пятница, 21 июня 2013 г.

МЕҲАНИ НАВРӯЗ

МЕҲАНИ НАВРӯЗ

Биё, эй ҷовидон пирӯз,
Наврӯзи ҷаҳонафрӯз,
Биёр он ҷоми ҷонафрӯз,
Ҳазорон дасти сабз аз хок боло мешавад имрӯз,
Яди хазро[1] ҳазорон аз пайи имдод меояд.

Ту гӯӣ Хӯҷаи Хизр аст баҳман,
ҳар куҷое ки фурӯкаш мекунад доман,
Ба по мегардад он ҷо растахези сабзаву райҳону
овешан[2].
Садоқат сабз мегардад…
сахо ҳам сабз мегардад,
Ба мушти пири боимон асо ҳам сабз мегардад,
Ба зери пои зоҳид буриё ҳам сабз мегардад.

Ба кӯҳу дашту барзан инқилоби нур меҷӯшад,
Зулоли нур дар шарёни ҳастӣ мешавад ҷорӣ,
Нишоти рӯзи нав дар пайкари ангур мепечад,
Ба хок уфтода токи нотавон ҳам мечахад боло,
Миёни бозувонаш мефишорад чун бародар
 шаҳчаноронро,
Ба сад ҷоми зумуррад мекашонад машки боронро.

ВаҶӯи Мӯлиён аздомани маҳтоб меояд,
Ба хуни хуфтагон барқи суруди ноб меояд.
Шаҳаншоҳи Хуросон,
Офтоби гавҳари инсон,
Паёми рушани Яздон
Дигар раҳ хонаи хонаи умедро пурнур месозад.

Салом, эй хок, эй Модар,
Салом, эй масдари покизаи гавҳар,
Ба ҳар базре, ки дар қалби ту назри сарфарозиҳост,
Ба ҳар барге ки дар домони ту сар монда аз поиз,
Ба зери малҳами ҷон парварад навбовагонатро,
Ба ҳар ҷӯе, ки дар рухсори ту аз ашк саршор аст,
Ба ҳар роҳе, ки рӯи қалби захмини ту ҳамвор аст,
Ба ҳар кӯҳе, ки даври домани сабзи ту девор аст,
Ба ҳар чашме,
ба ҳар қалбе,
                                               ки бо ёди ту бедор аст.
Чунин то ҷовидон бедор бодо ҷони ғамхорон,
Чунин то ҷовидон саршор бодо ҷоми ҳушёрон!

Салом, эй пок марзи ранҷбар,
эй Меҳани Наврӯз,
Ки хоки пои ту бар фарқи навмедӣ,
Чу он хоке, ки кӯҳистониён бар санг мерезанд,
Ҳазорон хӯшаи шодобро бар санг рӯёнад,
Зи санг Аржанг рӯёнад.

Туро кай метавон дар зулмати шабҳо фурӯ печид,
Туро кай метавон дар пои деви ноумедӣ сар фуруд
 овард?
Дарахти бовари ту сар ба арши ростон дорад,
Ҷаҳон аз Ҳафтхони[3] ту ҳазорон достон дорад.

Зи пушти Ҳафтхонат Ҳафтсин овардаӣ имрӯз,
Нахустин син саломи мо ба ёрон бод,
Саломи мо ба хоку офтобу боду борон бод.
Саломи мо ба булбулҳои ёсинхони ту бодо,
Ки бо оёти ёсин яъсро аз дил ҳамеронанд,
Ки бо оёти ёсин ёсҳоро мешукуфонанд.

Ало наврӯзи ҷонафрӯз,
Ало рӯҳи ҷаҳонафрӯз,
Даме бо корвони гул навардӣ кӯҳсоронро,
Даме бо ашки найсон барфурӯзӣ лолазоронро,
Бубар, боре, саломи интизоронро,
Диёри шаҳриёрон, гӯшабоми шӯҳра ёронро.

Бар ин хоки куҳан,
то осмон барпост,
то Хуршед метобад,
Зари ноби дарӣ ҷорист чун дарё,
Зи нури рӯйи инсон ойина саршор мегардад,
Муаззин бо садои булбулон бедор мегардад,
Ҳилоли моҳ дар ҳар чашмае чун моҳии тиллост,

Шакарнам метаровад аз насими шукр дар шабгир,
Саҳар хоби ту бо бишкуфтани гул  мешавад таъбир,
Дар ин ҷо сурмаи шаб рӯшании дидаи рӯз аст,
Ба ҳар ойин, ки хоҳӣ
Тоҷикистон,
Меҳани ҷовиди Наврӯз аст.


Соли2008




[1] Яди хазро – дасти сабз. Дар қиёси «яди байзо» - дасти дурахшони Мӯсо (с). Сохтаи муаллиф.
[2] Овешан – гиёҳи хушбӯи кӯҳӣ.
[3] Ҳафтхон – ҳафт корномаи Рустам ва Исфандиёр.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!