суббота, 22 июня 2013 г.

ТУЛӯЪИ МЕҲР

ТУЛӯЪИ МЕҲР

 Эй мояи умеди ману рӯзгори ман,
Эй офтоби рӯшани шабҳои тори ман,
То дидаи маро ба рухат ошноиест,
З-ин ошноӣ дар дили ман рушноиест.

Мисли насими субҳ навозанда омадӣ,
Сӯзанда оташиву чи созанда омадӣ.
Дар хушксори синаи ман мавҷи зиндагист,
Эй зиндарӯд, бо нафаси зинда омадӣ.

Ин васлу ҳаҷри ту, ки маду ҷазри зиндагист,
Танҳо ҳамин висоли туам назри зиндагист.
Эй дур, эй ғариб, ба ҷуз ту қариб нест,
То дар тулӯъи меҳр дарангу фиреб нест.

Дигар ба ҳар ғаме манамо дастихуш маро,
Ҷоно, агар ки мекушиям, худ бикуш маро.
З-ин бехудон гирифтадилам, нохудои ман,
Эй ошнои он «сухани ошнои» ман.

1990


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!