среда, 19 июня 2013 г.

ЧӢ ОЙИНЕ!



ЧӢ ОЙИНЕ!

 Лабе бӯсидаму умре лаби худро фурӯ бастам,
Ба ёдат аз лаби ҳар ғунча ҳарфи сода мечинам.
Намедонам, чӣ ойин аст дар ин шаҳр мардумро,
Ки умре аз раҳу рӯ ман дили уфтода мечинам.
Азизе додрас дорам, насиме ҳамнафас дорам,
Ғубори ҳарфҳом аз хотири озода мечинам.

Соли 1990


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!