понедельник, 10 июня 2013 г.

Аё булбул



Аё булбул

Чи мехонӣ, ту эй булбул? Ҳама такрор мехонӣ,
Ҳамон як достонро ҳар саҳар сад бор мехонӣ.
Агар ман як сухан такрор гӯям хурда мегиранд,
Касе бо ту намегӯяд, ки аз перор мехонӣ.
Найистонро майистон мекунӣ аз мавҷи овозат,
Расули «Мантиқуттайрӣ»-ву аз Аттор мехонӣ.
Навои Борбадро ҳеч кас чун ту намедонад,
Ҳазорон сол танҳо ту ҳамон адвор мехонӣ.
Ҳама дору дарахт аз нашъаи ту ранг мебандад,
Ту чун Мансур ҳар гаҳ бар фарози дор[1] мехонӣ.
Паре аз каҷкулаҳ ҷаста, сафи мижгон ба ҳам баста,
Саре бар осмон боло, қаландарвор мехонӣ.
Кӣ медонад, ки оёти Сулаймон аст, ё Довуд?
Кӣ мегӯяд, ки Ясно, ё ки Гоҳанбор мехонӣ?
Ту як мушти парӣ охир, наметарсӣ, ки дар гирӣ?
Забони шӯъла дар минқори оташбор мехонӣ.
Ҳамон донад, ки мушти хоки ту бо хуни ишқ омехт,
Кадомин роз мегӯӣ, кадом асрор мехонӣ.

                                               Феврали 2010




[1] Як маънои «дор» дарахт аст.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!