пятница, 21 июня 2013 г.

ИСТИҚЛОЛ

ИСТИҚЛОЛ
(дар хештан)
 Агарчи зодаи даврони озодам, 
Агарчанде ба озодӣ ҷаҳонро пайки иршодам,
Вале дар пои дил,
дар пои рӯҳ
завлонаҳо дорам.
Аз ин завлонаҳои ҳарза безорам.
Ман истиқлол мехоҳам.
 Ман истиқлол мехоҳам зи пиндори дурӯғи худ,
Зи банди эътиқоди бефурӯғи худ,
Ки дар ӯ чашми раҳзан гӯйи Хуршед аст,
Ки дар ӯ байзаи мурғи Фаромуш «дурҷи уммед» аст.
 Ман истиқлол мехоҳам!
Аз ин занҷири тиллои тааммулҳои нодаркор,
Ки рӯҳам аз фишораш мешавад афгор,
Дилам дар чангалаш хуншор,
Табассумҳои бисмил дар лабам арзи хирадмандӣ,
Ки бахшам чанд нохушнудро шодиву хурсандӣ.
 Зи навмедӣ
Зи аҷзу коҳилӣ,
Аз бим
истиқлол мехоҳам.
Ҳам аз хӯи ғуломӣ, аз тавозӯъҳои аз ҳад беш,
Ки бо номи «адаб» дар ҷисму ҷони мо нумӯъ
 карда,
Миёни «одамият» то «ҳақиқат» мекашад парда
Ва мезояд
Тааллуқро
Тамаллуқро
Ва моро мекунад тард аз вуҷуди мо,
Зи мо меофарад бекораву бечора махлуқро.
Зи ҷонам то рамақ пайдост, истиқлол мехоҳам!

На ман танҳо дар ин «исён»,
На ман танҳо дар ин бандам:
Агар худ навдае аз зодсарви яктану якҷони
 инсонам
Талошам баҳри истиқлоли инсон аст.
Муқаддар гашта бо номи Ватан,
ё, порае хокам.
Агар дар банд бошам,
порае ҳам аз Ватан,
                                               ночор, дар банд аст.
Барои ин Ватан
то зиндаам,
дар хеш истиқлол мехоҳам.

Ва танҳо баъди фирӯзӣ чу фарзанди барӯмандаш
Саре бар мекунам аз қуллаи иқбол чун Хуршеду
Истиқбол мехоҳам.

Соли 1989


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!