четверг, 29 декабря 2016 г.

Ин шеър чанд сол пеш дар ин таърих чоп шуда, ки Файзбек онро рӯйи сафҳа оварда чопи дубораашро хост. Дилам нашуд рад бикунам. Биноан бо андак тағйир чоп мешавад. Сафҳагардони тақвими мелодӣ муборакатон бод.
СОЛИ НАВ
Пок чун домони Марям
Дашту саҳро,
Пар кушода кафтарони барф
Аз кафи дасти Масеҳо.
Шаҳр дар озини симин аст,
Сарви майдон зери бори меваи шодоби заррин
аст.
Моҳ гӯё байза бинҳода,
Дар таҳи арча – 
 Дар сари ҳар чорсӯ – як хирман афлесун.
Бӯйи арча, бӯйи афлесун
Медамад то осмон афсун,
Ёдҳои кӯдакию навҷавониро
Зинда месозад ба дилҳо.
Ҷашни Мелод аст, ё Эҳё?

Пеш аз ин раҳгузар аз раҳгузар гӯгирд мепурсид,
Ҳол мепурсад:
«Бародар, барқ доред?».
Ҳиммати олӣ,
нуктадонем,
Барфро дар дафтари анбори кӯҳистон
Барқ мехонем,
Қалбҳо чун чархаи неру,
Қалбҳо дар синаи дарёст.

Соли нав дар асл танҳо як баҳонаст,
То бигӯйӣ ҳамдилеро, ки «сарат сабзу
саломат бод!».
Соли нав дар асл танҳо як фасонаст,
То ҳақиқатхастагон ҷӯянд аз афсона
имдод…

Пойи сабзи ҳақ ниҳода нақш дар иқлими
тақвим,
Дасти сабзи сарви мину рост сӯйи ҷовидон аст,
Бахтатон сабзу ҷавон бод,
Соли Нав – 
Соли Ҷавон аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!