суббота, 22 июня 2013 г.

ДИЛНОМА



ДИЛНОМА

 Дили ман, Дулдули ман, Рахши ман, Шабдизи
 ҷони ман,
Ба майдон жандапили ман, ба каф гурзи гарони ман.

Гузаштам бо ту оташро, буридам бо ту дарёро,
Самандарфитрати ман, ҳам наҳанги хунфишони ман.

Ту будӣ зодбуди ман, ту будӣ ёдбудӣ ман,
Макони ман, замони ман, диёри ман, ҷаҳони ман.

Ҳамора бар ту буд рӯи намози ман, ниёзи ман,
Куништу дайру масҷид, ҳам хароботи муғони ман.

Ба хунат ғусл додам аз касофатҳои ин дунё,
Ҳарифи покбози ман, муриди покҷони ман.

Дарозат бод умр, эй дил, ки дар ин роҳи бепоён
Набошад ҷуз ту дигар раҳнамои корвони ман.

Гарам зулмат фурӯ печид, раҳ ҷустам ба домонат,
Зиҳӣ, эй офтоби беғуруби осмони ман.

 Баланду пастро ҳамдасту ҳамдастон бипаймудем,
 Гаҳе дар осмони ту, гаҳе дар остони ман.

Туро хунгиряҳо фармудаам, то хандарӯ бошам,
Маро маъзур дор, эй дил, ба рағми душманони ман.

Замоне ки ҳама ганҷи маро ғоратгарон бурданд,
Ҳаросон даст бурдам сӯи ту, ганҷи ниҳони ман.

Тапидӣ зери дастам, к-андар ин ҷоям,
дар ин ҷоям,
Зи нав гул кард умеди ман, зи нав пур шуд ҷаҳони
 ман.
 Шукӯҳи хусравим омад, ки дар каф ҷоми ҷам дорам,
Навои Борбад омад чу ганҷи шойгони ман.

Зи Албурзи вуҷуди ман садои наъли Рахш омад,
Нидо омад, ки меояд ба гоҳи нав каёни ман.

Замоне, ки забонам дар даҳан чун лола мепажмурд,
Ҳам аз хунобёрат тоза бишкуфид забони ман.

Замоне, ки зи ҳастинома номам бенишон мешуд,
Ту дар худ гум задӣ ногоҳу пайдо шуд ниҳони ман.

Даме, ки дӯстонам сояҳои душманонам буд,
Дурахшидӣ чу барқе бар самои дӯстони ман.

 «Ҳалолат бод, эй дил, ҳар замон, эй дил, ҳалолат
                                                                       бод»,[1]
Наваштӣ ҳафтхонро то навиштӣ достони ман.

1989

[1] Мисраъ аз устоди равоншодЛоиқ Шералӣ.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!