понедельник, 10 июня 2013 г.

Гуфтугӯ

Гуфтугӯ

Мабандед бо ҳам дари гуфтугӯро
Ки хасми шумо дорад ин орзуро
Ба нархе, ки душман харидан тавонед
Бубахшед нодӯстони дурӯро
Шаробаш зи хуни ҳазорон шаҳид аст
Ба санги ситам машканед ин сабӯро
Намонад агар ошиқи рӯйи хуршед
Макун ранҷа мурғ и саҳаргаҳ, гулӯро.
Гираҳ аз зираҳ боз кун абрӯвонро
Ба ёди Сиёваш маёвар Гаруро.[2]
Касе сӯи оташ ҳамеронд моро
Назарсӯз дидем чун дуд ӯро
Саробест уммеди дарёи мардум
Зи пеши дари худ марон оби ҷӯро
Замират чу ойина гар соф гардад
Ба ҷуз дар дили худ наёбӣ адӯро
Аё Пури Дастон, зи Ковус бигзар
Бидон нӯшдорӯи худ обрӯро
Соли 2000


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!