понедельник, 10 июня 2013 г.

Дили ту

Аз гавҳари чашмони ту пайдост дили ту,
Чун кавкаби ҳодист, чу миност дили ту.
Дар боғ ба зебоии лабханди ту гул нест,
З-ин оя тавон дид чи зебост дили ту.
Ҳар ҷой ки доғест, дили туст ҳувайдо,
Ҳар ҷой ки дардест, ҳамон ҷост дили ту.
Пероҳани гулрези ту в-он оташи гесу
Чун сохта бо ҳам? Чи тасаллост дили ту?
Бо замзама мехонаду бо ноз биронад,
Аз оҳани ноқуси калисост дили ту.
Парвози туву ҳасрату дар хок тапидан,
Эй сайраи фирдавс, сурайёст дили ту.
Сад қофила гум гашт дар ин бодияи ваҳм,
Нозанда ҳамон маҳмили Лайлост дили ту.
Бас нукта ба таҳқиқ бигуфтанду абас буд,
Сеҳр аст, тилисм аст, муамост дили ту.

2010




Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!