РУБОИЁТ
Дар косаи
лола шири борон хӯрдем,
Ҷоме зи кафи сабзи баҳорон хӯрдем.
З-он баъд
ҳар он чи
буд дар боқии
умр
Андӯҳи
фироқи дӯстдорон хӯрдем.
***
Ҳар кас ба худои хеш розе дорад,
Дар ҳар нафасе тоза намозе дорад.
В-он
байзаи аблақе, ки бар
мушти хасест,
Дар синаи
хеш шоҳбозе дорад.
***
Сӣ рӯз беҳ аз рӯз бувад ҳар шаби мо,
Дар бурҷи нигори мо бувад кавкаби мо.
Тӯмори ҳазорсолаи
ихлосем:
Меҳри ту ба сина мӯҳри ту бар лаби мо.
***
Донанд
дигар, ки узӯму истофил
Ангуру
инаб бувад, на қолеву на қил.
Асли
даъво бар сари он як дирам аст,
Беҳуда машав ранҷа зи баҳри таъвил.
***
Он як ба ғурур гуфт: «Агар дорӣ савод-
Дин пеши
ту аввал аст ё ин ки нажод?».
Гуфтам,
ки агар довари мо Дарвин аст,
Сад вою
дареғи ифтихори аҷдод.
***
Ман заҳри туро хӯрдаму
шаккар додам,
Куфри ту
фурӯ бурдаму бовар додам.
Сад хори
хазон дар ҷигарам биншондӣ,
Чун хок ҷавоби ту санавбар додам.
***
Ҳар огоҳе дарду
азобе дорад,
Дар дашти
талаб ранҷи саробе дорад.
Аз мо чи
аҷаб ҳоли
харобе, чи шигифт:
Дарё
дарёст, печу тобе дорад!
***
Гар аз даҳане ба фаҳш меранҷоним,
В-ар аз
нигаҳе ба қаҳр
метарсоним,
Ё Раб,
донам ин ҳама
тадбир зи туст:
Аз халқ ба сӯи хештан
мероним.
***
Гар бо
дили хеш будаме хуш будам,
Кай зору
парешону мушавваш будам.
Дилро чу
вафо нест зи ман бигрезад,
Ҳар бор, ки ман миёни оташ будам.
***
Савганд,
ки савганд намехоҳам
хӯрд,
Чун дил ҳама савганди худ аз ёд
бибурд.
Мегуфт,
нишоти ҷовидонат бахшам,
Аз дур
суроби ғусса диду
бифусурд.
***
Ё Раб, ё
Раб, он дари мафтӯҳ куҷост?
Меъроҷи
дуъову шаҳпари
рӯҳ куҷост?
Ҳар қалб
сафинаест бишкаста ба баҳр,
Олам ҳама тӯфонӣ шуда, Нӯҳ
куҷост?
***
Ё Раб, Ту
ҳама ниҳони ман медонӣ,
Андешаи
ман, гумони ман медонӣ.
Ҳарчанд, ки муддао бисӯзад ба забон,
Сад шукр
забони ҷони ман медонӣ.
***
Ё Раб, ё
Раб қути маро
нур бидеҳ,
Аз нур
маро шамъи шаби гӯр бидеҳ.
Он лаҳза, ки дил тиҳӣ
шавад аз нурат
Хоҳеш ба мору хоҳ бар мӯр бидеҳ.
***
Ё Раб,
нафасе ба худ раҳоям
накунӣ,
Аз меҳвари меҳри худ ҷудоям
накунӣ.
Дар баҳру бар аз Худои худ менозам,
Маҳмилкаши нози нохудоям накунӣ.
***
Ё Раб, зи
кӣ ҷуз Ту доварӣ
меояд,
Бахшандагӣ, додгустарӣ
меояд.
Эй баҳри карам, косаи гирдоб ба
каф
Дарё ба
дарат гадягарӣ меояд.
***
Ё Раб, зи хирад маро баҳоре додӣ,
Дар домани ҷон шукуфазоре додӣ.
Дар сина зи дил чӣ обшоре додӣ,
В-аз нафс дар остин чӣ море додӣ!
***
Мо куштаи
қалби ноумеди хешем,
Шерони ҳақему
нотавон чун мешем,
Дарвеш зи
дасти нафси нодарвешем,
Дар
пайкари рӯзгори худ чун решем.
***
Мо ҳосили ҷадду боби
худро бихӯрем,
Аз паҳлӯи ҳам кабоби худро бихӯрем.
Онон ки
ба хоки мо нишастанд фарох,
Менагзоранд
оби худро бихӯрем.
***
Эй дӯст, биё ки мешу гургӣ накунем,
Кори
сутурон аст сутургӣ,
накунем.
Бар фарқи сари миллати уфтода зи пой
По
мондаву даъвои бузургӣ накунем.
***
Эй дӯст, биё ба ҳоли худ
гиря кунем,
Бар беҳуда моҳу соли
худ гиря кунем.
Нозиста
умри ҷовидон мехоҳем,
Бар орзуи
муҳоли худ гиря кунем.
***
Мо хурду
бузург ҷумлагӣ устодем,
Устод зи
тоқи осмон уфтодем.
То нима
лабе ба гуфтугӯ бикшодем,
Пири
хирадему соҳиби
иршодем.
***
Сад
нохуни андеша ҳамефарсояд,
То як
гираҳ аз румузи ту бикшояд.
Ойина муқобили ту ҳайрон
монда,
То бар ту
кадом рӯйи ту бинмояд.
***
Имсол
тамом соли Мавлоно буд,
Дар ҳар даҳане мақоли Мавлоно буд.
Дидем ба
таҳқиқ чу дар дафтари хеш
Ашъори
ману ту моли Мавлоно буд.
***
Чун аз
фалаки каломи Мавло нигарӣ,
Ҳамвор бувад мулки сухан сарбасарӣ.
Гирам, ба
сутурлоб агар ҳам сипарӣ,
Фарқе накунад бурҷи яке аз
дигарӣ.
***
Меҳан нафасе агар туро гум кардам,
Парҳез зи обу хоки мардум кардам.
Дар роҳи ту бигзашта зи дарёи муҳит,
Чун кабк
ба хоки ту таяммум кардам.
***
Ин як ба ҳақиқат бинависам, на маҷоз,
Ғурбат буду шаб буду ману шамъу гудоз.
Ашке, ки
ба пои шамъ резон мешуд,
Чун нақшаи хоки Тоҷикистон
мешуд.
***
Ҳошо, ки пайи баҳои худ гиря кунем,
Бар
арзиши ҳарзаҳои худ гиря кунем.
Дар сӯги дусад шаҳид як кас
нагирист,
Мо
зиндаву аз барои худ гиря кунем?
***
Эй дӯст, хуш омадӣ ба кайҳони сухан,
То арш
бувад арсаи ҷавлони сухан.
Гар даст
диҳад ба дасти худ овезам,
Бар гардани
ту шаддаи марҷони сухан.
***
Аз шеър ҳазору анд дафтар дорем,
В-он
шеър, ки дорем, ҳама тар
дорем.
Айб аст,
агар ба хушксоли илҳом
Аз
мазраъи ғайр хушае
бардорем.
***
Гоҳе ба миёни дафтарам гул монӣ,
Гаҳ тораи мушкбӯй сунбул монӣ.
Ин
дафтари мо зи пораҳои дили
мост,
Эй кош ту
низ порае дил монӣ.
***
Ҳар чанд сари ту мушти ҳар кал хӯрдаст,
В-он чеҳраи ту силии ҳайкал хӯрдаст,
Ойинаи
рушан аст пешонии ту,
Аз баски
ба хоки ишқ сайқал хӯрдаст.
***
Ин шӯру ғурури ту
зи ҷои дигар аст,
Ин боди
бурутат аз ҳавои
дигар аст.
Бебок
дили халқи худоро
машикан,
Ё пиндорӣ туро худои дигар аст?
***
Ё Раб,
сухане, ки дар тавонам набувад,
Онгуна
бикун, ки дар забонам набувад.
Он нӯш мадеҳ, ки бар
зиёнам бошад,
Он неш
бидеҳ, ки дар зиёнам набувад.
***
Қалби ману қалби шабу
қалби Қуръон,
Дар панҷа гирифта қалби
бемори замон.
Мегӯяму мехурӯшаму
мезорам:
Ё Шофиву
ё Карим, ё Раб, дармон!
***
Афсӯс, ки паймуда шуд он паймона,
Ин дурд
зи бедардӣ нашуд дурдона.
Ку шамъ,
ки дар хилвати Ҳофиз месӯхт,
Моему
чароғҳои бепарвона.
***
Одам зи
нахуст олими асмо буд,
Шак нест,
Абулбашар зи мо доно буд.
Фарҳанг ҳазору милиёнсола
наяст,
Ин гавҳари пок аз азал бо мо буд.
***
Хун мечакад аз ниҳоли сархункарда,
Хун
мечакад аз дутори нохункарда.
Маъзур,
ба рӯзи ид агар хун накунем,
То субҳи қиёмат ин ватан хун карда.
***
То чанд ту шӯру моҷаро мехоҳӣ,
Ҳақ мехоҳӣ? Чӣ нораво мехоҳӣ!
Эй бехабар, андар
ин чарогоҳи хаёл
Аз «чун?»
бигузар агар чаро мехоҳӣ.[1]
***
Ойинаи ҷон зи баски зангорӣ шуд,
Аз дуди
нафас субҳ шаби торӣ шуд.
То пеш
омад як чарогоҳи фарох,
Шабдези ману ту гови парворӣ шуд.
***
Эй маст шароби ҳушёрон нахӯрӣ,
В-ин машки
сиришки сӯгворон нахӯрӣ.
То мисли садаф
машқи хамӯшӣ накунӣ,
Зинҳор, ки ин қатраи борон нахӯрӣ.
Як ахтари
тобандаи пурсӯзу гудоз
Бибрида зи хайли ахтарон аз сари ноз,
Дар синаи мо нишасту дил ном гирифт,
Имрӯз хиёли осмон дорад боз.
***
Сад шукр, ки чашми имтиҳон дорам ман,
Мизон ба фарохури дукон дорам ман,
В-ар теғи забоне ба даҳон дорам ман,
Аз санги дили касон фасон[2] дорам ман.
***
Аз санги хамӯши мо шарар мебезанд,
Аз реги дурушти мо гуҳар мебезанд.
З-ин хок, ки мо бар сари ҳам мебезем,
Бингар, ки дигарҳо ҳама зар мебезанд.
***
Эй дил, ту бикӯш дар вафои дигарон,
Аз хеш бурун бишав барои дигарон,
Дасти дигарон бигир, к-охир биравӣ
То бар лаби гӯри худ ба пои дигарон.
***
Хуррамдилу тандуруст мебояд зист,
Чун оҳӯи ваҳшӣ чуст мебояд
зист.
Гирам, ки дилат зи зиндагонӣ бинирифт,
Эй дӯст, барои Дӯст мебояд зист.
***
Хайём, баҳори ту гулафшон бодо,
Шеъри тари ту шароби риндон бодо.
То чархи фалак ба коми мо мегардад,
Ҷоми ту ба даври
даҳр гардон бодо.
***
Хайём, ба ҳар замона поянда туӣ,
Чун рӯди равон ба раҳ физоянда туӣ.
Аз гардиши айём заволат нарасад,
Имрӯз ту, дирӯз ту, оянда туӣ.
***
Он ҷо, ки салоҳ нотавонӣ бошад,
Афсонаи бехудӣ «ҷаҳонӣ» бошад.
Зинҳор, забони тоҷикон давлатӣ нест,
То давлати тоҷикон забонӣ бошад.
***
Аз худ хабарам нест, маро ном мапурс,
Оғоз хуш омадаст, анҷом мапурс.
Роҳест ба умр, фурсате чун нафасе,
Лаб бар лаби хум ниҳодам, аз ҷом мапурс.
***
То чанд ҷафои ёру ағёр кашем?
То чанд зи рост гуфтан озор кашем?
Ин гуна, ки ҷурми мо бузург асту баланд,
Худро ба таноби каҳкашон дор кашем?
***
Имшаб, ки дилам дарун-дарун мегиряд,
Ҷонам зи ҳазор рахна хун
мегиряд.
Як қатраи ашкро ба дунё надиҳад,
Девона, ки аз
завқи ҷунун мегиряд.
Соли 1985-1990
Комментариев нет:
Отправить комментарий
Нигоҳи шумо!