среда, 19 июня 2013 г.

САВДОИ ЧАНОР

САВДОИ ЧАНОР

 Чанори рӯйи раҳ шабҳо бубинад,
Ки маҳтоб аст дар шохаш ҳамойил.
Гаҳе мисли анори обдоре,
Гаҳе мисли муруди пухта ҳил-ҳил.

Намехоҳад, ки ояд субҳи содиқ,
Ки бо ин худфиребӣ ҷуфти ғам нест.
Куҷо донад, ки лутфи сояи ӯ
Барои раҳгузар аз мева кам нест.

Соли 1989


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!