понедельник, 12 декабря 2016 г.

УСТУРАИ ХАЗОН


УСТУРАИ ХАЗОН

Эй войи мо, агар ки ҳаминем, вассалом,
Пӯяндае ба рӯйи заминем, вассалом.
Эй войи мо, агар ки фақат акси хешро
Дар чорчӯби вақт бубинем, вассалом.
Барбод дода ҳар нафасе фурсати савоб,
Дар интизори фурсати кинем, вассалом.
Ҳайфи ҳазор умед, ки дар дил ҷавона зад,
Устураи хазони ҳазинем, вассалом.
Хуршед ҳар саҳар чу расад бар саломи мо,
Мо як калова чини ҷабинем, вассалом.
Эй кӯдакони қарни қароинситези мо,
Ночор, ногузир қаринем, вассалом.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!