пятница, 21 июня 2013 г.

Боғи Э Ш О Н

 Боғи  Э Ш О Н
Дар сӯги як ҳамдарси ҷавонмаргам
 Ҳамон мӯрони шабтобе, ки аз маҳ нур менӯшанд,
Ҳамехоҳанд хомӯшаш кунанд имшаб.
Шигифто, гӯиё ҳаргиз намедонанд,
Ки хомӯшии маҳ худ марги эшон аст.
Биё, бигзор инонро...

Ман аз гулҳои шоди боғи тифлӣ ёд меорам,
Ва аз он рангҳои субҳушоме, ки ба ёдам нест.
Ва Одамҳову Одамҳову Одамҳову Одамҳо,
Ки бе онон
Бароям дар ҳама дунё як одам нест.

Чи гӯям, бо ки гӯям, рози ҷони хештанро аз куҷо
 ҷӯям?
Дареғ, ин мурғи ваҳшӣ дастомӯзам нашуд умре.
Ба боме мепарад, ки гунбази гӯри маро монад,
Чароғи қуббааш чашмони бенури маро монад.
Чаро сӯи биҳишти ёдҳои ман ҳавояш нест?

 Шаби дина
Ду он хоҳарсапедори канори ёлаҳои ялмро дидам-
(Замин кӯчиду ононро фаротар бурд)
Сапедӣ ӯфтода гарчи дар гесӯи ин хоҳарсапедорони
                                                                       дастафшон,
Ҳануз андар канори якдигар ҳастанд,
В-аз он ҷо бар мазори решаи модар нигаҳбонанд,
Дуъову фотиҳахонанд,
Замин то ки накӯчид,
як қадам аз ҷо наҷунбиданд.

Ва он роҳе, ки аз пушти сари хоҳарсапедорон,
Зи пушти қуллаи кӯҳ то ба чини домани маҳ мезанад
оринҷ,
Ҳануз он ҳалқаи дасти сапед аз гардани кӯҳ боз
 нокардаст,
Ҳануз он кӯҳ побарҷост.
Ба рӯи шонае маҳ дораду бар шонае хуршед,
Ба торак тоҷи аҳмар
аз Дуби Акбар.

Шамоли субҳ аз ҳар дарра бӯи пӯш[1] меорад,
Ҳамон бӯе, ки бегаҳ мол[2] ояд,
дар фазои деҳа мепечад,
Ҳамон буйест, ки гаҳ-гоҳ
Ман аз перомани атрифаронсабозҳои шаҳр меёбам,
Вале бо он табиат нест.

Фаротар з-ин ҳама бо шарфаҳову ҳингаи
 ҳангомазои хеш
Ба сӯи ҷовидона медавад Сурхоб.
Ба сӯи ҷовидона мешитобад, лек побарҷост,
Зи бас такрори ҷовидона аст,
дарёст.
Аз он ҷое замину осмон бо ҳам танида реша мегирад.
Замину осмон то зиндаанд,
зинда-ст ин тозандаи ҷовид.
Раги ҷонаш
Раҳо з-ин решаҳо ҳаргиз намегардад,
                                                                       намемирад.
Ба наҷвои дили ӯ гӯши ҷон биспор,
Шаҳидоне даруни сина дорад,
бе шафоъат нест.
 Ба сӯе кулбаи хамбида чун пирони беимдод,
Ки аз дору надораш як сутумби нимҷон дар мушти ӯ
боқист
Ва бо ин ҳол побарҷост,
қоим аст.
Худоро,
мӯрҳоро дур аз даври асояш дор.

Ва пешорӯи ин рамзи Сулаймонӣ,
Нишаста дар таҳи як хирмани гул боғи хубонӣ.
Тани худро ба шири моҳ мешӯяд.
ҷаҳон дар рангу бӯи ноз меҷӯшад.
Ва оби ҷӯй раҳ гум кардаву ҳар сӯй мепӯяд.
Намедонад чи мегӯяд...

Дар ин ҷо борҳо бо сидқи дил эҳсос мекардам,
Ки рӯйи шонаҳоям менишинад чун фаришта ҷуфти
кафтарҳо
Ва қум-қум мекунад бар гӯши ман:
Яъне ки боло шав,
Дар ин соат
Дару дарвозаҳои осмон боз аст,
Дар ин дам лаҳзаи миъроҷ наздик аст,
Саропои вуҷудам,
                                   тору пудам шавқи парвоз аст...
Вале охир биҳишт ин ҷост,
Сарои сарнавишт ин ҷост.

Нигаҳ кун БоғиЭшонро,
Ба ҳам оварда ин қавми парешонро.
Канори турбати ҳар нозанин гаҳвораи ноз аст.
Яқин дорам, ки девораш
Сари мӯе бурун аз хатти паргори иноят нест,
Ки мардум чун гиёҳон бегунаҳ руйида ин ҷо хок
                                                                       мегарданд.



***
Ало ҳамсолҳои ман,
Ало ҳамболҳои ман,
Ки аз парвоз биншастед,
Сафои суффаи Реги Равонро ёд меоред?
Хати марзи замину осмонро ёд меоред?
Паридан то таҳи рангинкамонро ёд меоред?

Садои тир гарчи ин замон дар деҳи ман одист,
Мисоли сурфаҳои пири тарбодӣ,
Вале уммеди мардум сӯи ободист.

Саҳар домони шабро чун зи рӯи деҳа мечинад,
Ва гулбонги азон дар қуллаҳои кӯҳ мепечад,
Ва гарди яъсро бо донаи шабнам
Зи рӯи сабзаҳо хуршед мечинад,
Дар он соат
Касе бо чашми рушан сӯи ин хоҳарсапедорон
назар созад,
Зи пушти шохаҳошон тарҳи андоми ғариби ошноеро
                                                                       ҳамебинад,

Ки ин ҷо ҳасту...
                                   ин ҷо нест,
Ба ҷуз аз Боғи Эшонаш[3]
дигар уммеди маъво нест.
         
 Соли 2000


[1] Як гиёҳи хокистарии буттагӣ, ки бӯи тунд дорад.
[2] Рамаи гӯспанд.
[3] Номи мазористон дар деҳи муаллиф.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!