пятница, 21 июня 2013 г.



СИМУРҒИ ЯКТОӣ

 

 

ТОҶИКИСТОН


Тоҷикистон, захми носури дилам,
Тоҷикистон, ранҷи мақдури дилам.

Тоҷикистон, кулбори дарди мо,
Дар сари мижгони ҳасрат гарди мо.

Тоҷикистон, дашти ёҳуи ҷунун,
Киштии саргашта дар дарёи хун.

Тоҷикистон, маслахи номуси ишқ,
Пуштаи хокистари қақнуси ишқ.

Тоҷикистон, синаи садчоку реш,
Тоҷикистон, мусҳафи паҳну пареш.

Тоҷикистон, гулшани доғи фироқ,
Шӯълаи конуни сӯзи иштиёқ.

Ай бурида панҷ ангушти ҳунар,
Ханҷари бишкаста дар пушти ҳунар.

Бе ту як соат вуҷудам шод нест,
Дар дилам як гӯшаи обод нест.

Тоҷикистон, мушти безинҳори мо,
Бар сари мо таънаи ағёри мо.

Дар бари гургон адӯят баррахор,
Дар бари шӯбон фиғонаш зор-зор.

«Ман надонам беш аз ин дам занам,
Фош агар гӯям ҷаҳон барҳам занам».[1]

Тоҷикистон, эй нишеман дар ҳубут,[2]
Бар лаби оташфишон сурби сукут.

Тоҷикистон, модари бемори мо,
Дар дили шаб гиряҳои зори мо.

Тоҷикистон, арсаи шатранги[3] қарн,
Озмоишгоҳи сад найранги қарн.

Уфтода хишти девори ҳарам,
Оҳуи захмии хуншори ҳарам.

Хилвати бишкастаи Пири Аҷам,
Гӯши ҳушро бонги ожири Аҷам.


Байни шерон тоҷу тахти Яздигурд,
Интизори ҳиммати Баҳроми гурд.

Тоҷикистон, ояти наҳйи нифоқ,
Тоҷикистон, сури поёни фироқ.

***
Эй бародар, дӯстӣ ё душманӣ,
Ин замон бо моба як пироҳанӣ.

Бар масал пироҳани мо меҳан аст,
Беш аз ин ҷону тани мо меҳан аст.

Чашми бино бе Ватан кӯр аст, кӯр,
Оби ҳайвон бе Ватан шӯр аст, шӯр.

Ту магӯ дар Тоҷикистонем мо,
Не ғарибу не парешонем мо.

То набошад қавми моро иттиҳод,
Ин ватандорист ҳамчун абру бод.

Боди ваҳдат аз Ватан пӯё шавад,
Куштаи ғурбат зи нав эҳё шавад.

Тӯшаи марди сафар ёди Ватан,
Хотири ҷамъаш – дили шоди Ватан.

Гар бидонӣ бе ватанбон нестӣ,
Гар ба Чинӣ, кам зи Хоқон нестӣ.

Тоҷикистон, эй раҳини иттиҳод,
Эй шуда даъват ба дини иттиҳод.

Ҳурмати ашки ятимон,иттиҳод,
Ҳурмати аҷзои Қуръон, иттиҳод.

Ашки тифлонат ширеши маҳкам аст,
Захмҳои душманиро марҳам аст.

Ҳурмати хуни шаҳидон, иттиҳод,
Бар сипоси оли Сомон,иттиҳод.

Кӯр бодо чашми шайтон, иттиҳод,
Эй муваҳҳид, баҳри Яздон, иттиҳод.

***
Дар шаби ҳаҷре пур аз биму умед,
Хоб медидам, ки симурғе сапед

Дар Ватан буд бар сари ман парфишон,
Аз фурӯғаш мавҷ мезад осмон.

Ман саропо ҳамчу як ҷоми булур,
Мешудамлабрез аз нуру сурур.

Дар канорам ё падар, ё пир буд,
Дар лаби мо ояти такбир буд.

Ё Худо, ин хобро таъбир деҳ,
Ё Худо, аз раҳматаш танвир деҳ.

Ё Худо ин ранҷро кӯтоҳ кун,
Ё Худо, моро зи мо огоҳ кун.

Ё Худо, моро раҳо кун аз нифоқ,
Ҳамчу занбӯрон ба шаҳди иттифоқ.

Ин шаби ҳиҷрон ба сар омад, ба сар,
Ман надорам тоқати ҳаҷри дигар.

***
Ассалом, эй хоки гулафшони ман,
Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман.

Ассалом, эй гавҳари ноёби ман,
Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман.

Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр,
Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.

Соли 1997


[1] Аз Мавлоно.
[2] Фуруд омадани Одам аз биҳишт.
[3] Шатранг – асли шатранҷ.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!