пятница, 21 июня 2013 г.

СОМОНГИРД

СОМОНГИРД
                                   (Душанбе)
Дасти ҳар кӯдаки дањсолаи шаҳр
шохаи маърифатест
ӯҳроби Сипеҳрӣ)

 Шаҳри Сомонгирд шаҳри Офтоб аст,
Шаҳри сабзи ормонҳост.
Гар раҳовардат ба лаб ошуфта ҳазёнест,
Дар ҳавои ошноипарвари ин шаҳр
Ё дуруде мешавад ё барги лабханде.

Ҳар дарахте дар хиёбонҳои Сомонгирд
Шоҳиди сабзи муҳаббатҳои хоку осмон аст,
Шохсораш ошёни мурғи ирфон,
Соясораш хонақоҳи орифон,
Устодаш «Усто»-дон,
Бартарин обишхӯраш дарёи қуръон аст.

Шаҳри Сомонгирд
Шаҳри симониву сангӣ нест,
Шаҳри имонист.


По фишурда бар лаби марзаш
Шоҳи Тирандоз,[1]
Осмон бар дӯш,
Қабзаи рангинкамон дар даст,
Озарахши охирин дар шаст,
Чашм бар домони Таърих,
Бар фарозаш парфишон Симурғи Яктоӣ.

Рӯдакиву Айниву Синову Фирдавсӣ
Чор рукни кохи фарҳанги барумандаш,
Сарфароз андар миён Исмоъили Сомон-
Хадевандаш,
Дасти девон кӯтаҳ аз девори тадбири баландаш.

Аҳли ин шаҳр аз табору тираи рушангарони қарни
 Хуршеданд,
Решаҳои ҷонашон аз торҳои нури Хоразму
            Бухорову Самарқанд аст.

Сорбони Роҳи Абрешим
Нарм монанди бирешим пои меҳроби ҳамовоӣ,
Посухи дасти гусастанро нахи бурротар аз шамшери
                                                                       Хӯқанд аст.


Шаҳри Сомонгирд – таъбири ҳумоюн аз Бухоро,
Шаҳри Сомонгирд – тафсири нигорин аз Самарқанд,
Шаҳри Сомонгирд-таскини ғами ҳиҷрони
сангини Сиёвашгирд,
Уфқи субҳу шоми он рангинтар аз хуни Сиёвуш аст,
Қалъаи Афросиёбаш шаҳри хомӯш аст[2]
Ҳар гиёҳи рушанаш иксири биноист.

Шаҳри Сомонгирд
Соҳати рӯҳи ҷаҳонпаймои Мавлоно
Пойтахти Тоҷикистон аст.
Бурҷи хуршеди баланди Ориёно,[3]
Ҳалқаи заррини пайванди Варорӯду Хуросон аст.

2005


[1] Шоҳи Тирандоз—Номи яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳон, воқеъ дар Бадахшони Тоҷикистон.

[2] қалъаи Афросиёб—Осори шаҳри бостонии суѓдӣ дар Тоҷикистон.
[3] Ориёнбург (Ориёнбурҷ) низ номи шаҳри қадимии ориёист.



Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!