понедельник, 12 декабря 2016 г.

СУХАНОНИ ҲАКИМОНА

СУХАНОНИ ҲАКИМОНА
Самимият модари ҳақиқат ва чеҳраи инсони босадоқат аст.
Д. Дидро

***
Ҳунар агар нон набошад ҳам, шароби зиндагист.
Жан Пол (Рихтер)
***
Таърих румонест, ки бовараш мекунанд,
Румон таърихест, ки бовараш намекунанд.
М. Сафир
***
Зебоӣ гули мирандаест, ки танҳо лаҳзае фурсати шукуфтан ёфтааст.
В. Шекспир
***
Танбалӣ духтари сарват ва модари фақр аст.
П.Декурсел
***
Танбалӣ зангори хирад ва тан аст: калиде ки ҳамеша ба кораш мебаранд, ҳамеша наву дурахшон аст.
Б.Франклин
***
Модар ягона олиҳаест дар рӯйи замин, ки дар баробари худ мункирон (атеистҳо) надорад.
Г.Лессинг
***
Дунё оинаест ки аз он акси ту ба ту менигарад. Нигоҳи хашмине бар он биандоз ва онгоҳ чеҳраи тирае аз он ба ту менигарад: аммо касе ки бо ӯ ва ё бар ӯ механдад, онро дӯсти шодмон ва самимӣ меёбад.
В.Теккерей
***
Ақидаи ҷамъӣ (иҷтимоӣ) ҷараёнест, ки ҳатто агар битавонем онро худ ҷорӣ созем, (ҳаройина) бояд аз пайи он биравем.
П.Буаст
***
Ҷавонӣ гумроҳист, миёнсолӣ-мубориза, пирӣ-таассуф.
Б.Дизраэл
***
Мусиқӣ забони ҳақиқии умумибашарист.
К. Вабер
***
Андешаҳо болҳои рӯҳанд.
Я. Бови
***
Андешаҳо шохаҳоянд, суханон - гулҳо ва ҳосил танҳо дар амали оқилона аст.
И.В. Гёте
***
Ном чист? Мо ба садбарг ҳар номи дигаре ҳам медодем, ҳамчунон накҳаташ дилрабо мебуд.
В. Шекспир
***
Миллат ҳамдилии азимест, ки бар эҳсоси қурбонӣ асос ёфтааст. Қурбоние ки шуда ва хоҳад шуд.
Ж.Э.Ренан
***
Оғоз беш аз нисфи ҳама чиз аст.
Арасту
***
Ҷаҳолат шаби хирад аст, шаби бемоҳу беситора.
Сисерон
***
Нафрат - эҳсоси фаъол, ҳасад - ғайрифаъоли норизоист.
Ҳеч ҷои тааҷҷуб нест, вақте ки ҳасад табдил ба нафрат мешавад.
И.В. Гёте
***
Нобаробарӣ ҳам яке аз қонунҳои хуби табиат аст, мисли дигар қонунҳояш.
И. Шерр
***
Фақр заҳмати танбалист.
П.Декурсел
***
Асоси ахлоқ моҳияти ҳақиқатҳои бетағйир аст, монанди бадеҳиёти (аксиомаҳои) ҳандаса.
П. Декурсел
***
Танҳо як хушахлоқӣ ҳаст-ростӣ ва танҳо як бадахлоқӣ ҳаст-дурӯғ.
Э.Фейхтерслебен
***
Эҳтиёҷ шашумин ҳосаи мост, ки аксаран дигар ҳосаҳоро хомуш мекунад.
М.Сафир
***
Уҳдадорӣ бидуни ҳуқуқ бардагист ва ҳуқуқ бидуни уҳдадорӣ беназмӣ (анархия).
Ж. Ликордер
***
Таҷриба кулбаи ҳақирест, сохташуда аз пораҳои мармари қасри зарандуде, ки онро тахайюли мо номанд.
Ж.Ру
***
Таҷриба фарзанди андеша аст ва андеша фарзанди амал. Мо наметавонем мардумро бо китоб биомӯзонем.
Б.Дизраэли
Тарҷума аз русӣ

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!