷомиву пири Омулӣ.

Ё Худо, дар боғи Фирдавсаш нишон,
Нектар аз ӯ наёмад булбуле.

Соли 2003



[1] Асли номи рустои марҳум Кобулӣ, ки ба сурати Кичикизӣ таѓйир ёфтааст.



Барои устод Бозор Собир


ПЕШРАВЕ АЗ ПЕШИН
Барои устод Бозор Собир


Дар замоне, ки ҳама фанди аҷониб хӯрдаем,
Эй ту чун хуршеди якто ногирифтори фиреб.
Дар замине, ки ҳама рӯ бар нишебӣ рафтаем,
Эй ки умре рост рафтӣ дар фарозу дар нишеб.

Эй ҳамат шеъри расову эй ҳамат меҳри расо,
Мисраъат шуд дар кафи имони мардум чун асо.
Гар намебуд ин асо умеди мардумро ба даст,
Бемуҳобо, қомати имони мардум мешикаст.

Мардуме беҳуда меҷӯяд зи Эрон марди ту,
Нест дар шерони Эрон низ ҳамоварди ту.
Ҳар касе дар Тоҷикистон шеъри тар меофарид,
Гар ба Эрон зода мешуд, шери нар меофарид.

Ҳар гаҳе ки аз хиёбони Душанбе бигзарӣ,
Ҳолае бинам ба гирдат аз хиёли шоирӣ.
Аз бурун – ин ҷо ҳама ойину ово борсист
В-андарун – он ҷо ҳама овову ойин порсист.

Андарун он ҷо раҳе дорад Бадахшон то Бухор,
Нест сарҳад дар Ҳариву Балху Шерозу Ҳисор.
Андарун – он ҷо ҳанӯз Омӯяи бемӯя аст,
Дар ду соҳил мардумонро қиблаи яксӯя аст.

Шоире гар пеш аз ин дар ҳарфи ҳақ устод буд,
Гӯшае меёфт, к-аз ҳукми дурӯғ озод буд.
Шоири даврони ман дар мушти ҷаҳли барбарӣ
Рост мегуфт, ар расолат дошт чун пайғамбаре.

Ҳар гаҳе як пора аз шеърат қироат мекунам,
Ман ба оби чашму хуни дил таҳорат мекунам.
Хондани ин гуна шеъре худ ибодат кардан аст,
Бетаҳорат ман намегирам китобатро ба даст.

Соли 1990


ГУЛИ ХУРШЕДЁ




Эҳдо ба Шоири миллии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ





Дамида аз ҷигари кӯҳсор Гулрухсор,

Шукуфта аз шафақи интизор Гулрухсор.



Нишоти боз шуданҳои боли ғунчаи гул,

Садои раъди гулӯи баҳор Гулрухсор.



Баёзи ҳасраташ аз хуни лолаҳо рангин,

Сапед оҳӯе дар лолазор Гулрухсор.



Ба рӯйи минбари санге гули ҳамешабаҳор,

Ба санг дода шукӯҳу виқор Гулрухсор.



Ситора резад, агар гесӯйи шаб афшонад,

Чу осмони ситоранисор Гулрухсор.



Зи рӯйи ӯ битавон дид сӯйи меҳвари меҳр,

Намунаи гули хуршедёр Гулрухсор.



Рабуда ҷон зи гаравгоҳи нобакор замон,

Супурда ҳастии худро ба кор Гулрухсор.



Нишаста бар лаби дарёи дардҳои Ватан,

Кашида домани худро зи хор Гулрухсор.



Ба рағми деви кудурат фишонад аз дили хеш

Қасидаҳои адолатмадор Гулрухсор.



Аҷаб надорам агар сабзу гулфишон созад

Дарахти дӯстӣ аз чӯби дор Гулрухсор.



Варо бидидаму гуфтам ки

ӯйи райҳон ку?

Биё, ҳавои Ватанро биёр Гулрухсор.



Ба лутф гуфт:

- Надонам радифи шеъри ту кист.

- Туӣ, ягона ба сад эътибор Гулрухсор!



Соли 2003