четверг, 13 июня 2013 г.




НАЗРИ ҲУНАР
            Барои Устод Зафари Нозим

Тараннум дар лабаш чун мавҷ бар гавҳар кунад бозӣ,
Ки он ҷо нағмае дилбар ба шеъри тар кунад бозӣ.[1]

Дилам чун қатрае ашк асту меларзад зи тимсолаш:
Чи шамшере, ки андар тинаташ ҷавҳар кунад бозӣ.

Гаҳе андар рамиданҳои оҳу мекашад дилро,
Гаҳе дар осмон бар селаи кафтар кунад бозӣ.

Зи барқе, к-аз сари ангушт назри тори симин аст,
Чароғи давраҳо бо нури равшантар кунад бозӣ.

Маро ҷодӯхироме бо ишорат гуфт дар базмаш,
Ки ин ҷо ҳусн бо маънӣ ба як пайкар кунад бозӣ.

Ба авҷе, ки хирадафсурдагонро ваҳшате бошад,
Расофитрат надонад сар зи пову…
сар кунад бозӣ.

Гаҳе бар Зӯҳра менозад, гаҳе бо зарра месозад.
Кӣ бошад, бо дили одам аз ин беҳтар кунад бозӣ?!

Ба хуни дил суханро медиҳам сомони манзуме,
Ки ҳар ҳарфам ба рӯи сафҳаи дафтар кунад бозӣ.
Соли 1988



[1] «Табассум аз лабаш чун мавҷ бар гавҳар кунад бозӣ» - ѓазали Бедил ва суруди Зафар.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!